КИТОБ КУҲНА НАМЕШАВАД!

Солҳои донишҷӯйӣ ҳамроҳи чанд тан аз ҳамдарсон аз роҳе мегузаштем. Марди солхӯрдае дар канори роҳ китоби зиёдеро барои фурӯш чидаву худ ба мутолиаи яке аз онҳо машғул буд. Аксари китобҳо куҳнаву фарсуда буданд. Дар як коғази сафед бо ҳарфҳои калон-калон навиштае буд, ки аслан, ҳамин навишта таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб кард: “КИТОБ КУҲНА НАМЕШАВАД!”
Яке аз дӯстон бо ҳисси кунҷковӣ ба марди китобфурӯш, ки ҳанӯз ба китобхонӣ машғул буд, гуфт: Амак, чӣ тавр китоб куҳна намешавад? Ҳамаи ин китобҳо куҳнаанд, — ку?!
Марди китобфурӯш сар бардошту айнакро аз чашмонаш гирифта, аввал ба китобҳо ва пас ба он дӯсташ нигоҳ карда, посух дод: – Бачам, маънои ин навишта ин аст, ки ҳикмату дониш куҳна намешавад. Бале, китобҳо куҳнаву фарсудаанд, вале ҳикмату донише, ки дар онҳост, ҳеҷ гоҳ куҳна намешавад.
Касе аз мо дигар чизе нагуфт ва китобфурӯш айнакашро ба чашмонаш гузошта, боз ба китобхонӣ машғул шуд.
Суҳроб ВАҲҲОБНИЁ,
директори мактаби №13,
ноҳияи Тоҷикобод