ГУФТУГӮ ПЕРОМУНИ МАСОИЛИ МУҲИМ

Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода бо кормандони соҳаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ вохӯрд. Дар ин вохӯрӣ сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи номбурда низ иштирок доштанд.
Р. Саидзода зимни суханронӣ оид ба вазъи соҳаи маорифи ноҳия изҳори назар карда, ба собиқ мудири шуъбаи маориф Насимҷон Ғоибзода барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳа изҳори сипос намуд ва мудири нави шуъбаи маориф Санифа Тағоймуродзодаро муаррифӣ кард.
Ба масъулин вобаста ба аттестатсияи аз синф ба синфгузарӣ, имтиҳоноти хатм, ҳолати заминҳои наздимуассисавӣ, аттестатсияи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, иштирок дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарраи соҳаи маориф дастуру супоришҳо дода шуд.
Хадамоти матбуоти
раёсати маорифи вилояти Хатлон