Шукрихудо Мазориев соли 1956 дар деҳаи Лугади Ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст.
Нимаи дуюми солҳои шаст волидонаш ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Колхозобод) кӯч бастанд. Ш.Мазориев мактаби миёнаи №72-и ноҳияи мазкурро соли 1975 хатм намуда, ба факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) дохил шуда, онро соли 1979 бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик ба итмом расонидааст.
Соли 1979 дар ноҳияи Ҷиргатол (ҳоло Лахш) оғози фаъолият намуда, аз соли 1981 дар мактаби миёнаи №43-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кор кардааст.
Айни замон дар мактаб-интернати ин ноҳия чун омӯзгор фаъолият дорад.
Шукрихудо Мазориев омӯзгори эҷодкор буда, мақолаву шеъру ҳикояҳояш дар нашрияҳои гуногун ба чоп расидаанд.
Китоби «Гулбонги андалеб» шеърҳои дар солҳои гуногун эҷодкардаи ин омӯзгори собиқадорро ба ҳам овардааст. Ин шеърҳо бештар ба мавзуъҳои Ватан, ваҳдат, ифтихори миллӣ, модар, забони модарӣ, одоби ҳамида ва муҳаббат ба табиати диёр бахшида шудаанд.
Ба Пешвои миллат
Интихобу ифтихори халқи ман,
Қаҳрамонмарди диёри халқи ман.
Нест фориғ аз ғами миллат даме,
Ҷонфидову ҷоннисори халқи ман.
Бо дили беканааш бинмудааст
Сулҳу Ваҳдатро шиори халқи ман.
Нур мебахшад ба ҳар кошонае-
Офтоби рӯзгори халқи ман.
Ҳар куҷо по мениҳад, хуррам шавад,
Ҳаст, бешак, навбаҳори халқи ман.
Мисли ҷон медонад ӯ халқу Ватан,
Аз дилу ҷон дӯстдори халқи ман.
Ҳар нафас, ҳар дам ба монанди падар
Хоҳад ӯ авҷу барори халқи ман.
Ман нахоҳам лаҳзае бошад канор
Ин Абармард аз канори халқи ман.
Хандаи бахт
Комёбии ҷаҳон дар Ваҳдат аст,
Бахти ҳар пиру ҷавон дар Ваҳдат аст.
Мекунад обод ҳар як мулкро,
Боғу роғу бӯстон дар Ваҳдат аст.
Ханда дар лабҳои тифлу модарон,
Пешрафти мардумон дар Ваҳдат аст.
Ҳамдилию ҳамзабонии замон,
Сулҳу бахти ҷовидон дар Ваҳдат аст.
Мефизояд обрӯйи ҳар диёр,
Шаъни ҳар давру замон дар Ваҳдат аст.
