Академик Бобоҷон Ғафуров бо навиштани китоби «Тоҷикон» миллати баруманду хирадсолори тоҷикро ба ҷаҳониён шинос намуд ва ин китоб ҳамчун шиносномаи миллат шинохта шуд. Ин падидаи нодири таърихӣ дар ховаршиносии Шуравӣ ва ба илми таърихнигории ватанию хориҷӣ таконе бахшида, номи Бобоҷон Ғафуровро дар хотираи миллат абадӣ намуд.
Аксарияти олимони ҷаҳонӣ, аз ҷумла ховаршиноси машҳури амрикоӣ, профессори Донишгоҳи Ҳарвард Ричард Фрай ва шарқшиноси чех Иржи Бечка, ки борҳо ба Тоҷикистон сафарҳои корӣ анҷом додаанд, заҳматҳои Бобоҷон Ғафуровро хеле баланд арзёбӣ кардаанд. Хотиррасон кардан ба маврид аст, ки ин асари мондагор соли 1998 ба истиқболи 1100 — солагии давлати Сомониён ва 90 — солагии зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров бо ҳуруфи кириллӣ ва хатти форсӣ, соли 2008 ба муносибати 100 — солагии аллома ва соли 2011 ба муносибати 20 — солагии Истиқлоли давлатӣ бо забони англисӣ, аз рӯи матни русии он ба чоп расид. Тарҷумаи порчаҳои алоҳидаи он соли 1977 дар маҷаллаи «Шоҳроҳи Абрешим» (Ҷопон), соли 1978 дар Полша (Варшава), соли 2006 дар Деҳлии Ҳиндустон (ба забони англисӣ, дар ду ҷилд), соли 1984 бо ҳуруфи форсӣ дар Кобул (Афғонистон) ва дигар кишварҳо чоп шудаанд. Мактаби таърихнигории тоҷик маҳз бо ташаббуси олими барҷаста, академик Бобоҷон Ғафуров ташаккул ва рушд ёфт. Китоби «Тоҷикон» дар заминаи «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» соли 1947 ба вуҷуд омад. Нависандаи оламшумул, устод Садриддин Айнӣ ин падидаро «ҳодисаи бузург» номид. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон» — ро ҳамчун «шиносномаи миллати тоҷик» тавсиф бахшидаанд. «Тоҷикон» василаи таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва сарчашмаи худшиносии миллати тоҷик буда, муаллиф дар рафти омӯзиш ва таҳқиқи таърих халқи тоҷик зиёда аз ду ҳазор маъхази илмӣ ва сарчашмаҳои таърихиро истифода бурдааст. Хидмати бузурги аллома Бобоҷон Ғафуров аз он иборат аст, ки ӯ аввал тоҷиконро ба минбарҳои ҷаҳонӣ баровард ва сониян ба даҳони бадхоҳони миллат мушти дандоншикан зада тавонист.
«Тоҷикон» давоми 50 соли пас аз чопи русии он (1972) ёздаҳ бор бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, лаҳистонӣ, англисӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо бознашр гардида, ҳамвора ҳамчун яке аз китобҳои серхонанда то ба имрӯз шинохта шудааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2019 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ чунин гуфта буданд: «Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ, худогоҳӣ мебошад, мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшон, қаҳрамонони диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун пояи ватандӯстию садоқат ба Ватан ташвиқ намоем».
Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш дода буданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷиқ китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп ва то ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон тақдим карда шавад. Он ба теъдоди 1 миллиону 600 ҳазор нусха бо сифати баланд чоп шуда, дастраси ҳар як оилаи кишвар гардид ва имрӯз ба китоби рӯимизии тоҷикон табдил ёфтааст.
«Тоҷикон» аз 975 саҳифа иборат буда, аз чаҳор боби калону фаслҳои алоҳида иборат аст. Китоб бо пешгуфтори муфассали Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шудааст, ки дар фуроварди он чунин иброз доштаанд:
«Моро зарур аст, ки давраҳои таърихии рӯзгори халқамонро бо диққати том мутолиа намоем, аз ҳар саҳифаи гузаштаи ниҳоят пуршебу фарозаш сабақ омӯзем, аҷдоди номбардори худро шиносем, аз решаҳои қадимаи миллати хеш огоҳ бошем, ба мардуми бумӣ, ҳунарманду эҷодкор ва соҳибмаърифат будани халқамон ифтихор кунем, таърих, забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиро ҳифз намоем».
Аҳдия ФАРРУХЗОДА,
омӯзгори МТМУ №12,
ноҳияи Айнӣ
