Дар тарбияи фарзандон бемасъулиятии волидайн ба нохушиҳои зиёд меорад. Фақат равобиту ҳамкории мустаҳками омӯзгорон ва падару модарон метавонад нуқсонҳои мавҷудаи тарбияи оилавиро ба маҷрои дуруст равона кунад. Падару модарон марому мақсади корҳои тарбиявии мактабро бояд дуруст дарк кунанд. Инчунин, волидайн ва муассисаи таълимӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ҳамеша сармашқи кори худ намоянд. Ҳадафи асосии инкишофи ҳамаҷонибаи хонанда на фақат ба корҳои таълимӣ, балки ба тарбияи ахлоқӣ, эстетикӣ ва ҷисмонии насли наврас вобастагӣ дорад.
Мактаб сарчашмаи илму дониш ва макони маърифатбахши ҷомеа мебошад. Ба мактаб ҷалб намудани хонандагон вазифаи аввалиндараҷаи мо, омӯзгорон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон аз ин лиҳоз чунин таъкид кардаанд: «Агар ҳадафи мо бунёд кардани ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бошад, бояд бо дастаҷамъӣ рӯй ба ҷониби мактабу маориф оварем. Зеро ояндаи ҷумҳурӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ваҳдати миллӣ аз мактаб сарчашма мегирад».
Инчунин, педагог ва руҳшиноси машҳур Лев Семёнович Виготский чунин шуморад, ки: «таълим ва ташаккули ҳамаҷонибаи хонанда бо ҳам алоқаманданд. Хонанда танҳо он вақт дуруст рушд менамояд, ки ба таҷрибаву малака ва маҳорату қобилияти доштааш дониш ва малакаву маҳоратҳои нав ба навро тавассути омӯзиш зам менамояд ва ба таври васеъ нишон медиҳад. Ҳар кору фаъолияте, ки хонанда аз рӯи фаҳму идрок ва қобилияташ иҷро менамояд, ба инкишофи ӯ мувофиқат мекунад».
Омӯзгори соҳибтаҷриба хусусиятҳои фардии шогирдонашро омӯхта, раванди таълиму тарбияро дуруст ба роҳ мемонад, ки ин фаъолияти зеҳнии онҳоро ташаккул медихад.
Таълиму тарбияи шогирдон дар замони имрӯза, ки асри тараққиёти илму техника аст, кори саҳл нест. Хонандагон ба воситаи шабакаҳои интернетӣ ва навигариҳое, ки дар олам рӯй медиҳанд, ҳар рӯз бохабар мешаванд. Онҳо метавонанд ба бисёр суолҳои худ ҷавоб гиранд. Бино бар ин, омӯзгоронро лозим аст, ки бисёр омӯзанд, то ки ба саволҳои шогирдон ҷавоби мушаххас дода, нуфузи худро дар назди онҳо нигоҳ доранд.
Нақши роҳбари синф низ дар ташаккули хонанда хеле муҳим аст. Омӯзгорро хонанда аз нигоҳи худ шахси доно ва зебою бомаърифат мешиносад ва аз оғоз бо тамоми ҳастиаш ӯро дӯст медорад ва эҳтиром менамояд.
Омӯзгорӣ касби пуршарафу масъулиятнок мебошад. Барои ба номи пурифтихори омӯзгор сазовор будан омӯхтан ва эҷодкорӣ кардан, баҳри таълиму тарбияи дурусти шогирдон ҷонфидо будан лозим аст.
Аз ин лиҳоз, барои беҳтар ва хубтар шудани донишу тарбияи хонандагон робитаи оила, муассисаи таълимӣ ва роҳбари синф хеле муҳим аст.
Дилрабо АБДУРАҲМОНОВА,
омӯзгори мактаби №13,
ноҳияи Лахш