КОМЁБИҲОРО АФЗУН БОЯД КАРД

Гузориш аз ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
11 –уми июли соли ҷорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм, Эмомалӣ Насриддинзода – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Анушервон Амонзода – сармутахассиси Вазорати молия, Файзиддин Қурбонзода – намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Муҳаммадтоҳир Саидзода – директори Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Уктам Олимзода – муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилшод Иброҳимзода – муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввал ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф, кормандони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Оид ба фаъолияти вазорат дар давраи ҳисоботӣ вазири маориф ва илм суханронӣ кард. Раҳим Саидзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатдории муосири тоҷикон эълон кардаанд ва барои пешрафти соҳа пайваста иқдому ташаббусҳои созандаро амалӣ менамоянд.
Вазири маориф ва илм, ҳамчунин, иброз дошт, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ соҳаи маориф ба як зумра дастоварду муваффақиятҳо ноил гардидааст. Аз ҷумла, имсол теъдоди муассисаҳои томактабӣ ба 707 адад расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 адад зиёд аст. Шумораи тарбиятгирандагон дар ин муассисаҳо 102 525 нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба соли гузашта 1355 кӯдак зиёд мебошад.
Соли таҳсили 2022-2023 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3967 ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта як гимназия ва ду литсей зиёд аст.
Дар даври дуюми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 47 ҳазор нафар иштирок намуданд, ки ин шумора нисбат ба соли гузашта 9192 нафар бештар мебошад. Аз шумораи умумии довталабон 3506 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.
Дар асоси маълумоти сарраёсат, раёсат, шуъба ва бахшҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар чоряки чоруми соли таҳсили 2022-2023 муайян карда шуд, ки сифати таҳсилот дар маҷмуъ ба 51,3% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 99,8 % баробар мебошад.
Агар дар моҳи декабри соли 2022 дар назди 84 маркази таҳсилоти иловагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 61919 нафар таълимгиранда ба маҳфилҳо фаро гирифта шуда бошад, ин нишондод дар шаш моҳи соли 2023 ба 62 549 нафар расонида шуд, ки 630 нафар зиёд мебошад.
Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба маҳфилҳои беруназсинфию беруназмактабӣ 198 963 нафар хонандаро ташкил медиҳад, ки 9%-ро дар бар мегирад. Ин, албатта, қонеъкунанда нест.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи марказҳои таҳсилоти иловагӣ 198 озмун, 48 мусобиқа, 12 олимпиада, зиёда аз 60 семинар — машварат ва дигар чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ бо ҷалби падару модарон баргузор шуд.
Дар мавсими тобистони соли 2023 фаъолияти 1958 истироҳатгоҳ, бо фарогирии 178 671 нафар наврас ба нақша гирифта шудааст.
Яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф чопи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимии босифат барои тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шумор меравад. Ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мактабҳои Президентӣ, гимназия, литсейҳо барои хонандагони болаёқат, мактаб-интернатҳо барои кӯдакони ятим, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар нимсолаи якуми соли 2023 174 унвон адабиёти таълимию бадеӣ ба миқдори 3 миллиону 609 ҳазору 511 нусха таъмин карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 335 ҳазору 15 нусха зиёд аст. Айни замон 87 унвон адабиёти таълимӣ бо теъдоди 4 миллиону 800 ҳазор нусха дар дасти чоп қарор дошта, то оғози соли нави таҳсил дастраси хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гардонида мешавад.
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023, №АП-331 вобаста ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2023 дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чораҳои мушаххас роҳандозӣ гардида истодааст. Натиҷаи ҷамъбасти даври якуми озмун нишон дод, ки дар он ҳамагӣ 163 892 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 30 918 нафар ҳамчун ғолиб ба даври дуюми озмун роҳхат ёфтанд.
Мутобиқи низомнома нимаи дуюми моҳи май даври дуюми озмун дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо баргузор шуд, ки дар он 30 607 нафар иштирок намуданд. 4 721 нафар ғолиби даври дуюм гардиданд ва ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110 30 иштирокдор зиёд аст.
Ҳамчунин, тибқи талаботи низомнома даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» моҳи феврал дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот доир шуд. Дар даври якум 140 787 нафар иштирок намуда, 19 735 нафар ба даври дуюми озмун роҳхат гирифтанд. Тибқи талаботи низомнома даври дуюми озмун моҳи июн дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе) баргузор гардид.
Зинаи таҳсилоти олии касбӣ заминаи асосии неруи илмии кишвар ба ҳисоб меравад. Маҳз дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ мутахассисони ҳирфаӣ ва ҷавобгӯ ба бозори ҷаҳонии кор омода карда мешаванд.
Дар ин давра бо мақсади мутобиқ кардани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба талаботи замони муосир ва ба танзим даровардани фаъолияти онҳо 17 санади меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ таҷдиди назар ва таҳия гардида, барои тасдиқ ба ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шудааст, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли таҳсили 2022 6 санад зиёд мебошад.
Лоиҳаи 4 санади меъёрӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, лоиҳаи 3 санади меъёрӣ баъд аз баррасӣ дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи 1 санади меъёрӣ дар баррасии ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Инчунин, 1 санад дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Лоиҳаи 2 санади меъёрӣ таҳия ва барои мувофиқа ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ирсол гардидааст. 6 санади меъёрӣ бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм тасдиқ ва барои татбиқ ба муассисаҳои таълимӣ ирсол карда шуд.
Вазъи омода кардани хатмкунандагон аз рӯйи равия ва ихтисосҳои омӯзгорӣ низ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуд. Шумораи хатмкунандагони равия ва ихтисосҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 12 754 нафарро ташкил медиҳад, ки 4 217 нафари онҳо гурӯҳҳои буҷавиро хатм намудаанд.
Яке аз мушкилоти асосӣ дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ иҷрои нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ ҷиҳати дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар даври якум ва дуюм то 21.06.2023 ҳамагӣ 75 790 нафар довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз қайди Маркази миллии тестӣ гузаштаанд. Шумораи хатмкунандагони синфи 11 дар соли 2023 ҳамагӣ 107 410 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди аз қайд гузаштаҳо 70,5 фоизи шумораи умумии хатмкунандагонро ташкил намуд.
Таҳлили 7 соли ахир нишон дод, ки гарчанде дар соли 2016 84 628 нафар аз қайди Маркази миллии тестӣ гузашта, 78 327 нафар (92,5 фоиз) дар имтиҳонҳои дохилшавӣ иштирок намуда бошанд, дар соли 2022 аз 82 187 нафари аз қайди Маркази миллии тестӣ гузашта 68 628 нафар (83,50 фоиз) дар имтиҳонҳои дохилшавӣ иштирок кардаанд.
Тавре ки маълум гардид, сол то сол дарсади (фоизи) иштироки довталабони бақайдгирифта дар имтиҳонҳои дохилшавӣ кам шуда истодааст.
Таҳлили нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ нишон дод, ки баръакс нақшаи қабули довталабон сол то сол зиёд мегардад. Масалан, дар соли таҳсили 2021-2022 ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ 104 066 ҷой (62 564 олии касбӣ, 41 502 миёнаи касбӣ) ҷудо гардида бошад, пас дар соли таҳсили 2023-2024 ин шумора ба 118 788 ҷой (70 955 олии касбӣ, 47 833 миёнаи касбӣ) расидааст.
Тавре ки маълум гардид, дар соли 2023-2024 тибқи нақшаи қабули довталабон, барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, дар маҷмуъ, 118 788 ҷой ҷудо гардидааст. Теъдоди умумии хатмкунандагони синфҳои 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар дар соли 2023 бошад, 107 410 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин давра озмуни довталабони квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 61 шаҳру ноҳияи кишвар баргузор гардид.
Мутаассифона, дар даври ҷумҳуриявии озмун 17 ҷой аз шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истаравшан, Файзобод, Нуробод, Тоҷикобод ва Балҷувон холӣ монд. Иҷро нагардидани ҷойҳои ҷудошуда, асосан, марбут ба ихтисосҳои равияҳои омӯзгорӣ, фарҳанг ва санъат мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷамъбасти олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳти унвони «Пояи давлат намонад бе маориф устувор…» баргузор карда шуд.
Дар кори олимпиада 437 нафар донишҷӯ аз рӯйи 14 фанни таълимӣ миёни худ сабқат намуданд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 5340 нафар кадри дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 865 (16,2%) нафар доктори илм (аз ин 131 нафар занон 15,14% ), 4370 нафар номзади илм ва 105 нафар доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.
Теъдоди олимони ҷавони то 35-солаи дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар кишвар ҳамагӣ 740 нафар (аз ин 177 нафар занон (24%)) –ро ташкил медиҳад. Синну соли миёнаи докторони илм 65 — сола, номзадоҳои илм 51-сола ва доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос 32-сола мебошад.
Дар соли 2023 тибқи маълумоти омории дастрасгардида дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 312 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 68 138 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 30 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муасисаҳои таълимӣ барои 8632 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шуд.
Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ 12 кабинети методии шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, 39 муассисаи таълимии томактабӣ ва 27 Маркази инкишофи кӯдакро бо мақсади расонидани кумаки методӣ мавриди омӯзиш қарор дода, ба зиёда аз 90 мудир, сармураббӣ, мураббӣ ва омӯзгор – мураббӣ кумаки методӣ расонид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 31 нафар зиёд аст.
Бори аввал “Тартиб ва шакли аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шуд. Инчунин, Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024 ва солҳои минбаъда дар шакли маҷмуа таҳия гардид, ки низоми ягонаи истифодаи соатҳои таълимиро дар тамоми намуди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба танзим медарорад.
Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки назорати дохилимактабӣ дар як қатор таълимгоҳҳо суст ба роҳ монда шуда, сатҳу сифати дониши хонандагон аз фанҳои таълимашон равиявӣ қонеъкунанда нест. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Ҳисор тартиби ба равияҳо ҷудо кардани хонандагони синфҳои 7-9 тибқи талабот набуда, теъдоди зиёди омӯзгорон ҳанӯз ҳам ғайриихтисос дарс медиҳанд. Сифати дониши хонандагон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва дақиқ низ ба талабот ҷавобгӯ нест.
Иҷрои «Барномаи давлатии таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» дар муассисаҳои таълимии раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нишон дод, ки аз 2136 озмоишгоҳи таълимӣ ва кабинетҳои фаннии ба нақша гирифташуда танҳо 267 адад (12,5%) кабинет харидорӣ карда шудааст, ки боиси нигаронист.
Дар шаш моҳи соли 2023 тамоми чорабиниҳои дастгоҳи марказии вазорат тавассути расонаҳои дохиливу хориҷӣ инъикос шуда, ҳамзамон, бо иштироки кормандон 33 гузоришу барномаи радиоӣ ва 96 гузоришу барномаи телевизионӣ вобаста ба масъалаҳои соҳаи маориф ва илм таҳия ва пешниҳоди аҳолӣ гардонида шудааст.
Инчунин, дар ин давра ба 8 матлаб вокуниш омода ва ба идораи нашрияҳо ирсол гардида, нусхаи вокунишҳо дар сомонаи расмии вазорат низ ҷой дода шуданд.
Фаъолияти сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон — www.maorif.tj дар давраи ҳисоботӣ ҷоннок гардида, маводи зиёде бо забони тоҷикӣ, забони русӣ ва бо забони англисӣ вобаста ба паҳлуҳои гуногуни соҳаи маориф нашр шуд.
Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ нашрияҳои соҳавии вазорат- нашрияи «Омӯзгор», нашрия барои кӯдакон ва наврасон – «Пайрав», маҷаллаҳои «Маърифати омӯзгор», «Маорифи Тоҷикистон» ва «Русский язык и литература в школах Таджикистана» низ фаъолияти хуб намуда, дар доираи дастуру супоришҳои ба зиммадошта як қатор корҳоро ба сомон расониданд.
Аммо ягона мушкилоте, ки то ҳол ҳалли худро наёфтааст, иҷро нашудани нақшаи обуна аз ҷониби баъзе шаҳру ноҳияҳо мебошад. Таҳлилҳо оид ба ҷараёни обунашавӣ ба маҷаллаҳо нишон медиҳанд, ки бархе шаҳру ноҳияҳо барои ҳисобот 1-моҳа, 3-моҳа ва 6-моҳа обуна мешаванд ва пас аз нимсолаи аввал шумораи обуна ба таври чашмгир коҳиш меёбад.
Обуна ба нашрияи «Омӯзгор» дар миқёси ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ, 71%-ро ташкил дода, нақшаи обуна дар шаҳри Роғун 20%, ноҳияҳои Сангвор 20.8%, Мурғоб 20%, Шаҳритус 14,3% ва Н. Хусрав 23.3% иҷро гардидааст. Обуна ба маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” дар миқёси ҷумҳурӣ 62.2%-ро фаро гирифта, дар ноҳияҳои Лахш 0%, Нуробод 10.9%, Сангвор 20% ва Рашт 35%-и обуна иҷро шудааст. Обуна ба маҷаллаи «Русский язык и литература в школах Таджикистана», дар умум, 65% иҷро шуд. Ба обунаи маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» баъзе ноҳияҳо хунукназарона рафтор намуда, ба ягон шумораи маҷалла обуна нашудаанд. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Роғун, Ҷайҳун, Шаҳритус ва Носири Хусрав иҷрои обуна 0%-ро ташкил медиҳад. Инчунин, дар шаҳри Панҷакент обуна танҳо 22% иҷро шудааст.
Дар фарҷоми суханронӣ Раҳим Саидзода қайд намуд, ки истиқлол ва сулҳу ваҳдати миллӣ ифтихору сарбаландии ҳар фарди ватандӯст, бахусус, кормандони соҳаи маориф ва илм, хонандагону донишҷӯён ва наврасону ҷавонон мебошад. Бинобар ин, бояд ба қадри ин неъматҳои бебаҳо бирасем ва дар таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи амнияти миллӣ саҳмгузор бошем. Зеро маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу Ваҳдати миллӣ ва ғамхориву дастгирии пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои маориф ва илми кишвар ба таври чашмрас ва назаррас рушду инкишоф ёфтанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар иҷрои вазифаҳои хеш боз ҳам масъулияти бештар эҳсос намуда, наврасону ҷавононро ба омӯзиши васеи илмҳои бунёдӣ роҳнамоӣ карда, дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ба камол бирасонем.
Дар қисмати музокираҳои ҷаласа суханронии М.Холиқзода – директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Ҷ. Давлатзода – директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор ва Ш. Қонунзода – мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ шунида, аз ҷониби онҳо фаъолияти шашмоҳаи Вазорати маориф ва илм қаноатбахш ҳисоб карда шуд.
Эмомалӣ Насриддинзода – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа иброз дошт, ки дар баробари ҳамаи дастоварду мушкилоти ҷойдошта моро зарур аст ду масъалаи асосӣ — таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ботаҷрибаву дорои тахассус ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус зоҳир намоем. Ҳалли масъалаҳои мазкур ва рафъи мушкилоти ҷойдошта, ки тамоми фаъолияти соҳаи маориф ба онҳо вобастагии ҷиддӣ дорад, вазифаи ҷонии кормандони соҳа ба шумор меравад.
Дар охир миёни ҳозирин муколамаи афкор сурат гирифта, иштирокдорон фикру мулоҳизаҳои худро ироа намуданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон