5-уми июли соли ҷорӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти ин ниҳод дар шашмоҳаи якуми соли 2023 баргузор гардид.
Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода оид ба фаъолияти агентӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда суханронӣ намуд.
М. Саидзода зикр намуд, ки дар агентӣ ба ғайр аз 8 раёсату шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, инчунин, 8 раёсату шуъба дар минтақаҳо фаъолият менамоянд, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 тибқи нақшаи корӣ 581 масъала оид ба натиҷаи аттестатсияи давлатӣ дар мушовараи дастгоҳи марказӣ ва шурои раёсату шуъбаҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон, дар асоси дархости муассисаҳои таълимӣ 262 масъала оид ба натиҷаи аккредитатсияи давлатӣ, 134 масъала оид ба иҷозатномадиҳӣ, 16 масъала оид ба натиҷаи санҷиши сифати таҳсилот, 3 масъала оид ба азнавбарасмиятдарорӣ, 5 масъала оид ба боздошт ва қатъи амали иҷозатнома ва 11 масъалаи дигар оид ба иҷрои босифат ва саривақтии бандҳои нақшаи чорабиниҳо вобас-та ба дастуру пиешниҳодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», оид ба риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар зинаи таҳсилоти томактабӣ 90 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 68 муассисаи таълимӣ ба муҳлати 5 сол ва 10 муассисаи таълимӣ ба муҳлати 2 сол аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуданд.
Ҳамчунин, ба 10 муассисаи таълимӣ иҷозатнома дода, фаъолияти 2 муассисаи таълимӣ қатъ карда шуд.
Дар ин давра тибқи нақша 449 муассисаи таълимӣ аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида, аз ҷумла, ба 393 муассиса иҷозатнома ба муҳлати 5 (панҷ) сол ва ба 56 муассисаи таълимӣ бинобар сабаби шартан аз аттестатсия гузаштан иҷозатнома ба муҳлати 2 (ду) сол дода шуд.
Фаъолияти 1 муассисаи таълимӣ аз нав ба расмият дароварда, фаъолияти 2 муассисаи таълимӣ қатъ карда шуд.
Дар рафти ҷаласа, инчунин, сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдусаттор Саидов, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сайфиддин Давлатзода, сардори шуъбаи ҳунармандӣ ва таълими калонсолони раёсати таҳсилоти ибтидоӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муталлиб Ормонов, раиси Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ Зоир Ғафурӣ суханронӣ карда, фаъолияти шашмоҳаи агентиро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Дилдода МӮСОЕВА,
«Омӯзгор»