«БОБУНА»-И ОРОСТА

Дар шаҳри Левакант 3 муассисаи давлатии таълимии томактабӣ ва як муассисаи хусусии томактабии «Нигина» фаъолият дорад.
– Дар муассисаи давлатии таълимии томактабии №3, ки номи «Бобуна»-ро дорад, 175 нафар кӯдаки аз 2 то 7 – сола дар чор гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, – гуфт дар суҳбат мудири кӯдакистон Раҷабгул Насриддинова.
Мураббиҳои кордону ботаҷриба тавассути машғулиятҳои шавқовару пурмазмуни «Суробсозӣ», «Расмкашӣ», «Асрори табиатро меомӯзем», «Тоҷикистон – кишвари зебоманзар», «Риёзидон», «Тоҷикистон – кишвари бачагони хушбахт» кӯдаконро ба дунёи рангину афсонавӣ раҳнамун мешаванд.
96 нафар кӯдак дар 4 гурӯҳи омодагӣ ба мактаб забонҳои русӣ ва англисиро меомӯзанд.
Омӯзгорони ин забонҳо дар байни гурӯҳҳо озмуни «Забондони беҳтарин»-ро баргузор карданд ва ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Дар ҳавлии кӯдакистон ҳавзи калону зебо сохта шудааст, ки гирду атрофи онро дарахтони мевадору сояафкан иҳота кардаанд. Кӯдакон дар рӯзҳои гарми фасли тобистон аз он истифода мебаранд.
Соли гузашта боми муассиса бо маблағи 280 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои захиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз нав сохта шуд.
Бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ талабот ба муассисаҳои таълимии томактабӣ меафзояд, вале муассисаҳои мавҷуда шароиту имкони фарогирии бештари кӯдаконро надоранд.
Аъзам БОБОЕВ,
рӯзноманигор