ҲИДОЯТГАР БОШЕМ

Аз Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки давлати мо тадриҷан ба марҳалаи рушди устувор гузашта, дар сафи мамолики рӯ ба тараққии дунё ҷо гирифтааст. Ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудани саноатикунонии босуръати кишвар дар назди мо, омӯзгорони таълимгоҳҳо, низ вазифа ва масъулияти бештар мегузорад, зеро рушду такомули ҳеҷ давлати дунё бе сатҳи баланди донишу илми пешрафтаи сокинонаш имконпазир нест.
Вазифаи аҳли мактабу маориф ва ҷомеа тарбияи насли созанда ва омодасозии кадрҳои соҳибтахассус мебошад. Аммо баъзе ҷавонони имрӯз ба ин ҳадаф ҳоло омода нестанд. Онҳо аз дониши хуб гирифтан худро канора мегиранд.
Яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеаи имрӯз, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи меҳандӯстию инсонпарварӣ ва хештаншиносию худогоҳии миллӣ, роҳ надодан ба гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои хатарноки ифротию тундгаро мебошад. Аз ин хотир, таъкид намудан бамаврид аст, ки мо дар ҳамдастию ҳамкорӣ бо оила, мактаб ва ҷомеа бояд наврасону ҷавононро аз мақсадҳои нопок ва оқибатҳои даҳшатбору хатарноки чунин гурӯҳҳо огоҳонида, онҳоро ба зиракию ҳушёрии сиёсӣ мусаллаҳ гардонем. Аз ҷониби дигар, дар ҳамин замина онҳоро ба таҳсилу тадрис, донишандӯзии амиқ ва касбомӯзии замонавӣ равона созем.
Бояд гуфт, ки мавқеи тарбия ҳамеша болотар аз таълим аст, зеро тарбия мақоми таълимро муайян менамояд. Тарбияи фарзанд аз вақти таваллуд ва ҳатто қабл аз он оғоз меёбад. Бино бар ин, вазифаи падару модар танҳо хӯрондану пӯшонидани фарзанд нест, балки онҳоро зарур аст, ки ба таҳсили фарзандони хеш эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ҳар як падару модар вазифадор аст, ки барои таҳсили фарзандони хеш тамоми шароитро фароҳам орад, то онҳо дар оянда ҳамчун шахси хушахлоқ, баркамол, зиндагидӯст ва ватанпараст ба воя расанд. Инчунин, бояд падару модарон якҷо бо мураббиёну омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас заҳмат кашанд.
Ҷойи шубҳа нест, ки бурду бохти масоили марбут ба таълиму тарбияи кӯдакон ба омӯзгор ва мураббии муваффақ вобастагии қавӣ дорад.
Тарбияи ахлоқӣ яке аз омилҳои асосии беҳтар шудани сифати таълим ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ба ин ҷиҳати тарбия бештар диққати махсус бояд дод.
Ҷавонони саодатманд дар равиши ҷаҳонишавӣ муттакои асосии ҷомеа буда, баҳри баланд бардоштани садоқат ба Ватан, дарки ҳодисоту воқеоти зиндагӣ, эҳтироми падару модар, ҳисси ифтихор аз Ватану ватандорӣ саъю кӯшиш доранд. Илова ба ин, онҳо муқаддасоти миллии хеш-Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Истиқлол, Конститутсия ва забони давлатиро чун гувоҳ аз устуворию пойдории кишварамон мисли гавҳараки чашм пос медоранд.
Мо чеҳраи хос ва расму оини миллӣ, забони ғанию шево, таъриху фарҳангу адабиёти бостонӣ, мазҳаби таҳаммулгаро, хулоса, тамоми арзишҳои миллиро дорем ва бояд бо ин ифтихор намуда, онро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем. Тарбияву таълими шоистаи фарзандон аз ҷумлаи омилҳои умда дар роҳи ба ин ҳадафҳо расидан аст. Соҳибтарбия будани шахс боризтарин муаррифии шахсияти ӯст. Инсони дур аз тарбияро инсон номидан норавост.
Замони муосир тақозо менамояд, ки бояд оила, мактаб ва ҷомеа байни ҳам дар равобити қавӣ буда, дар тарбияи фарзандони худогоҳу ватандӯст саҳмгузор бошанд ва ҳар яке масъулияти худро дар назди давлату миллат бо сарбаландӣ иҷро намояд.

Раҳимаи САИДҶАЛОЛ,
омӯзгори мактаби №53,
шаҳри Кӯлоб