«ОДАМ – РОБОТ» ҒОЛИБ ОМАД

Бо мақсади дарёфт ва ҳавасманд намудани хонандагони эҷодкору навовар, ҷалби онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар шаҳри Ваҳдат даври сеюми (минтақавӣ) озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорони наврас» баргузор гардид, ки дар он намояндагони шаҳру навоҳии тобеи марказ – хонандагони эҷодкору навовар аз шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Турсунзода, Ваҳдат, Файзобод, Шаҳринав ширкат варзида, ихтирооти хешро намоиш доданд. Доварон ба ҳар як лоиҳа ва экспонати таҳиянамудаи ихтироъкорони наврас баъди суҳбат ва санҷишҳои техникӣ баҳои одилона доданд.
Масалан, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25 — и шаҳри Ҳисор Наҷмиддин Азизов ва Билол Ҳабибов ба ҳайати ҳакамон лоиҳаи қуттӣ барои дарёфти дузд, мушқапак, асбоби муайян намудани сатҳи заминларза дар минтақа, чароғаки эҳтиётӣ ва гӯшаи тиббиро пешниҳод намуданд. Ихтироъкорони ноҳияи Шаҳринав, хонандагони мактаби рақами 14 Дилшода Раҳматуллоева, Сабринаи Хайём аз шираи дарахти гелос ширеш омода намудаанд, ки он барои васл намудани шиша бо плазма хизмат мекунад. Ҳамчунин, барои табобати дарди дандон ва милки дандон аз пӯсти дарахти сафедор дар натиҷаи ҳамроҳкунӣ ва дар спирт хобонидан маҳлули шифобахш ҳосил намудаанд. Ихтироъкор аз шаҳри Турсунзода, хонандаи муассисаи №55 Алишер Юнусов барои хоҷагиҳои деҳқонӣ чандин намуди асбобу техникаи алафдаравиро пешниҳод намудааст, ки тариқи гидравлика фаъолият менамояд ва он аз олотҳои ниҳоят одӣ-чӯбу пластмасса ва найчаҳои резинӣ омода шуда буд.
Асбоби сохтаи хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и шаҳри Ваҳдат Одилҷон Нуров – «Одам-Робот» ба назари ҳакамон хеле аҷоиб намуд. Ихтироъкори ҷавон шарҳ дод, ки роботи сохтаи ӯ вазифаҳои зиёдеро ба ҷо меорад. Барои хобондани кӯдак гаҳвораи ӯро меҷунбонад, алла мегӯяд, ҳолати дигар ҳамчун минитеатр барои тамошои баъзе барномаҳои телевизионӣ хидмат мекунад. Ҳамчунин, дар ҳолати набудани соҳибхона вазифаи пос-бонро адо менамояд. Назорат мебарад, дар ҳолати даромадани дузд ва ё шахси бегона ба хона, ӯ ба соҳибаш занг мезанад, ба ӯ паёмак мефиристад, соҳибашро аз ҳолати рухдода огоҳ месозад ва дар зиндагӣ, инчунин, хидмати чангкашакро ҳам адо мекунад. Доварон ба қобилият, ихтироъ ва кашфиёти ӯ баҳои баланд доданд. Хонандаи гимназияи «Ҳотам – ПВ»-и шаҳри Ваҳдат Муҳаммад Шарифов муҳаррикеро пешниҳод намуд, ки бо тамоми намудҳои сӯзишворӣ кор карда, энергияи барқи арзон истеҳсол мекунад.
Намояндагони ҷавони ноҳияи Рӯдакӣ Зебунисои Саъбиддин, Абубакр Ёров, Мутрибахон Нарзуллозода, таҳти роҳбарии устодашон Хуршед Ҳалимов бо ихтирооти гуногун омадаанд. Ва дастгоҳи тиббии электронии онҳо ҳайати ҳакамонро ба ҳайрат овард, ки он барои муайян намудани намуди беморӣ пешбинӣ шудааст.
Ихтироъкорони ноҳияи Файзобод – хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 Муртазо Солиев, Зиёвуддин Нозимов таҳти роҳбарии устодашон Олимҷон Раҳимов чандин намуди асбобҳои сохтаашон: мошини тестии электронӣ, дарғот барои пешгирии сел ва дигар офатҳои табиӣ сохтаанд, ки ҳангоми рӯй додани обхезӣ, омадани сел ва ё заминларза аз аввал то охири дарғот бонги хатар садо медиҳад ва аҳолиро чанд соат пештар аз вазъи ҳолати фавқулода огоҳ менамояд. Ҳамчунин, дар ҳамин лоиҳа батареяҳои офтобӣ насб гардидаанд, ки аҳолиро бо барқи арзон ва софу безарар таъмин месозад. Макети сохтаи бачаҳо шаклан хеле зебо ва диданӣ буд. Ихтироъкори ҷавон лоиҳаи худро ҳимоя карда тавонист ва доварон аз ҷавобҳои ӯ қаноатманд гардиданд.
Дар ҷамъбаст ихтироъкори ҷавони шаҳри Ваҳдат, хонандаи синфи 10 «а» Одилҷон Нуров бо ихтирои «Одам-Робот», дар номинаи робототехника, хонандаи синфи 8, узви маҳфили «Ихтироъкорони наврас»-и Маркази эҷодии кӯдакону наврасони ноҳияи Рӯдакӣ Зебунисои Саъбиддин аз рӯйи номинаи хоҷагии коммуналӣ ва хидматрасонии маишӣ, ихтироъкори ноҳияи Файзобод Зиёвуддин Нозимов аз рӯйи номинаи технологияи иттилоотӣ, радиотехника ва алоқа мақоми аввалро соҳиб гашта, ғолиби даври минтақавии озмуни «Ихтироъкори ҷавон» дониста шуданд. Ғолибон дар даври ҷумҳуриявии озмун ширкат меварзанд.
Саидмурод ИСКАНДАРӢ,
шаҳри Ваҳдат