Мушовири дафтари методии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Дилбар Абдуллоева иброз дошт, ки фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумурии Тоҷикистон «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2022-2023, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Шурои шуъбаи маориф, Шурои методии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифт. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани аттестатсия ва тарзи дурусти ҳуҷҷатгузорӣ бо муовинони директор оид ба таълим машварати дастурдиҳӣ гузаронида шуд. Дар асоси супориши мудири шуъбаи маориф аз тарафи кормандони шуъбаи маориф гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, рафти омодагӣ ва баргузории аттестатсияҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳр мавриди санҷиш қарор дода, натиҷаи он дар машварати назди мудири шуъбаи маориф баррасӣ ва муҳокима гардид.
Мавриди зикр аст, ки соли ҷорӣ ба аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм аз синфҳои 4-11 дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд 31354 нафар роҳ дода шудааст. Теъдоди хатмкунандагон 2602 нафарро ташкил дода, наздикӣ 80 фоизи онҳо тариқи Маркази миллии тестӣ аз қайд гузашта, ихтисосҳои дилхоҳашонро интихоб намуданд. Имсол синфи 9-умро 3646 нафар хатм менамоянд ва онҳо низ барои супоридани имтиҳонҳо омодагии ҳаматарафа дида, баҳри он талош менамоянд, ки сазовори баҳои хубу аъло гарданд.
Бо мақсади шиносоӣ ба рафти баргузории аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар МТМУ №19 бо директори муассиса ва омӯзгорон суҳбат намудем. Директори муассиса Муқаддас Азимова перомуни омодагии шогирдон ва ҷудо намудани синфхонаҳои беҳтарин барои гузаронидани аттестатсия, тайёр намудани варақаҳои имтиҳонӣ, сатҳи дониши шогирдон сухан гуфта, зикр кард, ки мо баҳри он талош менамоем, ки тибқи нақша имтиҳонҳои гузариш ва хатмро дар сатҳи баланд гузаронида, ба дониши шогирдон баҳои воқеӣ гузорем.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
«Омӯзгор»,
вилояти Суғд