Муаллимаи азиз Муҳаббат Мирзоева аз қабили омӯзгоронест, ки китоби зиндагияш саҳифаҳои бисёр ҳам зебои хонданӣ дорад. Ва басо хушу гуворост, ки муаллима дар ин дафтари поку хоно рақами хайр кашидаву дасти хайр боқӣ гузоштааст. Дар ин бора шоири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ фармудаанд:
Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ,
Инчунин гуфт хирадманд, ки андеша гумошт.
Хуррам он кас, ки бар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф
Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт.
Муҳаббат Мирзоева ҳарчанд ки ба ман бевосита дар дабистон сабақ надодааст, вале меҳрубонии ӯро бо ҳеҷ чиз наметавон баробар ё муқоиса намуд. Ду сол – замоне ки донишҷӯи мактаби олӣ будам, муаллима ҳамроҳи шавҳараш, марди наҷибу инсони комил Мадиброҳим Мирзоев маро дар манзили зисташон ҷой доданд, ба ман ҳамчун модару падари ғамхор муносибат карданд.
Муҳаббат Мирзоева, зодаи ноҳияи Ашт мебошад ва соли 1969 ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) супорида, донишҷӯй гардид.
– То даме ки маро бародаронам – Ғуломиддин Мирзоев ва Наҷмиддин Мирзоев барои таҳсилро давом додан ба шаҳри Душанбе гирифта омаданд, ягон нафар духтари деҳаамон аз деҳа ҳатто ба маркази ноҳия, ки дар он ҷо курсҳои ихтисосӣ ташкил шуда буданд, барои давом додани таҳсил наомада буданд, ёдовар мешавад муаллима.
— Ман аввалин духтари кӯҳис-тоние будам, ки бо шарофати бародаронам ба пойтахти ҷумҳурӣ омадам.
Муҳаббат Мирзоева соли 1974 донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм карда, бо роҳхати шуъбаи маорифи шаҳри Душанбе ба мактаби миёнаи № 40 ба ҳайси муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик ба кор фиристода шуд. Минбаъд фаъолияти омӯзгориро дар мактабҳои миёнаи рақамҳои 17, 88, 93-и шаҳри Душанбе, № 7-и ноҳияи Ашт ва аз соли 2006 дар мактаби миёнаи № 88-и ноҳияи Синои пойтахт идома дода, аз соли 2008 дар «Гимназияи иқтисодӣ»-и шаҳри Душанбе самаранок кор карда истодааст.
Фаъолияти муаллимаро ба назар гирифта, соли 1988 ӯро бо унвони «Муаллимаи калон», 30-юми ноябри соли 1990 бо нишони «Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон» сарфароз гардониданд. Борҳо бо диплому ифтихорномаҳои шуъбаҳои маорифи ноҳия, шаҳр ва Вазорати маориф ва илм сарфароз гардидааст. Соли 1991 дар байни коллективи 125-нафараи омӯзгорони мактаби миёнаи № 93-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду нафар ба гирифтани дараҷаи тахассусӣ, яъне муаллими категорияи олӣ, сазовор гардиданд, ки якеи онҳо қаҳрамони мо буд.
Шогирдонаш дар олимпи-адаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд. Дар озмунҳои навиштани иншо, корҳои илмӣ низ шогирдонаш сазовори ҷойҳои аввал мегардиданд. Соли 2020 дар озмуни «Андалебони кохи назм» шогирдони муаллима ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардиданд. Ду наберааш –Кавсара ва Фаришта дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар даври дуюми озмун соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Муҳаббат Мирзоева муаллифи мақолаҳои зиёди илмиву методӣ ва дастурҳои ёрирасони «Китоби ёрирасон барои такмили забондонӣ» «Дастури ёрирасон барои омӯзиши санъатҳои бадеӣ» «Китоби ёрирасон дар омӯзиши жанрҳои адабӣ» «Насиҳат гӯш кун, ҷоно..», «Забони давлатӣ» барои синфи 6 буда, навиштаҳояш дар ҳафтаномаи «Омӯзгор», маҷаллаи Маърифати омӯзгор» ба табъ мерасанд. Муқарризи китоби «Забони давлатӣ» барои синфи 7-уми мактабҳои таҳсилашон ба забони русӣ мебошад.
Солҳои 1985-1990 бо ташаббуси мудири кабинети забон ва адабиёти тоҷики Институти такмили ихтисоси омӯзгорони шаҳр (ҳоло филилали ДҶТИБКСМ дар шаҳри Душанбе) Исматулло Саъдуллоев семинаре бо номи «Омӯзгорони эҷодкор» ташкил гардид, ки роҳбарии онро муаллима ба уҳда дошт. Ин маҳфил беҳтарин омӯзгорони шаҳрро гирд оварда буд ва пас аз иштироку баррасиҳо дар атрофи дарсҳои ҳамдигар таҷрибаи онҳо ба омӯзгорони шаҳру ҷумҳурӣ паҳн карда мешуд. Аз ҷумла, худи муаллима чандин дарси кушодро барои омӯзгорони ҷумҳурӣ иҷро кардааст, ки ҳамеша аз ҷониби онҳо баҳои мусбат мегирифт. Ҳамин гуна дарсҳоро дар студияи «Дониш» низ баргузор менамуд.
Иштирокчии озмуни «Муаллими сол – 2013» буда, бо 195 хол дар байни омӯзгорони литсею гимназияҳои шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм гардидааст.
Шариф ҚОЗИЁН,
доктори илми сиёсатшиносӣ, профессор