СИПАРИ БОЭЪТИМОД

Дар шароити пуртазоду зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, торафт шиддат гирифтани вазъи сиёсиву амниятӣ дар минтақаҳои гуногуни сайёра таҳкиму тақвият бахшидани Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо технологияи пешрафтаи рақамии низомӣ муҷаҳҳаз сохтани он амри зарурӣ ва стратегияи миллии давлатдорист.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ сипари боэътимод ва рӯҳи шикастнопазири миллати тоҷик ва давлати дунявии Тоҷикистон маҳсуб мегардад.
Маълум, ки Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсули заҳматҳо ва талошҳои таърихӣ ва самараи мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳоло муносибатҳо ва ҳамкориҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор кишварҳои ҷаҳон дар сатҳи назаррас қарор дошта, дар асоси имзои созишномаҳои дуҷониба дар муассисаҳои гуногуни ҳарбии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии халқии Хитой, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федералии Олмон, Фаронса, ИМА, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Беларус, Туркия, Қазоқистон ва ғайра кадрҳои ҷавон — афсарон ва низомиёни донишманду боматонат ва шуҷоъу далер ба таҳсил, омӯзиш ва такмили ихтисос машғул мебошанд.
Дар роҳи таҳкими пояҳои Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои олии таълимии ҳарбӣ ва низомӣ, аз қабили литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, курсҳо ва семинарҳои омӯзишӣ, дарсҳо дар самти омодагии дифоии ҳарбӣ амал мекунанд, ки ҳадафи аслии онҳо мустаҳкаму устувор намудани Артиши ҷавони мамлакат аз лиҳози кадрӣ мебошад. Ҳамзамон дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон усулҳои камхарҷу пурсамари таълими ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани малакаи ҷангӣ ва обутоби ҷисмонии аскарон татбиқ мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машқу тамринҳои муштараки низомӣ бо давлатҳои шарик ва пешрафтаи минтақа ва ҷаҳон баргузор гардида, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар гузаштҳои байналмилалии ҳарбӣ ва тамрину омӯзишҳои бузург дар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла, Федедератсияи Россия, Ҷумҳурии мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Беларус ва ғайра иштирок намудаанд.
Дар давоми ин солҳо дар ҳудуди ҳамаи вилоятҳо ва пойтахти кишвар хизматчиёни зиёди ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо манзили зист таъмин гардиданд ва бунёди хонаҳои иқоматӣ ё худ шаҳраки низомиён барои афсарону оилаҳои онҳо ҳамоно идома дорад.
Ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҳифзи суботу амният ба Артиши миллии худ такя мекунад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зода ва парвардаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад, имрӯз ба ҳомии воқеии Ватану миллат ва муҳофизи аслии музаффариятҳои давлати ҷавону соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтааст. Хидматҳои шабонарӯзии афсарону сарбозон ва фармондеҳони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки мамлакати мо давоми солҳои ахир дар сархати давлатҳои амнтарину оромтарини сайёра қарор гирифтааст.
Баҳром МАИЗОВ,
омӯзгори омодагии
ибтидоии ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонии МТМУ №45,
ноҳияи Айнӣ