АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОННАЗДИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ МАЪМУРИИ ХИДМАТИ ДАВЛАТИИ ЗЕР ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Дастгоҳи марказӣ
1. Сармутахассис (ҳуқуқшинос)-и шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1660 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хидмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2. Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1352,90 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хидмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
3. Мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1352,90 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хидмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
1. Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1472,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хидмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2. Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1007,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хидмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд
1. Муовини сардори раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2339,3 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хидмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
2. Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1170,3 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хидмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
3. Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 962,8 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хидмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон
1. Сармутахассис – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1427,6 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хидмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
2. Мутахассиси пешбар – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 1170,3 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хидмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
3. Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 962,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хидмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар шаҳри Душанбе
1. Сармутахассис – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 1427,6 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хидмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт
1. Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хидмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Зарафшон
1. Сардори шуъба — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1755,05 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хидмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хидмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хидмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сардори шуъба:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хидмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хидмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хидмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хидмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии корӣ.
Талаботи тахассуси барои ишғоли мансаби мутахассис:
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хидмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
– ариза ба унвони роҳбари мақомот;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи шиноснома;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ, шакли 038УЕ;
– нусхаи гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкӣ;
– маълумотнома оид ба доғи судӣ;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
– нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (СИН);
– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хидмати ҳарбиро адо намудаанд);
– 2 адад акси андозаи 4х6 ва 2 адад акси андозаи 3х4;
– маълумотнома (справка-объективка) бо акси ранга.
Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Садриддин Айнӣ 126, шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ (Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, ошёнаи 3), телефон 225-83-28, 225-83-32.
Муҳлати охири қабули ҳуҷҷатҳо баъд аз 21 рӯзи нашри озмун дар бораи гузаронидани озмун.