ШАҲРИ ҲИСОР: АЗ ХУБ БА ХУБТАР ШИТОБЕМ

Мусоҳиба бо мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор Беҳзод Баротзода
– Муаллими муҳтарам, тавре ки маълум аст, ҳоло дар муассисаҳои таълимии кишвар таъмиру тармим бомаром идома дорад. Мехостем дар оғоз дар хусуси раванди таъмир дар таълимгоҳҳои ҳудуди шаҳр иттилоъ медодед.
– Масъалаи мазкур имрӯзҳо дар мадди назари шуъбаи маориф қарор дорад. Дар шаҳр таъмиру тармими бинои мактабҳо оғоз гардида, вусъат пайдо кардааст. То ҳол 75-80 дарсади қисмати дохилии биноҳои муассисаҳои таълимӣ бо кумаку дастгирии шахсони саховатпеша, падару модарон, маблағҳо аз ҳисоби даромади ҳосили заминҳои наздимактабӣ аз таъмир бароварда шудаанд. Ҳамчунин, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аз ҳисоби буҷет маблағҳои зарурӣ дар ин самт ҷудо карда шудаанд. Тибқи нақша таъмири қисмати берун ва саҳни таълимгоҳҳо то 1 август ба анҷом расонида хоҳанд шуд.
– Ҳамасола ба кор ҷалб намудан ва таъмини таълимгоҳҳо бо омӯзгорони ҷавон яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ ба шумор рафта, мутахассисоне, ки тоза донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳуриро хатм кардаанд, аз имтиёзҳои муқарраргардида бархурдор мешаванд. Дар ин бобат аз ҷониби шуъбаи маорифи шаҳр чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?
– Воқеан, шуъбаи маориф масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони ҷавонро дар соли хониши 2023-2024 таҳлил намуда, ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ барои 110 нафар омӯзгор дархост пешниҳод кард. Аз ҳисоби хатмкардагони донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии омӯзгорӣ 86 нафар мутахассиси ҷавон ба мактабҳо ҳозир шуда, бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Шуъбаи маориф доир ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ҳамасола корҳои муайянеро ба иҷро мерасонад. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 8 мутахассиси ҷавон барои гирифтани қарзи имтиёзнок ва 5 нафар бо мақсади соҳиби замини наздиҳавлигӣ гардидан ба шуъбаи маориф муроҷиат намуданд. Дар ин хусус аз ҷониби шуъба ба мақомоти масъули иртиботманди шаҳр дархост пешниҳод гардид.
Мо тамоми кӯшишу талошамонро ба он равона карда истодаем, ки таълимгоҳҳои шаҳр бо кадрҳои омӯзгорӣ ва роҳбарикунанда ба таври мукаммал таъмин карда шаванд. Дар масъалаи баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, моҳҳои феврал-марти соли равон дар панҷ комиссияи аттестатсионӣ маводи аттестатсионии муассисаҳои таълимӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Комиссияи аттестатсионӣ пас аз бардошту натиҷагирӣ ба 256 омӯзгор тахассуси дараҷаи 2-юм, ба 651 нафар тахассуси дараҷаи 1-умро сазовор дониста, маводи 416 омӯзгорро барои дарёфти тахассуси дараҷаи олӣ ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод намуд.
– Аз ҷониби шуъбаи маориф корҳои методӣ ва бозомӯзии омӯзгорон чӣ тавр ба роҳ монда шудааст? Оё дар самти ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифта шудани омӯзгорон мушкилот вуҷуд доранд?
– Соли ҷорӣ аз тарафи кабинети методии шуъбаи маориф дар асоси нақшаи корӣ ба маъмурият ва ҳайати омӯзгорони 69 муассисаи таълимӣ ёрии методӣ расонда шуда, таҷрибаи педагогии 23 нафар омӯзгори соҳибтаҷрибаву муваффақ ва 1 нафар мураббияи кӯдакистон омӯхтаву ҳамчун мактаби таҷрибаи пешқадам тавассути маҷаллаи «Маорифи Ҳисор» тарғиб ва паҳн карда шуд. Дар асоси нақша, соли ҷорӣ 506 нафар омӯзгор ва раҳбарони муассисаҳои таълимӣ ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ҷалб карда шуданд. Бояд зикр намуд, ки моҳи март даври якуми озмуни «Омӯзгори сол» дар муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид, ки аз рӯйи 8 фанни таълимӣ омӯзгорон дар озмун ширкат варзида, 24 нафар ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври шаҳрии озмун омӯзгори забони англисии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 Фарзона Сайфиддинова пирӯзӣ ба даст оварда, дар даври минтақавӣ соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардид. Ҳоло дар қаламрави шаҳр дувоздаҳ мактаб ҳамчун «муассисаи таълимии такягоҳӣ» фаъолият мекунад.
– Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» қабул гардидааст. Мегуфтед, ки таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабии шаҳр дар кадом сатҳ ба роҳ монда шудааст?
– Дар ҳудуди шаҳр дар 11 муассисаи таълимии томактабӣ, ки 7-тои он давлатӣ ва 4-тои он шахсӣ мебошад, дар 51 гурӯҳ 1670 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Ҳамчунин, дар шаҳр 16 маркази инкишофи кӯдак амал мекунад, ки 520 кӯдак ба ин марказҳо фаро гирифта шудаанд. Бояд таъкид кард, ки дар нимсолаи аввали соли равон муассисаҳои томактабии №3 ва 8 тибқи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон баҳри густариши сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз таъмири фарогир бароварда шуда, дар ҳамин замина, мутобиқи барномаи зикршуда, таъмири муассисаҳои томактабии рақамҳои 1,2,4,6 ва 7 ба нақша гирифта шудааст. Хотиррасон бояд кард, ки ба сабаби зиёд гардидани талабот ба фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ 590 кӯдак дар кӯдакистонҳои шаҳр дар навбат қарор доранд. Дар ин давра озмуни «Мураббии сол» баргузор шуд, ки дар даври аввал 26 нафар мураббӣ сабқат намуда, 7 ғолибони даври аввал барои иштирок дар даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври минтақавӣ мураббияи муассисаи томактабии №8 «Лола» Фариза Ғафурзода ғолиб баромада, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфт. Зикр бояд кард, ки масоили ҳалталаб, аз қабили норасоии воситаҳои аёнӣ ва таҷҳизот дар баъзе аз муассисаҳои томактабӣ ба мушоҳида мерасад. Аз ин хотир, шуъбаи маориф тасмим гирифт, ки баҳри баланд бардоштани кори таълиму тарбия ва дар сатҳи созгор ба талаби замон ба роҳ мондани таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои томактабӣ аз тамоми имконот самаранок истифода намояд. Ҳамзамон, талаби волидонро ба эътибор гирифта, зиёд намудани шумораи гурӯҳҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таъсиси кӯдакистонҳои нави хусусӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ бояд оғоз карда шаванд.
– Таъмини кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ бо асбобу воситаҳои техникӣ, маводи физикавию химиявӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр дар кадом вазъ қарор дорад? Барномаи компютерикунонии таълимгоҳҳо чӣ тавр амалӣ гардида истодааст?
– Мувофиқи «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» дар таълимгоҳҳои ҳудуди шаҳр муҷаҳҳаз гардонидани 247 кабинети фаннӣ ва 3 озмоишгоҳи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Бояд зикр намуд, ки кабинетҳои фаннии таълимие, ки дар аксари таълимгоҳҳо аз фанҳои химия, биология, география, забонҳои русӣ, англисӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, технологияи меҳнат мавҷуданд, ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда, васоити аёнӣ дар онҳо дар ҳолати корношоям қарор доранд ва барои таҷдиду муҷаҳҳазгардонии онҳо маблағҳои зиёде лозим аст. То имрӯз 2 озмоишгоҳи фанни физика ва 25 кабинети фаннӣ бо маблағи 623319 ҳазор сомонӣ таҷҳизонида шудаанд. Дар тӯли шаш моҳи соли равон 175 компютер, 2 тахтаи электронӣ, 1 видеопроектор ва 31 принтер аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳр харидорӣ ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонда шудааст. Ҳамчунин, дар МТМУ №5 8 компютери замонавӣ (моноблок) бо маблағи 85000 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои дохилии таълимгоҳ ва 1 синфхонаи лингофонӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва 17 компютер ба маблағи 126 ҳазор сомонӣ харидорӣ шудааст. Чунин далелҳоро зиёд метавон овард.
Дар шуъбаи маориф ҷиҳати татбиқи «Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ барои давраи то соли 2040» компютерҳо ба шабакаи дохилӣ пайваст шуда, сомонаи шуъба фаъол аст.
– Иштироки хонандагони муассисаҳои таълимиро дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои гуногун, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» чӣ тавр арзёбӣ мекунед?
– Дар даври минтақавии олимпиадаи фаннӣ аз муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 400 нафар довталаб аз шумули хонандагони синфҳои 5-11 иштирок намуданд. Дар даври шаҳрӣ хонандагони муассисаҳои таълимӣ сазовори 195 ҷойи якум, дуюм, сеюм ва 96 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Пас аз даври минтақавӣ 287 нафар хонандаи шаҳр ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд, ки аз онҳо 106 нафар соҳиби ҷойҳои аввал шуданд ва дар миқёси ҷумҳурӣ, дар радифи даҳгонаи беҳтарин шаҳру ноҳияҳо қарор гирифтанд. Ба даври минтақавии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 57 нафар роҳхат гирифтанд. Ба даври минтақавии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» 117 нафар роҳхат ба даст оварданд. Дар озмуни «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» низ шогирдони мо иштироки фаъолона доранд.
– Аз мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ, таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, харидории компютерҳо ва дигар корҳо хеле намоён мебошад. Ҳамин масъаларо муфассалтар тавзеҳ медодед.
– Воқеан, дар рушду пешрафти маорифи шаҳр саҳми соҳибкорони ҳимматбаланд назаррас буда, маҳз бо кумаки онҳо соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 12 бинои нави муассисаи таълимӣ дар ҷамоатҳои Деҳқонобод, Мирзо Турсунзода, Хонақоҳи Кӯҳӣ, Ориён, Дурбат, Алмосӣ, Мирзо Ризо бунёд карда шавад. Аз ҳисоби соҳибкорон дар ҳамдастӣ бо сокинони деҳот дар назди 14 муассисаи таълимӣ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, Алмосӣ, Ҳисор, Шарора, Дурбат, Сомон, Мирзо Турсунзода бомаром идома дорад. Ҳамчунин, бо иқдоми соҳибкорон сохтмони бинои кӯдакистонҳо дар Ҷамоати деҳоти Ҳисор ва шаҳраки Шарора шуруъ гардидааст. Бунёди биноҳои нави муассисаҳои таълимии №№11, 44, 89, 61, 65 ва ду муассиса аз ҳисоби маблағгузории Фонди Саудии Рушд, лоиҳаи КАСА-1000 ва Вазорати маориф ва илм ба нақша гирифта шудааст.
– Аз нигоҳи шумо, фаъолияти муассисаҳои таълимии шаҳр дар татбиқи «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши фанҳои забонҳои англисӣ ва русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» дар кадом поя қарор дорад?
– Аввалан, бояд таъкид кунам, ки таълимгоҳҳои шаҳр бо омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ таъмин мебошанд. Соли ҷорӣ 14 омӯзгори забони русӣ ва 11 омӯзгори забони англисӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд. Дар 92 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 24 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, дар гимназияву литсейҳои шаҳр кабинетҳои забонҳои русӣ ва англисӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд, ки дорои маводи фаровони методӣ мебошанд. Ҷиҳати омода намудани мутахассиси фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ, шуъбаи маориф бо донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор пайваста робитаву ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Дар шуъбаи маорифи шаҳр тибқи фармоиши мудири шуъба комиссияи татбиқи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» таъсис дода шудааст. Раванди татбиқи барнома дар муассисаҳои таълимӣ дар асоси нақша санҷида шуда, оид ба ислоҳи норасоиҳо тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

Суҳбатороён
Шодӣ РАҶАБЗОД,
Салима МӮСОЕВА,
«Омӯзгор»