ФАРИЗА ҒАФУРОВА – ҒОЛИБИ ДАВРИ МИНТАҚАВӢ

Аз 22 то 24-уми июни соли ҷорӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври минтақавии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон – 2023» бо иштироки довталабон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор шуд. Ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Ҷамшед Намоззода ҳадафи озмунро ҷустуҷӯ ва дарёфти мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор номид.

Озмун аз рӯйи шаш шарт – муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбии мураббиён, мизи мудаввар, машғулияти таълимӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара ва таҳлили ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ сурат гирифт. Дар озмун ёздаҳ довталаб ширкат варзиданд. Довталабон дар оғоз ба муаррифии таҷрибаи кории хеш шуруъ карданд.

Нахустин шуда фаъолияти педагогии худро Гулсара Ҳафизова, мураббии муассисаи томактабии рақами 7-и ноҳияи Файзобод муаррифӣ намуд. Тибқи гуфтаи номбурда, ӯ дарсҳояшро бо усулҳои гуногуни таълим, аз ҷумла, ангезиши зеҳн, методҳои инфиродӣ, интерактивӣ, истифодаи варақаҳо, тестҳо, воситаҳои техникии таълим ва ғайра баргузор менамояд. Г. Ҳафизова факултаи таҳсилоти ибтидоии ДДОТ ба номи С. Айниро хатм карда, дар кӯдакистони деҳааш машғулият мегузаронад ва дар ташкили чорабиниҳои гуногун маҳорати хоса дорад.

Мураббии муассисаи томактабии рақами №1-и «Парасту»-и ноҳияи Тоҷикобод Ғунчагул Амирова таҷрибаи беш аз 10 – солаи педагогӣ дорад. Вай маҳорати хешро бо истифода аз тахтаи электронӣ намоиш дод. Ба тасдиқи ӯ, ҳамкорӣ бо падару модарони тарбиятгирандагон ва мутолиаи асарҳои педагогӣ асоси пешрафти кори педагогияш ҳисоб меёбад. 

Давлатпочо Мирзораҳматова, мураббии кӯдакистони №1 – и ноҳияи Сангвор, соли 2018 Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт-ро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Фаъолияти кориаш аз соли 2010 шуруъ шудааст. Тӯли фаъолияти 13 – солаи кориаш вай тавонистааст, ки кӯдакони зиёдеро тарбия намуда, ба мактаб омода созад. Номбурда мехоҳад, ки бо дониш ва таҷрибаи андӯхтааш дар замири кӯдакон меҳри Ватан ва эҳсоси хештаншиносию ормонҳои миллиро парвариш намояд.

Муаррифии фаъолияти педагогии мураббии кӯдакистони №2, ноҳияи Нуробод Сабрина Музаффарова низ ҷолиб буд. Сабрина хатмкардаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ буда, ҳамеша ба он мекӯшад, кӯдаконро дар фазое тарбия намояд, ки ҷаҳонбинии васеъ дошта бошанд. Бо ин мақсад мураббӣ машғулиятҳояшро бо истифодаи ҳар гуна бозиҳои зеҳнӣ ва асбобҳои худсохт баргузор мекунад. 

Мураббии муассисаи таълимии хусусии инкишофи кӯдак ва таҳсилоти ибтидоии «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб Суҳайло Абдуллозода фаъолияти хешро ба таври ҷолиб муаррифӣ кард. Вай машғулиятҳояшро бештар бо забонҳои хориҷӣ мегузаронад ва бо ин усул мехоҳад, кӯдакон аз ҳамин зина ба забономӯзӣ шавқ пайдо намоянд. 

Хатмкардаи коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор Фариза Ғафурова мураббии боғчаи №8-и «Лола»-и шаҳри Ҳисор буда, машғулиятҳояшро бештар тавассути бозиҳои гуногуни дидактикӣ, аз ҷумла, машғулиятҳои серҳаракат, бозиҳои миллӣ ва сужаи ҷолиб ташкил намояд. 

Иштирокчии дигари озмун Гулноза Бекова низ мураббии ҷавон буда, дар кӯдакистони №2-и ноҳияи Шаҳринав фаъолият мекунад. Ҳангоми муаррифии фаъолияти кориаш Гулноза афзуд, ки кор бо кӯдакон ҷолиб буда, кас хас-тагиро эҳсос намекунад. Чун кӯдакон дунёи зебою рангини хешро дороянд.

Ба намояндагӣ аз шаҳри Ваҳдат дар озмун мураббии кӯдакистони №9 Мафтуна Гулова ширкат варзид. Вай соли 2019 ДДОТ ба номи С. Айниро ба итмом расонида, таҷрибаи шашсолаи корӣ дошта, бо лаҳни шевою гуворо машғулиятҳоро ташкил менамояд. Ин имкон медиҳад, ки кӯдакон ба машғулиятҳои мураббия бо шавқу рағбат таваҷҷуҳ намоянд.

Баргузор намудани машғулиятҳо дар кӯдакистон-ширхоргоҳи №64-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сурат гирифт. 

Довталаб М. Гулова дар гурӯҳи дуюми хурдсол машғулияти тарбияи ҷисмониро баргузор намуд. Вай бо пӯшидани ниқоби харгӯшак ба назди кӯдакон ҳозир шуда, ба онҳо худро шинос намуд. Пас аз шиносоӣ машғулияташро аз роҳравӣ, давидану ҷаҳидан оғоз намуда, бо лаҳзаҳои тафреҳию чанд лаҳзаи танаффус ва дигар бозиҳо машғулияташро анҷом бахшид. Вай тавонист, тавре муносибат намояд, ки кӯдакон бегонагии ӯро эҳсос нанамоянд. 

Мураббии гурӯҳи хурди миёна аз ноҳияи Файзобод Г. Ҳафизова бо иштироки 16 нафар кӯдак дар гурӯҳи дуюми хурд дар мавзуи “Хештаншиносӣ” машғулият гузаронид. Мураббия ба кӯдакон дар бораи рӯзҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатӣ суҳбат ороста, машғулияташро бо кашидани расми “Офтобак” анҷом бахшид. 

Машғулиятҳои довталабон Г.Бекова, Ф.Ғафурова, С.Абдуллозода низ бо истифода аз усулҳои нави таълим ва технологияи муосир, салоҳиятнокӣ ва монанди инҳо хеле ҷаззоб буд.

Дар қисмати таҳлили машғулият довталабон аввал андешаҳои хешро доир ба машғулиятҳои гузаштаи худ, сипас, нисбат ба машғулияти ҳамкасбонашон, ки дар машғулиятҳои якдигар иштирок доштанд, иброз намуданд. 

Раиси ҳакамон Маҳина Бобоева иброз дошт, ки имсол дар пешниҳоди фаъолияти педагогӣ аз тарафи довталабон дар самти ба роҳ мондани машғулиятҳо фаъолмандӣ нишон дода шуд. Тақрибан ҳамаи онҳо дар машғулияти худ тавонистанд диққати кӯдаконро ба худ ҷалб намоянд. Довталабон дар ташкили машғулиятҳо, бо он ки вақт ниҳоят кам буд, ҳунари хуб нишон дода тавонистанд. Шарти дигар — ҷавоби дуруст додан ба саволҳо бо мақсади донистани асноди меъёрӣ — ҳуқуқӣ маҳсуб меёфт, ки мутаассифона, на ҳамаи ҷавобҳои довталабон саҳеҳ буданд.

Ниҳоят, озмун бо иштироки кормандони масъули Вазорати маориф ва илм ва намояндагони ВАО ҷамъбаст гардид. 

Дар фарҷоми озмун мураббии кӯдакистони №8-и «Лола»-и шаҳри Ҳисор Фариза Ғафурова бо 204,5 хол сазовори ҷойи якум, мураббии муассисаи томактабии №9-и шаҳри Ваҳдат Мафтуна Гулова бо 185,5 хол соҳиби ҷойи дуюм ва мураббии муассисаи таълимии хусусии инкишофи кӯдак ва таҳсилоти ибтидоии «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб Суҳайло Абдуллозода бо 181, 5 хол ба гирифтани ҷойи сеюм ноил шуданд. Ба ғолибони озмун аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ДҶТИБКСМ ва Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм мукофотҳои хотиравӣ тақдим гардид.

 

Салима МӮСОЕВА,

«Омӯзгор»