Тоҷикон аз халқҳои қадимтарин дар таърихи тамаддуни башар буда, басо рӯзгори фоҷиабор ва хунинро паси сар кардаанд. Вале ҳар бор чун мурғи самандар аз нав эҳё гашта, аз будани худ ба оламиён хабар додаанд.
Баъди ҳуҷуми араб абармарде чун Фирдавсӣ ба арсаи ҳунар омада, “Шоҳнома”-и безаволро рӯи кор овард. “Шоҳнома” урфу одат, расму русум, таърих, фарҳанг, забон ва осори ниёгонамонро ҳифз кард ва то ба замони мо расонд.
Дар ибтидои асри бист ин корномаро устод Айнӣ бо асари мондагори худ “Намунаи адабиёти тоҷик” бори дигар такрор кард ва мушти обдоре ба даҳони пантуркистон зад.
Соли 1971 дар нашриёти “Наука”-и Маскав асари безаволи “Тоҷикон” аз чоп баромад. Ин китоб то чоп ва баъди чоп атрофи худ сару садоҳои зиёде ба вуҷуд овард. Аллома Бобоҷон Ғафуров бо “Тоҷикон”-аш корномаи ҳаким Фирдавсӣ ва устод Айниро такрор намуд. Мухолифони асар ба Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунист, маҷаллаву рӯзномаҳои сиёсии ҳамон давру замон мактубу ариза ва тақризҳои манфӣ навишта, муҳтавои “Тоҷикон”-ро тавсиф бахшиданд.
Аммо ҳақиқат чун офтоб аст, ки бо доман пӯшида намешавад. Дар паҳнои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва тамоми олам бо номи миллат чоп шудани китоб як корномае ҷасоратмандона буд. Таърихи башар дар илми таърихнигорӣ чунин ҳодисаро ёд надорад.
Академик Бобоҷон Ғафуров барои исбот ва тақвияти фикри худ аз факту далелҳо, бо истинод аз маъхазҳо ва дигар китобҳои олимони ҷаҳонӣ, ҳафриёти бостонӣ хеле хуб истифода кардааст. Ҳангоми таълиф аз ду ҳазор адабиёти илмӣ ва таърихии олимони Шарқу Ғарб истифода бурдааст.
Бобоҷон Ғафуров ҷойи мавзеъҳои зиндагии ориёиҳо (тоҷикон) ва нахустин давлатҳоро муайян карда, байни дарёҳои Сир ва Омуро замини аҷдодии гузаштагони худ ва онҳоро сокинони таҳҷоии ин ҷо медонад. Муаллиф болои шоҳкори худ чун Фирдавсӣ сӣ сол заҳмат кашида, асари беназир ва шиносномаи миллатро эҷод намуд.
Устоди равоншод Лоиқ барҳақ гуфтааст:
Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.
Бо соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон, соли 1997 бо фармони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов ба аллома Бобоҷон Ғафуров унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Пешвои миллат дар асари худ “Чеҳраҳои мондагор” Пешвои миллат ба Бобоҷон Ғафуров боби алоҳидае бахшидаанд. Акси ин аллома дар рӯи пули миллӣ омадааст. Шаҳре дар вилояти Суғд ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба шарафи ӯ номгузорӣ шудааст. Дар саҳни бинои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ нимпайкараи Б.Ғафуров гузошта шудааст.
Ҳамчунин, бисёр хоҷагиҳо, муассисаҳои таълимӣ, кӯчаҳо дар саросари Тоҷикистон ба номи ӯ гузошта шудаанд.
Бо супориши Пешвои муаззами миллат як миллион нусха китоби “Тоҷикон” чоп гардида, ба ҳар хонаводаи кишвар туҳфа карда шуд. Ба муносибати 115 — солагии аллома Бобоҷон Ғафуров бо Амри Президенти ҷумҳурӣ озмуни ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ба тасвиб расид, ки даври аввали он ба дараҷаи баланд баргузор шуд. Имрӯз “Тоҷикон” китоби рӯимизии ҳар фарди тоҷик буда, берун аз Тоҷикистон низ шуҳрату шаҳомат дорад. Китоби мазкур бо чандин забони дунё тарҷума ва чоп шудааст.
Асар бо масъалагузорӣ, таҳқиқу пажуҳиш, таҳлилу муқоиса ва хулосаву ҷамъбаст дар сатҳи баланди илмию эҷодӣ таълиф ёфта, аз тарафи олимони собиқ Шуравӣ ва хориҷа баҳои баланд гирифтааст.
Муҳаққиқи халқҳои эронтабор, олими амрикоӣ Ричард Фрай қайд мекунад, ки агар дар бораи таърихи Осиёи Марказӣ китобе хонданӣ бошед, ман беҳтарин асар “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро тавсия медиҳам. Аллома ҳангоми таълифи асар аз ду ҳазор маъхази илмии тоҷикӣ, арабӣ, юнонӣ, англисӣ, олмонӣ ва дигар забонҳо истифода намудааст.
Ба асар олимони машҳури Шуравӣ, аз қабили Б. А. Литвинский, А. В. Сидоренко, А. Нарочнитски, А. П. Окладников, С. Толстов, Г. Ф. Ким, Б. Б. Пиотровский ва дигарон тақризҳои мусбат навишта, дар бонуфузтарин рӯзномаву маҷаллаҳои Иттиҳоди Шуравӣ чоп кардаанд. Олимони тоҷик Б. Искандаров, А. Мухторов, Х. Мирзозода, С. А. Раҷабов, М. Шакурӣ, А. Турсунов дар тақризҳои худ ба асар баҳои баланд ва ҳаққонӣ додаанд.
Бояд ҳар як ватандор, ҳар як тоҷик ба худ савол диҳад, ки ман кистам, аз куҷо омадаам, гузаштагони ман кистанд, ба куҷо ман равонаам. Посухи дақиқ ва равшану мушаххаси ин савол дар саҳифаҳои китоби “Тоҷикон” мавҷуд аст.
Ҳ. АЛИМЗОДА,
Ҳ. ОЛИМОВ,
омӯзгорони МТМУ №10, ноҳияи Айнӣ