НУСХАҲОИ ҲАТМӢ ГАНҶИНАИ БЕБАҲОЯНД

Дар Китобхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нусхаҳои ҳатмӣ-асоситарин роҳи мукаммал гардонидани фонди китобхона” мизи мудаввар баргузор шуд, ки дар он директори китобхона Ҷумахон Файзализода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, сардори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абубакр Манонзода, директори Хонаи китоби Тоҷикистон Сайзароб Нодирзода, сардабирони ҳафтаномаву маҷаллаҳои кишвар, намояндагони муассисаҳои нашриявии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва роҳбарони корхонаҳои табъу нашри шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҷумахон Файзализода зикр кард, ки нусхаҳои ҳатмӣ асоситарин ва муҳимтарин сарчашмаи такмили фонди китобхонаҳо ва таъмини саривақтиву беминнати истифодакунандагон бо маводи чопӣ дар китобхонаҳо мебошад. Дар баробари дигар сарчашмаҳо ва манбаъҳои мукаммал гардондани фонд, аз қабили харидорӣ аз шахсони алоҳида, аз ҳисоби муаллифон ва туҳфа аз шахсони воқеиву ҳуқуқӣ нусхаҳои ҳатмӣ сарчашмаи боъэтимод ва муҳими мукаммалгардонии фонд ба ҳисоб мераванд.
Номбурда аз вазъи вуруди нусхаҳои ҳатмӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки баъзе аз рӯзномаву маҷаллаҳое, ки ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ворид нашудаанд, аз лиҳози илмӣ арзишманд буда, хонандагони зиёд низ доранд. Ҳамчунин, раванди воридоти нусхаҳои ҳатмӣ аз ҷониби муассисаҳои нашриявӣ, яъне, чопхонаҳо низ хеле ташвишовар буда, аз тарафи баъзе нашриёт ҳатто 10 дар сади маводи чопиашон ба китобхона супорида намешавад.
Масрур Абдуллозода иброз дошт, ки бо зиёд гардидани корхонаҳои табъу нашр фонди китобхонаҳо низ бояд ғанӣ гардонида шавад. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавлидгарони нусхаҳои ҳатмӣ дар муҳлати муайянгардида муассисаҳои дахлдори соҳаро бояд бо намунаҳои чопии худ то 3 шумора таъмин намоянд.
Сайзароб Нодирзода қайд кард, ки Хонаи китоби Тоҷикистон фонди асосии нигоҳдории нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо маҳсуб ёфта, он ҳамчун муассисаи сабти дастуру методҳои таълимӣ мебошад, ки дар асоси ин феҳристҳо таҳия шуда, пешкаши истифодакунандагон мегардад. Таъкид бояд кард, ки вазъ солҳои охир нигаронкунанда буда, роҳбарияти аксари рӯзномаву маҷаллаҳо бемасъулиятӣ менамоянд ва нусхаҳои ҳатмиро ба Хонаи китоб намерасонанд.
Ба иттилои Абубакр Манонзода, ба Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳама гуна маводу мақолаҳое, ки вобаста ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп мешаванд, бо мақсади ҳифзу нигаҳдорӣ ва таҳияи маводи библиографӣ дастрас шавад. Аз ҳамин лиҳоз, пешниҳоди нусхаҳои ҳатмӣ ба Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарт аст.
Бузургмеҳри Баҳодур, мудири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи “Ҷумҳурият”, гуфт, ки китобу рӯзномаю маҷалла ва дастхатҳо хазинаи бебаҳои ҳар як миллат маҳсуб мешаванд. Хеле ташвишовар аст, ки имрӯзҳо нусхаҳои ҳатмии китобҳои беҳтарин, ки дар бораи таърихи минтақаҳои гуногуни кишварамон навишта мешаванд, ба Китобхонаи миллӣ ворид намешаванд. Пешниҳод мекунам, ки дар ин хусус аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ барномаҳои махсус таҳия ва манзури бинандагон гардад.
Сипас иштирокдорон оид ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо” ба баҳсу музокира пардохтанд.
Дар фарҷом ба чанде аз нашриёт ва рӯзномаву маҷаллаҳои фаъоли ҷумҳурӣ ифтихорномаву сипосномаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон супурда шуд.

Д. АВАЗ,
«Омӯзгор»