МУТАХАССИСОНИ ҶАВОНРО ДАСТГИРӢ МЕБОЯД

Бартараф гардидани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва ҷалби ҳар чӣ бештари мутахассисони ҷавон ба фаъолият дар таълимгоҳҳо, ба тарзи дурусти коргузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва масъулини шуъбаи маориф вобастагии калон дорад, зеро тибқи қарордоди (шартнома)-и сеҷониба байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва шаҳрванд (донишҷӯ), уҳдадориҳои тарафҳо муайян карда шудааст. Тавре ки Файзуллохоҷа Амиров, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ин хусус иттилоъ дод:
— Маъмурияти донишгоҳ уҳдадориҳои ба зиммааш гузошташударо сари вақт иҷро мекунад. Тибқи қарордод ва дархост, мутахассиси ҷавонро барои кор ба ихтиёри мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мефиристанд. Дар се соли охир (2021-2023) донишгоҳро аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ 1072 нафар хатм намуданд, ки 252 нафарашон тибқи квотаи Президентӣ ба донишгоҳ дохил шуда буданд. Бояд қайд намуд, ки маъмурияти донишгоҳ нисбат ба 32 нафар мутахассиси ҷавон барои баргардонидани маблағи буҷети давлат аризаи даъвоӣ ба суди шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб пешниҳод намудааст, ки аз ин шумора 15 нафар мутахассиси ҷавон маблағи буҷети давлатро баргардониданд. Маъмурияти донишгоҳ дар солҳои 2021-2022, тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 749 нафар мутахассиси ҷавонро ба кор ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб фиристодааст. Аз ҷумла, ба шаҳри Кӯлоб 259 нафар, ноҳияҳои Фархор — 60, Ховалинг — 26, Восеъ — 134, Балҷувон — 24, Ш.Шоҳин — 54, Муъминобод — 81, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ — 55 ва Темурмалик – 29 нафар фиристода шудаанд. Аз шумораи 749 нафар фиристодашуда ба шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб 436 нафар ба ҷойи кор дар шаҳру ноҳияҳо ҳозир шудаанд, ки 58,2%-ро ташкил мекунад. Дар аксари шаҳру ноҳияҳо ба мутахассисони ҷавон барои ташкили хоҷагии ёрирасон, занбӯрпарварӣ, моҳипарварӣ ва парвариши гов қарзҳои имтиёзнок пешбинӣ шудааст, ки аз онҳо истифода намебаранд. Ҳолати ба мутахассисони ҷавон бе навбат ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хонаи иқоматӣ, боғдорӣ ва полезкорӣ низ ба талабот ҷавобгӯй нест. Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006. №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» тайи се соли охир ба 3142 нафар омӯзгори ҷавони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб замини наздиҳавлигӣ дода шудааст.
Дар ноҳияи Фархор аз соли 2007 то имрӯз 1880 нафар мутахассиси ҷавон барои замини наздиҳавлигӣ бо ариза ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат кардаанд, ки 372 аризаи омӯзгорони ҷавон қаноатбахш ҳал шудааст, яъне онҳо соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудаанд. Ҳар сол мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 80-100 нафар омӯзгори хоҳишманд барои кишту кор замини обӣ барои як сол ҷудо мекунад. Аз суҳбат бо мудири шуъбаи маорифи ноҳия Лутфулло Мирализода бармеояд, ки дар масъалаи гирифтани қарзи имтиёзнок то ба имрӯз 16 нафар мутахассиси ҷавон ба шуъбаи маорифи ноҳия муроҷиат намудаанд, ки ба ҳар кадоми онҳо то 6000 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст. Дар ноҳия соле аз рӯи имконоти мавҷуда ба 5-6 нафар омӯзгори ҷавон қарзи имтиёзнок дода мешавад. Дар ноҳияи Темурмалик аз соли 2007 то имрӯз 90 нафар мутахассиси ҷавон ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 48 нафар замини кишти зироатҳои полезӣ ва 60 нафар бо қарзи имтиёзнок таъмин шудаанд. Ҳар сол мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 8-10 нафар омӯзгори хоҳишманд барои кишту кор замини обӣ ҷудо мекунад. Аз суҳбат бо сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия Орзу Ҳамидов бармеояд, ки дар масъалаи гирифтани қарзи имтиёзнок мушкиле ҷой надорад. Дар ноҳия аз рӯи имконоти мавҷуда соле то 6 нафар омӯзгори ҷавон бо қарзи имтиёзнок таъмин мегардид. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб, ба иттилои сардори шуъбаи кадрҳои шуъбаи маорифи шаҳр, омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ мерасанд. Дар соли хониши 2022-2023, тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 210 нафар мутахассиси ҷавон, аз ҷумла, 17 нафар бо квотаи Президентӣ ба кор омаданд. То имрӯз 153 нафар хатмкунанда, 12 нафар бо квотаи Президентӣ ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2023 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро аз рӯи равияи омӯзгорӣ 323 нафар хатм намуданд ва тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб — 122, Фархор — 19, Восеъ — 39, Балҷувон — 14, Ш.Шоҳин — 31, Муъминобод — 31, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ — 23 ва Темурмалик — 10 нафар фиристода шудаанд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»,
шаҳри Кӯлоб