МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД

29-уми майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини вазири мориф ва илм Зиёдулло Абдулзода бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд Шин Лонг баргузор гардид.
Зиёдулло Абдулзода иброз намуд, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо, махсусан, амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Дар идома Шин Лонг зикр намуд, ки Бонки Осиёии Рушд ҳамеша ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ва иҷрои лоиҳаҳои муштарак бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ва тавсеаи ҳамкориҳо боиси пешрафту рушди ҷонибҳо мебошад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон