ОМӮЗГОРИ ОБОДКОР

Барои аз кори роҳсозони ширкати сохтмонии “Чайна Роуд энд Бридж Корпорайшен”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Тоҷикистон, ки имрӯзҳо ба сохтмони шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ машғул мебошанд, ба қисмати мушкилтарини он — “Даштак” рафтам. Дар майдони корзор, ки ба хотири ободии минбаъдаи шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла, ноҳияи Ванҷ нигаронида шудааст, қариб бист нафар ҷавони ҳудуди Ҷамоати деҳоти Вотхуд паҳлу ба паҳлуи коргарону мутахассисони кишвари Чин ва тоҷик дар азнавсозии ин қитъаи шоҳроҳ заҳмат мекашанд. Вақти тановули хӯроки нисфирӯзӣ буд. Миёни коргарони маҳаллӣ собиқадори меҳнат, сокини деҳаи Даштак Амонбек Бандаихудоевро дидам, ки бо ҷавонон суҳбат мекард.
Ин собиқадори меҳнат, марди синнаш ба ҳафтод расида хонанишиниро дӯст намедорад. Ӯ мунтазам бо ҷавонон ва инчунин, хонандагону омӯзгорони мактабҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Вотхуд мулоқот мекунад. Вақт пайдо карда, ба дашти асрҳо аз беобӣ сӯхтаи Сурхсангов, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ тахту ҳамвор ва обёрӣ шуда, ба макони аҳолинишин, шаҳраки ободу зебо табдил ёфтааст, меравад. Ба мисли дигар рустонишинони деҳоти Вотхуд аз он шоду мамнун аст, ки ин макони навбунёди соҳилҳои рӯдхонаҳои Панҷ ва Ванҷоб аз ҷониби Пешвои миллат шаҳраки Ваҳдат номгузорӣ шудааст.
Амонбек Бандаихудоев соли 1954 дар рустои Даштаки Ҷамоати деҳоти Вотхуди ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Падараш Бандаихудо ба мисли бобояш Қирон деҳқони асили ғаллакор, боғбон ва полезкор буданд. Модараш Ҳалима тамоми умр дар колхоз кор мекард. Амонбеки наврас баъди дар таълимгоҳи миёнаи рақами 6 ба номи Юсуф Амирбеков бо баҳои аъло таҳсил кардан ба ноҳияи Колхозобод (ҳоло ба номи Ҷалолиддини Балхӣ) меравад. Тайи ду сол ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс медиҳад ва аввалин малакаҳои касби омӯзгориро аз бар менамояд.
Соли 1971 ба факултаи физика ва математикаи Институти давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) дохил мешавад. Баъди хатми донишгоҳ дубора ба ноҳияи Колхозобод ((ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) рафта, зиёда аз шаш сол ҳамчун муаллим ва муовини директори мактаб кор мекунад. Ҳамчун омӯзгори пешқадам ва хушсалиқа борҳо тариқи васоити ахбори оммаи ноҳия, вилоят (он вақтҳо Қурғонтеппа) ва ҷумҳурӣ, инчунин, барномаҳои радио ва рӯзномаи “Маориф ва маданият” (ҳоло “Омӯзгор”) дар бораи кори бенуқсонаш хабару мақолаҳо чоп мешуданд. Соли 1982 аз рӯи зарурат ба зодгоҳаш бармегардад. Фаъолияти худро аз вазифаи котиби масъули ҷамъияти китобдӯстон, инспектор оид ба кори ноболиғони назди кумитаи иҷроияи ноҳия оғоз менамояд. Соли 1985 раиси ташкилоти иттифоқи касабаи совхози овозадори “50-солагии СССР” интихоб мегардад.
Вақте ки дар кишвар ва аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон колхозҳо ба совхозҳо табдил меёбанд, дараҷаи баланди кордонӣ, ташаббускорӣ ва инчунин, аз сулолаи шуҳратманди аҳли кишоварз будан ва ҳамзамон, ба обу замин дилбастагии зиёд ва қавӣ доштани Амонбек Бандаихудоевро роҳбарияти ноҳия ва вилоят ба назар гирифта, ӯро директори совхози ба номи Ёрмаҳмад Шомаҳмадов таъйин мекунанд. Ҳамин тавр, Амонбек Бандаихудоев аввалин директори ин сов-хоз буд. Дар давраи роҳбариаш ба хоҷагии навбунёд коргарони совхоз корҳои зиёдеро ба ҷо меоранд. Ба дашти Сурхсангов аз рӯдхонаи Ванҷоб иншооти обрасонӣ месозанд, бештар аз 80 гектар замини ин масир аз худ карда мешавад. Бо дастгирии сарвари вақти ноҳия Муҳаммадулло Абдуллоев дар мавзеъҳои Даштаку Бунига, Лугад ва Баравн боғҳои мевадор ва канали Лахш-Даштак бунёд мегардад. Ба мавзеи доманакӯҳии Торӯғ, ки қариб 100 гектар замин дорад, ҷӯй канда, ин ҷодаи баландкӯҳ ва солҳо бекорхобидаро обёрӣ менамоянд.Ба деҳаи баландкӯҳи Пшихарв роҳи мошин месозанд.
Солҳои минбаъда нарасидани муаллимони фанҳои математика ва физикаро дар ноҳияи Ванҷ, пеш аз ҳама, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 дарк карда, Амонбек Бандаихудоев аз нав ба кори омузгорӣ мегузарад. Ду сол вазифаи муовин ва тайи зиёда аз даҳ сол директори таълимгоҳ буд. Дар давраи сарвари мактаб буданаш бинои таълимгоҳ азнавсозӣ гардида, дар гирду атрофи маърифатгоҳ боғ бунёд мекунад

Сироншоҳи ДИЛОВАР,
ноҳияи Ванҷ