Китоб манбаи илму дониш ва роҳнамову роҳкушои банӣ башар мебошад. Нақши сухан дар рушди тафаккур ва ташаккули ҷаҳонбинӣ муҳим аст. Аз ин рӯ, дар ҷомеаи мо ба омӯзишу мутолиа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад ва мунтазам китобҳои судманд ба чоп мерасанд. Ба наздикӣ китоби нави ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шодӣ Сафаров бо номи “Ватандорӣ шарафмандист” (-Душанбе: Маориф, 2022. – 168 с.) аз чоп баромад. Китоби мазкур силсилаи навиштаҳои муаллифро дар даҳ соли охир, ки дар нашрияи “Омӯзгор” ба табъ расидаанд, дар бар мегирад.
Китоб аз се бахш иборат буда, қисмати аввали он аз мақолаҳо иборат мебошад. Дар ин бахш бист мақолаи муаллиф ҷой дода шудааст, ки дар онҳо ба мавзуоти сулҳу ваҳдат, истиқлол, бунёдкориву созандагӣ, рушди варзиш, фаъолияти босамари донишкада ва дастовардҳои назарраси варзишгарони тоҷик сухан меравад. Муаллиф ҷавонону наврасонро ба омӯзиши илму дониш, дӯст доштани Ватан, дар рушду шукуфоию пешравии меҳан саҳм гузоштан, тарзи ҳаёти солим талқин намуда, нақши варзишгарони тоҷикро дар муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид ва андешаҳояшро дар заминаи омӯзишу таҷриба ва мушоҳидаву таҷрибаҳои зиёди хеш баён намудааст, ки омӯзандаву муфид мебошанд. Вай ҳамчун инсони ватандӯсту ташаббускор аз комёбиву дастовард ва пешравиҳои кишвар меболад ва дар раванди шукуфоии мамлакат саҳм гузоштанро талқин менамояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ дигаргуниҳои азим ба вуқуъ пайвастанд ва раванди пешравию бунёдкориҳо дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ авҷ гирифт. Дар саргаҳи ин ҳама пешравӣ ва комёбиву дастовардҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисорон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Доир ба хидматҳои мондагори Сарвари давлат китоб ва навиштаҳои зиёд дар матбуот ба табъ расидаанд, ки дар онҳо симои Пешвои миллат ба таври воқеӣ таҷассум ёфтааст. Мақолаи аввали китоб «Эй Ватан, бо Пешво поянда бош!» унвон дошта, хидматҳои мондагори Президенти мамлакатро дар таъмини сулҳу ваҳдат тавзеҳ мебошад. Шодӣ Сафаров дар ин мақола аз таъмини сулҳу ваҳдат ва раванди бунёдкориҳо дар кишвар ёдовар шуда, нақши Пешвои миллатро дар рушди давлатдории миллӣ ба таври мушаххас нишон додааст. Маҳз бо талошу заҳматҳои Сарвари давлат дар кишвари мо сулҳу ваҳдати комил таъмин гардид ва имрӯз соҳаҳои хоҷагии халқ ба таври чашмрас рушд кардааст. 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расид, ки дар таърихи навини давлатдории мо ин рухдоди тақдирсоз бо хатти заррин сабт гардидааст. Он барои миллати тоҷик пайки умеду шодӣ овард. Муаллиф таъкид кардааст, ки «овозаи сулҳу ваҳдати тоҷикон тамоми ҷаҳонро тасхир намуд ва таҷрибаи сулҳоварию сулҳофарии халқи тоҷик мавриди омӯзишу ибратпазирии оламиён қарор гирифт. Халқи некуниҳоди тоҷик хислати азалии посдории адлу адолат ва ҳақиқату воқеиятро дорад. Сабақи таърих низ собит мекунад, ки шахсони барои миллату давлати худ содиқона хидмат намуда, албатта, подоши арзандаи худро меёбанд. Ҳамин аст, ки ба рамзи пос доштани хидматҳои ҷонфидоёнаву ватанпарастонаи фарзанди шарафманди тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» таҳия ва қабул гардид. Ва ҳамин тавр, халқи тоҷик Пешвои арзандаву шоистаи худро дарёфт – Эмомалӣ Раҳмон!».
Муаллиф дар қисме аз навиштаҳояш дӯст доштани Ватан ва расидан ба қадри сулҳу ваҳдатро тарғиб ва терроризму экстремизмро маҳкум менамояд. Ӯ вазъи ҷаҳони муосирро хуб ташхис мекунад ва ҳушёру зирак будан ва дарки ҳодисоти геополитикиро барои ҷавонон зарур мешуморад. «Табиист, ки кулли ифротгароён нафратзадагонанд ва аҳли сайёра, ҷомеаи солимфикру сулҳпарвар онҳоро пайваста маҳкум мекунанд. Дар оянда бояд сафи тамоми гурӯҳҳои тахрибкор марҳила ба марҳила коҳиш дода, тадриҷан ба нестӣ расонда шавад. Барои ин роҳҳои гуногуни муқовимат ва муборизаро муайян кардаанд. Дар ин миён муҳимтарин, самараовартарин роҳи мубориза бар зидди ифротаён ва бадниҳодон тақвият бахшидани тарбияи ватандӯстии насли наврас ва ҷавонон аст. Ватандӯстӣ ҳисси воло ва неруи тавоност ва оне, ки Ватанро самимона дӯст медорад, ҳаргиз ба хиёнат рӯ намеорад, бар зидди Ватан амале содир намекунад, бонангу номус мешавад».
Маълум аст, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов маркази асосии тайёр намудани мутахассисони соҳаи варзиш мебошад ва қисме аз донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат парчамбардори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мебошанд. Сол то сол дастовардҳои донишкада дар мусобиқаҳои байналамилалӣ бештар мегарданд, ки ин аз имкону шароити мусоид доштани донишкада шаҳодат медиҳад медиҳад. Қисме аз нигоштаҳои муаллиф ба фаъолияти босамари устодону омӯзгорони донишкада бахшида шудааст.
Дар бахши дуюм се мусоҳиба омадааст, ки дар онҳо доир ба дастовардҳои варзишгарони тоҷик маълумот ироа гардида, бартарии варзиш ва ҳаёти солим дар рушди ҷомеа тарғиб гардидааст.
Дар маҷмуъ, китоби “Ватандорӣ шарафмандист” дар таҳкими худшиносию худогоҳии наврасону ҷавонон нақши муҳим дошта, омӯзиши он барои доираи васеи хонандагон судманд мебошад.
Насриддин ОХУНЗОДА,
рӯзноманигор