ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА РУШДИ МАҲОРАТИ ОМӮЗГОРОН

(Мусоҳиба бо ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Ҷамшед Намоззода)
– Муҳтарам Ҷамшед Намоззода, дар оғоз мехостем, моҳияту ҳадафи такмили ихтисос ва рисолати Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифро тавзеҳ медодед.
– Воқеан, такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф яке аз қисмҳои муҳимми системаи таҳсилоти миллӣ ба шумор рафта, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва маҳорати касбии омӯзгорону кормандони соҳа нақши муҳим дорад. Зеро тавассути такмили ихтисос омӯзгорону дигар кормандони соҳа метавонанд таҳсилоти базавии худро тақвият бахшида, ба муҳити нави иқтисодию иҷтимоӣ ва талаботи нави истеҳсолию иҷтимоӣ мутобиқ шаванд ва бо ҷомеа ҳамқадам гардида, ҷараёни таълиму тарбияро вобаста ба талаботи замон ба роҳ монанд. Рушди муттасили малакаю маҳорати касбии омӯзгорон яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимми фаъолияти Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он ба ҳисоб рафта, мунтазам таҷдиди назар кардани нақша ва барномаҳои таълимӣ вобаста ба мазмуни таҳсилот, пешрафту тағйироти соҳа ҷиҳати ҷавобгӯ ба талаботи замон ба роҳ мондани раванди таълим мусоидат менамояд. Дар раванди татбиқи ислоҳот дар соҳаи маориф низоми такмили ихтисоси омӯзгорон мукаммал гардонида шуда, самаранокии курсу семинарҳо аз нигоҳи мазмуну мундариҷа таъмин карда мешаванд.
Бо мақсади таъмини татбиқи Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2021-2023-и Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳалаи якум, 16-18-уми марти соли равон дарсҳои озмоишии онлайнӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва педагогика барои омӯзгорони шаҳри Турсунзода ва дарсҳои математика, забони русӣ, табиатшиносӣ дар заминаи МТМУ №65-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, ки дар онҳо роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба тариқи маҷозӣ пайваст шуданд. Ҳамзамон, кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф моҳи майи соли ҷорӣ бо фарогирии 120 нафар дар заминаи Донишкада ва филиалҳои он аз курсҳои озмоишӣ (6 курс) дар шакли маҷозӣ (фосилавӣ) гузаронида шуданд. Барои омӯзгорони фаннӣ бошад, чунин курсҳои озмоишии фосилавӣ ташкил карда шуд, ки дар он 148 нафар иштирок намуданд.
– Корҳои таълимию методӣ, ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани омӯзгорону устодон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар донишкада чӣ тавр ба роҳ монда шудаанд? Оё ин масъала ба талаботи замон созгор аст?
– Бояд зикр намуд, ки фаъолияти асосии донишкада ба баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорону кормандони соҳаи маориф, самаранок ба роҳ мондани курсу семинарҳо, дарёфт, омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, расондани ёрии амалии методӣ ба сохторҳои раёсату шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ, иштирок дар чорабиниҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти филиалҳои он равона шудааст. Дар сохтори муассиса шуъбаи фосилавӣ ва бозомӯзӣ, бахшҳои мониторинги сифати таҳсилот ва забономӯзӣ таъсис дода шуданд. Тибқи Нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсус дар Донишкада ва филиалҳои он курсҳои баланд бардоштани маҳорати касбӣ доир карда шуданд. Нақшаи ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ҷалб намудани дар Донишкада ва филиалҳои он дар соли равон дар маҷмуъ, 97 фоизро ташкил медиҳад. Дар филиали донишкада дар шаҳри Бохтар 2587 нафар омӯзгор ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта шуданд, ки ин 98,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар филиали донишкада дар шаҳри Кӯлоб 1636 нафар дар курсҳои мазкур иштирок карданд, ки ин ба 99,7 фоизи нақша баробар мебошад. 605 нафар ба курсҳои такмили ихтисос дар филиали донишкада дар шаҳри Хоруғ ҷалб гардиданд, ки 84 фоизро дар бар мегирад. Дар филиали донишкада дар шаҳри Хуҷанд 4301 нафар омӯзгор (баробар ба 98 фоизи нақша) ва филиали муассиса дар шаҳри Душанбе 1255 нафар дар курсҳои зикршуда ширкат намуданд, ки 102,4 фоизро фаро мегирад. Бо вуҷуди дастрас будани нақшаи баргузории курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсус ба тамоми раёсату шуъбаҳои маориф иловатан мактуб аз ҷониби раҳбарияти Вазорати маориф ва илм ба унвони мутасаддиёни навоҳии Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш ирсол гардида бошад ҳам, мутаассифона, ин ноҳияҳо мувофиқи нақша иштироки шунавандагонро ба курсҳо таъмин накарданд. То ин дам ноҳияҳои Рӯдакӣ нақшаро 76 фоиз, Нуробод 76 фоиз, Сангвор 69 фоиз, Рашт 71,4 фоиз ва Тоҷикобод 69,6 фоиз иҷро кардаанду халос. Таҳлили нақшаи фарогирии омӯзгорону кормандони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳо ба курсҳои такмили ихтисос собит месозад, ки шаҳру ноҳияҳои Истиқлол (40 фоиз), Дарвоз (42 фоиз), Ишкошим (42 фоиз) ва Кӯҳистони Мастчоҳ (64 фоиз) нақшаро камтар аз 70 фоиз иҷро кардаанд, ки боиси нигаронии ҷиддист. Ҳамзамон, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 9 курси такмили ихтисос барои омӯзгорони муассисаҳои таълимии хусусии «Ҳамадон», МДТ «Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе», муассисаи таҳсилоти ғоибонаи калонсолон ва наврасони нобино ва сустбинони шаҳри Ҳисор, литсей барои хонандагони болаёқат ва гимназияи №1-и шаҳри Душанбе бо ҷалби 232 нафар гузаронида шуд. Раёсати донишкада ҷиҳати амалӣ намудани банди 52-и Нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз 5 январи соли 2023 ҷиҳати аз тариқи пилотӣ ба шакли фосилавӣ фаро гирифтани омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос тадбирандешӣ намуда, то имрӯз дар ду марҳала 13 курси такмили ихтисоси омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик, химия, физика, забони русӣ, муовинони директор оид ба таълим ва директорони МТМУ дар маҷмуъ, 268 нафарро моҳҳои апрел ва майи соли 2023 аз курсҳои такмили ихтисос ба таври фосилавӣ гузаронд. Масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва аз худ намудани 400 калимаи серистеъмоли забонҳои русӣ ва англисӣ дар мадди назари доимии раёсати донишкада қарор дорад. Дар нимсолаи аввали соли равон 4 курси омӯзиши забонҳои англисӣ барои хоҳишмандон ташкил карда шуд. То ин дам тибқи нақшаи курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсус дар ҷумҳурӣ 552 курси баланд бардоштани маҳорати касбӣ бо фарогирии 13067 нафар гузаронида шуд. Дар умум, бо ҷалби кадрҳои роҳбарикунанда (561 нафар), омӯзгорони фаннӣ (11905 нафар), омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои томактабӣ (814 нафар) фарогирӣ ба курсҳои такмили ихтисос 13280 нафарро ташкил медиҳад. Дар донишкада ва филиалҳои он пайваста оид ба мушкилоти методии омӯзгорон ва методикаи таълими фан семинарҳои махсус доир карда мешавад. Дар шаш моҳи соли равон дар донишкада ва филиалҳои он тибқи нақша 97 семинар бо ҷалби 2553 нафар ташкил ва баргузор гардид. Ҳамчунин, дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» 9 семинари омӯзишӣ бо фарогирии 233 нафар мураббии муассисаҳои томактабӣ ва омӯзгорони МИК гузаронида шуд. Дар ин муддат 106 семинари нақшавӣ ва дигар ҳамоишу мизҳои мудаввар дар донишкада ва филиалҳои он гузаронида шуд, ки 2786 нафар соҳиби тахассус гардиданд. Ҳамзамон, 5 мониторинги сифати таълим дар курсҳои такмили ихтисос, пеш аз курс ва пас аз анҷоми курсҳо гузаронида шуд. Ба таври умум, дар нимсолаи якуми соли равон дар донишкада ва филиалҳои он, дар асоси нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсус, инчунин, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 696 курсу семинар бо фарогирии 22930 нафар шунаванда баргузор карда шуд.
– Вазъи корҳои илмӣ-инноватсионӣ дар донишкада дар кадом сатҳ қарор дорад? То ҷое мо иттилоъ ва огаҳӣ дорем, кормандони муассиса дар самти корҳои илмӣ пешгом мебошанд.
– Бояд хотирнишон намуд, ки таҳқиқоти илмӣ ва корҳои инноватсионӣ дар донишкада аз рӯйи самти илмӣ –«Коркарди асосҳои илмии такмил додани маҳорати касбии кормандони соҳаи маориф», масоили «Асосҳои илмии мукаммал гардондани маҳорати касбии омӯзгорон» ва иҷрои мавзуи илмии кафедраҳо, ки онро шурои олимони донишкада тасдиқ намудааст, амалӣ карда мешавад. Дар донишкада ва филиалҳои он ба корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, ҷиҳати беҳтар намудани неруи зеҳнӣ Шурои муҳаққиқон таъсис дода шудааст. Ҳарчанд аз таъсиси шуро вақти зиёде нагузашта бошад ҳам, то имрӯз (дар тӯли 5 сол) 9 нафар аъзои шуро рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуда, 26 нафар унвонҷӯ ва магистр дар донишкада ва филиалҳо ба корҳои илмӣ –таҳқиқотӣ машғул мебошанд. Аз ҷумла, моҳи январи соли ҷорӣ корманди донишкада Сурайё Шердилова рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Таҳқиқоти этнолингвистии лексикаи гӯйиши тоҷикони водии Ғорон (аз гурӯҳи лаҳҷаҳои шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ») дифоъ намуда, омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ — гуманитарӣ Бибиқанд Неъматова диссертатсияи номзадии худро аз пешдифоъ гузаронд. Айни ҳол дар донишкада ва филиалҳои он 68 нафар корманди унвондор фаъолият менамоянд. Муҳлати барномаҳои таълимии амалкунандаи курсҳои такмили ихтисос соли равон ба охир мерасад. Дар иртибот ба ин, бо мақсади татбиқи Стратегияи милии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 сохтори нақшаи барномаи таълимии модулӣ ва алтернативӣ коркард шуда, ба омӯзгорон пешниҳод гардид.
Феълан дар донишкада ва филиалҳои он 72 таҷрибаи пешқадами педагогӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Донишкада ва филиалҳои он дорои китобхонаҳои худ буда, дар онҳо барои истифодаи шунавандагони курсҳои такмили ихтисос шароити мусоид ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол китобхонаи муассиса дорои 7103 нусха китобу маводи таълимӣ ва тақрибан беш аз 10000 нусха китоби электронӣ мебошад. Ба китобхона имсол 144 нусха китоби нави бадеӣ ворид карда шуд. Донишкада ба кафедраву раёсатҳои тобеи худ ва филиалҳояш 1230 нусха модули таълимӣ ва дастурҳои методӣ тақдим намуд.
– Мехостем, дар хусуси робитаҳои байналмилалии донишкада ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба таври муфассал иттилоъ медодед. Аҳамияти амалии ин ҳамкориҳоро дар чӣ мебинед?
– Воқеан, самти дигари фаъолияти Донишкада ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ба хусус, муассисаҳои таълимию илмии дохил ва хориҷи кишвар, ки дар татбиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» саҳм мегузоранд, ба шумор меравад. Ҳамкории донишкада ва филиалҳо бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), Лоиҳаи «Биё, бо ҳам биёмӯзем»-и ЮСАИД, лоиҳаҳои «Мактабҳои 2030», Фонди тоҷикистонии Оғохон, «Такмили ихтисоси омӯзгорони фанни забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 24 муассисаи илмии кишварҳои хориҷ (19 муассисаи таълимии Федератсияи Россия, 5 муассисаи таълимии Ҷумҳурии Беларус) судманд мебошад. Ҳамкории донишкада ва филиалҳо бо Хазинаи кӯдакони СММ дар доираи нақша-чорабиниҳои татбиқи «Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2021-2023»-и «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба роҳ монда шуда, айни ҳол 6 гурӯҳи корӣ фаъолияти худро дар самтҳои таҳияи платформаи рақамӣ барои омӯзиши омехта ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, коркарди курсҳо барои роҳбаладон, таҷдиди назар намудани курс барои равоншиносони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ғайра идома медиҳанд. Бо мақсади дар раванди курсҳои такмили ихтисос истифода намудани шакли инноватсионии омӯзиши омехта платформаи рақамии «Омӯзгор мобайл» мавриди коркард қарор дорад. Дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) семинарҳои омӯзишии «Мусоидат дар такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф оид ба «Педагогикаи фарогир – такмили малакаи омӯзгорон» бо иштироки 40 нафар ва «Арзёбӣ» бо фарогирии 25 нафар корманди донишкада ва зерсохторҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Ҳамкориҳои Донишкадаву филиалҳо бо лоиҳаи «Биё, ҳамроҳ омӯзем!»-и ЮСАИД самарабахш буда, дар доираи он бо 465 нафар директори МТМУ-и кишвар семинарҳои омӯзишӣ гузаронда шуд. Ҳамин гуна дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Мактабҳои 2030»-и Фонди тоҷикистонии Оғохон дар 30 муассисаи таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, дар 25 шаҳру ноҳияи кишвар дар доираи «Барномаи такмили ихтисоси омӯзгорони забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (TSSET) бо ҷалби мушовирони байналмилалӣ, мушоҳидаи дарс, мусоҳиба, пурсишнома гузаронида шуд. Дар доираи сафари кории Сарвазири Федератсияи Россия ва Конфронси нуҳуми ҳамкории байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон, соли равон миёни донишкадаи мо ва Донишкадаи рушди таҳсилоти касбии шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи ҳамкорӣ дар самти такмили ихтисос ва мубодилаи таҷриба ба имзо расонида шуд. Ҳамчунин, байни донишкада ва Донишгоҳи давлатии педагогии Олтойи Федератсияи Россия, Бонки осиёии рушд оид ба рушди омӯзиши фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ дар байни омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамоиш ташкил ва баргузор гардид. Байни донишкада ва Академияи таҳсилоти баъдидипломӣ ва Донишгоҳи давлатии лингвистикаи Ҷумҳурии Беларус низ созишнома ба имзо расонда шуд. Дар умум, дар ин омӯзишу семинарҳо, ки аз рӯйи лоиҳаҳои шарикони рушд баргузор карда шуд, 6664 нафар шунаванда иштирок намуданд.

Мусоҳиб Шодӣ РАҶАБЗОД,
“Омӯзгор”