ОБРО АЗ РӮШНОӢ КУН ҚИЁС…

Дар оғози асри XXI инсоният ба чунин дастовардҳое ноил гардид, ки то ин замон ба даст наоварда буд. Вале дар баробари дастовардҳои бузург инсоният ба чунин мушкилоте низ рӯ ба рӯ гашта истодааст, ки онҳоро на як шахсу як давлат дар алоҳидагӣ ҳал карда метавонад.
Мушкилот ва ё проблемаҳое, ки имрӯз дар назди ҷомеаи башарӣ қарор доранд, намегузоранд, ки ҳеҷ як давлати дунё нисбат ба онҳо бетарафӣ зоҳир намояд. Масъалаҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, аз қабили мушкилоти фоҷиаи Арал, терроризм, экстремизм, муаммои оби тоза, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилона ба ҳисоб мераванд. Мушкилоти асосии минтақа ҳамоно масъалаи идорасозии муштарак, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об ва ҳавзаҳои обӣ, инчунин, таъмини амният дар соҳаи об дар ҳавзаи баҳри Арал боқӣ мемонад. Зимнан, як силсила ислоҳоте, ки тибқи Декларатсияи дар соли 2009 батасвибрасондаи Сарони давлатҳо оғоз гардида буд, имконияти васеъ барои эҳёи ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи об фароҳам оварда бошад ҳам, барои татбиқи лоиҳаҳои дарозмуддат ва ба назари эътибор гирифтани манфиатҳои кулли кишварҳои минтақа шароити зарурӣ муҳайё нагардид. Мушкилоти бештари тезутунди марбут ба об дар минтақа инҳо мебошанд:
— камбуд (норасоӣ)-и афзояндаи об; олудагии аз меъёр зиёди обҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ; талафоти бузурги аз меъёр зиёди захираҳои об; таъминоти нокифояи аҳолӣ бо оби ошомиданӣ: низоъҳо зимни тақсимоти байнидавлатии захираҳои об; таҳдиди баитмомрасии захираҳои об дар натиҷаи афзоиши аҳолӣ, рушди иқтисодиёт ва тағйирёбии иқлим.
Дар доираи Даҳсолаи об тибқи қатъномаи МК СММ аз 21 декабри соли 2009 дар Рӯзи умумиҷаҳонии об дар шаҳри Ню-Йорк дар сессияи 64-уми МК СММ Гуфтугӯи интерактивии сатҳи олӣ ба хотири баррасии рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии об баргузор гардид. Дар конфронси байналмилалии сатҳи олӣ оид ба таҳлили умумии миёнамуҳлати рафти иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» аҳамияти ҳамкориҳои байнисарҳадӣ дар соҳаи об ҳамчун асос барои оқилона гардондани низоми идорасозии захираҳои об ва дастрасӣ ба ҳадафҳои рушд, ки ба мувофиқа ва ҳалли мушкилоти байналхалқӣ дар соҳаи об алоқаманданд, таъкид карда шуд.
Дар 6-умин Ҳамоиши ҷаҳонии об – 15-уми марти соли 2012 дар шаҳри Марсели Фаронса дар доираи сессияи аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ФБНА якҷо бо МИТ КБКХО баргузоршуда 7 самт ва афзалияти асосӣ, ки барои истифодабарии оқилонаи об дар Осиёи Марказӣ зарур буданд, муаррифӣ шуданд. Дар қатори онҳо зарурати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи идорасозии захираҳои оби дарёҳои байнисарҳадӣ бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои минтақа ба таври ҷиддӣ қайд ва таъкид шуда буд.
21-уми декабри соли 2012 Маҷмааи кулли СММ боз як ташаббуси глобалии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, аз тариқи консенсус Қатъномаи 65/154 «Татбиқи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013»-ро ба тасвиб расонд. Қатъномаи мазкур аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон дар СММ дар доираи банди 20 («Рушди босубот»)-и рӯзномаи Маҷмааи кулл таҳия ва муаррифӣ гардида, бо ризоияти 192 кишвари ҷаҳон ҳимоят ёфт.
Бояд таъкид кард, ки пешниҳоди эълони он бори нахуст аз ҷониби Пешвои миллати мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши 5-уми ҷаҳонии об дар Истанбул (соли 2009) ба ироа расида буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маърӯзаи худ дар Ҳамоиши 2-юми об барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором «Амнияти вобаста ба об ва таҳдиди фалокатҳои табиии марбут ба об» (шаҳри Чиангмай, Тайланд) ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, мамолики Осиёи Марказиро ба ҳамкории ҳамаҷониба ба хотири комёб шудан ба мақсадҳо дар соҳаи об даъват намуда, дар робита ба ин 5 мушкили марбут ба обро дар шароити Осиёи Марказӣ ҷудо намуд:
— тақсимоти нобаробари захираҳои об дар марзҳои минтақа; эҳтимоли камшавии захираҳои об дар давраҳои миёна ва дарозмуҳлат бар асари таъсироти равандҳои тағйирёбии иқлим; афзоиши истеъмоли об дар натиҷаи зиёдшавии шумораи аҳолӣ ва рушди иқтисодиёт; такроршавии бемайлони фалокатҳои табиии марбут ба об ва идомаи раванди аз байн рафтани баҳри Арал; ҳамкории нокифояи кишварҳои минтақа дар раванди ҳалли мушкилоти муҳимми гидроэнергетикӣ.
Мо, ҷавонон, бояд мушкилоти обро ҷиддан дарк намуда, дар ҳифзи неъматҳои экологии кишвар саҳмгузор бошем.

Азизҷон ХОЛИҚОВ,
донишҷӯи ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров