САФАР БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

НОҲИЯИ ФАРХОР
6-уми июни соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Фархор аз вазъи сохтмони бинои иловагии муассисаи таълимии №14-и деҳаи Иттифоқи ноҳияи Фархор дидан кард.
Бинои нави муассисаи таълимӣ барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Яке аз сабабҳои сохтмони бинои нави таълимӣ куҳнаву валангор будани бинои асосӣ (сохтмонаш соли 1938 буд) буда, сабаби дигар, сол то сол зиёд шудани шумораи хонандагон ба шумор меравад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт чораандешӣ намуда, дар заминаи ҳамкориҳо бо ташкилотҳои маблағгузор ҷиҳати бунёди бинои наву замонавӣ мусоидат карда истодааст.
Вазири маориф ва илми кишвар Р. Саидзода бо омӯзгорони муассисаи таълимии мазкур мулоқот намуда, аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд. Гуфта шуд, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ маҳз бо дастгириву ғамхориҳои Роҳбари давлат соҳаи маориф рушд намуд ва барои таълиму тарбияи насли наврас шароити беҳтар муҳайё гардид. Ҳамасола даҳҳо муассисаи наву замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, ки аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳад.
Сипас, дар хусуси мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҳамкории волидайн бо муассисаи таълимӣ, иҷрои вазифаву уҳдадориҳои омӯзгорон, самаранок гузаронидани давраи таътили тобистона ва таъмири ҷории муассисаи таълимӣ изҳори андеша намуданд.
НОҲИЯИ ВОСЕЪ
Дар идомаи сафари корӣ вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода дар ноҳияи Восеъ аз вазъи сохтмони якчанд бинои нави муассисаҳои таълимӣ дидан карда, бо омӯзгорон суҳбат анҷом дод.
Бахусус, ба ҳолати сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №49-и деҳаи Охҷари Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ шинос шуданд. Муассисаи таълимии мазкур барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Вазири маориф Р.Саидзода бо омӯзгорону сохтмончиён вохӯрӣ намуда, дастур дод, ки дар собиқ бинои муассисаи таълимии №49 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ташкил ва кӯдакони деҳот ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шаванд.
Дар муассисаи таълимии №3 бинои нав барои 1176 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст, ки бо тарҳу шароити муосир бунёд мешавад. Ҳоло дар муассисаи мазкур 72 нафар омӯзгор ба 1256 нафар хонанда таълиму тарбия медиҳанд. Бинои асосии муассиса таъмирталаб буда, барои азнавсозӣ ба нақша ворид ва бо ҷалби шарикони рушд таъмири асосӣ карда хоҳад шуд. Аз ҳолати ин муассиса низ вазири маориф ва илм дидан карда, барои тезонидани кор ва босифат анҷом додани он ба масъулин дастуру супориш дод.
Ҳамзамон, гурӯҳи корӣ бо роҳбарии вазири маориф ва илми кишвар Р.Саидзода аз муассисаи таълимии №54-и ноҳияи мазкур дидан карданд. Дар муассисаи таълимӣ бинои нав барои 240 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Дар таълимгоҳ ҳоло 635 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Хадамоти матбуоти
раёсати маорифи
вилояти Хатлон