КӮДАКОН ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД

Дар боғи истироҳатӣ — фароғатии шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ҳамоиши идона бо иштироки муовини раиси шаҳр Арафамо Даминзода бо тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои шаҳр баргузор гашт. Дар қисмати аввали ҳамоиш дастовардҳои кори эҷодии кӯдакони муассисаҳои таълимию томактабӣ ва расмҳои кашидаи рассомони хурдсолро ба намоиш гузошта буданд.
Арафамо Даминзода дар расми ифтитоҳ иброз дошт, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамасола 1 июн дар тамоми дунё таҷлил гардида, ин санаи фархунда таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба кӯдакон афзунтар мегардонад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба рушди муассисаҳои томактабӣ, таъмиру азнавсозии онҳо ва баҳри боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи кӯдакон диққати хоса медиҳад.
Айни замон дар шаҳри Кӯлоб дар 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба таълиму тарбияи 1556 нафар кӯдаки синни томактабӣ 67 нафар мураббӣ машғуланд. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии давлатӣ 1200 нафар, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ 356 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Дар баробари ин, дар назди 35 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб 41 гурӯҳи маркази рушди барвақтии кӯдакон ё марказҳои инкишофи кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 1757 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиши идона рақсу суруди хурдтаракон табъи меҳмононро шод намуд.
Дар фарҷом як гурӯҳи кӯдакону наврасон ва мураббияҳои пешқадами муассисаҳои томактабии шаҳр бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаи раиси шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»,
шаҳри Кӯлоб