КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ: ИМТИЁЗ БА ТАҲСИЛ

ҶАЛАСАИ МАШВАРАТӢ
Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даври сеюми озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид ва он то 11 июн идома меёбад.
Вобаста ба баргузории озмун дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва илм ҷаласа баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои комиссияи ҷумҳуриявии даври сеюми озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Пешвои миллат аз соли 1997 барои таҳсил дар мактабҳои олии Тоҷикистон бо ҳадафи дастгирии духтарону писарони деҳот ташкил шуда, 26 сол амал менамояд.
Дар замони Истиқлол 11 500 духтар аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатро бо квотаи Президентӣ хатм кард. Дар ин давра 222 ҳазор духтар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор духтар дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд.
Дар ҷаласа ҷиҳати таъмини шаффофияти раванди баргузории озмуни квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
26 ҲАЗОРУ 67 ҶОЙ
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли таҳсили 1997-1998 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси машваратии занони фаъоли ҷумҳурӣ (аз 26 апрели соли 1997) ва дар вохӯрӣ бо ҷавонон (23 майи соли 1997) бо қарори мушовараи вазорат (аз 30 майи соли 1997, таҳти №6/2) ва фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (№442, аз 1 августи соли 1997) барои довталабон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар квотаи махсусро ҷорӣ намуд, ки мувофиқи он ҳар сол духтарони деҳоти дурдаст ва аз соли таҳсили 2005-2006 писарони болаёқати деҳоти ҷумҳурӣ тибқи суҳбат ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул мешаванд.
Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 26 соле, ки квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои духтарону писарони деҳоти дурдасти кишвар амал мекунад, аз 61 шаҳру ноҳия ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 26 ҳазору 67 ҷой (15 ҳазору 914 ҷой барои духтарон ва 10 ҳазору 153 ҷой барои писарон) ҷудо гардидааст.
Ҳар сол вазорату идораҳои соҳавӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар доираи квотаҳои муқарраршуда бо дарназардошти афзалияти ихтисосҳои омӯзгорию тиббӣ, барои соли таҳсили оянда номгӯи ихтисосҳоро барои духтарони деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва писарони лаёқатманд таҳия ва ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
Дар навбати худ, вазорат бо дарназардошти талаботи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба мутахассисон, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо нақшаи қабули донишҷӯёнро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсил аз рӯи ихтисосҳо таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод менамояд.
Озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври сеюм дар асоси саволномаҳои тестӣ (хаттӣ), ки аз рӯи гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) бо забони давлатӣ аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони фаннӣ ва таъсиси гурӯҳҳои корӣ барои ҳар як ихтисоси ҷудошуда дар доираи барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳия ва тасдиқ мегардад, баргузор мешавад.
Дар замони муосир ҷалби ҷавонон ба илм ва ихтироот дар бисёр кишварҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Яке аз ҳадафҳои тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил ҷалб намудани духтарону писарони болаёқат фароҳам овардани имконот ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ мебошад.
ШАҲРИ ҲИСОР
1 июн дар шаҳраки донишҷӯёни ДМТ даври сеюми озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар он 88 довталаб байни ҳам сабқат намуданд. Тибқи тақсимоти пешакӣ, барои шаҳри Ҳисор 21 квота (11 духтар ва 10 писар) ва роҳхат ба 8 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 21 ихтисос (ДМТ: 4 ихтисос: ДДОТ ба номи С.Айнӣ: 10 ихтисос, ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино: 2 ихтисос, ДДЗТ ба номи С.Улуғзода: 1 ихтисос, ДТТ ба номи академик М.Осимӣ: 1 ихтисос, ДДФСТ ба номи М.Турсунзода: 1 ихтисос, ДТҶТ ба номи С.Раҳимов: 1 ихтисос, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон: 1 ихтисос) ҷудо шудааст.
Озмун шаффоф сурат гирифта, барои ҳалли корҳои санҷишӣ (тестӣ) як соати астрономӣ ҷудо гардида буд. Дар охир аъзои комиссияи ҷумҳуриявии озмун барои муайян кардани ғолибон дар ҳузури волидайн ба корҳои довталабон холгузорӣ карданд, ки дар натиҷа 21 нафар роҳхат ба даст оварда, сазовори номи донишҷӯ гаштанд.
КАМБУДИҲОРО БАРТАРАФ БОЯД КАРД
Натиҷаи ҷамъбасти даври сеюми озмун нишон дод, ки дар рафти қабул баъзе камбудиҳо низ ба чашм расиданд. Масалан, тибқи банди 10-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2 июли соли 2015, №428) “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бояд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба ҳар як ҷойи пешбинишуда ҳуҷҷатҳои на камтар аз 3 ва на зиёда аз 6 довталабро барои иштирок дар озмун пешниҳод намоянд. Дар озмуни квота бояд онҳое иштирок намоянд, ки дониши баланд ва ҷаҳонбинии васеъ дошта бошанд. Вале аз шаҳри Ҳисор дар ду ихтисос (суруд ва мусиқӣ, физика ва математика) якнафарӣ довталаб иштирок доштанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки даврҳои якуму дуюм шаффоф сурат нагирифтаанд, ҳол он ки бояд беҳтаринҳо ба муассисаҳои олии кишвар дохил шаванд.
Вобаста ба масъалаи мазкур мушовири кабинети методии шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор Бобомурод Исмоилов гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии аз 3 нафар кам супоридани ҳуҷҷатҳои довталабон ба ихтисосҳои гуногун бовар надоштани ба худ, нодуруст интихоб кардани ихтисос аз тарафи довталабон ва волидайни онҳо мебошад.
Инчунин, мушоҳида ва таҳлили қабули духтарон ва писарон тибқи квотаи мазкур ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар нишон дод, ки аксари мутасаддиёни мақомот ба ихтисосҳои дар боло зикргардида довталабонеро пешбарӣ карданд, ки онҳо ҳоҳиши таҳсилро дар ин ихтисосҳо надошта, танҳо барои иҷрои нақшаи қабул пешниҳод гардидаанд.
Аз оғози қабули довталабон, тибқи квотаи Президентӣ 26 сол сипарӣ мегардад. То ин дам даҳҳо ҳазор нафар ба ин васила муассисаҳои олии кишварро хатм карда, дар пешбурди хоҷагии халқ хидмати босазо доранд.
Аз ин рӯ, барои рафъи камбудиҳо сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, интихоб ва пешниҳоди довталабони квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои суҳбат тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ намоянд.
Тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.04.2001, №199 «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2005» аз қарорҳои минбаъдаи Президент нисбат ба ҷавонони аз рӯйи квота дохилшаванда заминаи мустаҳкам гардид. Баъди ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3. 06.2005, №184 «Дар бораи квотаи Президентии қабули ҷавонони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олӣ (бе имтиҳон) барои солҳои 2006-2010» барои ҷавонони кишвар умедворкунанда буд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.12.2010, №628 «Дар бораи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» дар давраи муҳимми соҳибистиқлолӣ заминаи давлатдории тоҷиконро як андоза неру бахшид. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.11.2015, №708 «Дар бораи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020») ва дар заминаи пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор ва эҳтиёҷоти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол «Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи квотаи Президентӣ» аз рӯи ихтисосҳои барои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар зарур дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Ин қарор барои танзими минбаъдаи қабули донишҷӯён тибқи квота асос шуда метавонад.
Сайфиддин МУРОДОВ,
«Омӯзгор»