Тоҷиддин Шодиев соли 1943 дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ чашм ба ҷаҳон кушодааст. Ӯ соли 1955 ҳамроҳи аҳли оила ба шаҳри Панҷакент мекӯчад. Таҳсил дар омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳр дунёи тозаеро пешорӯи ин ҷавони наврас боз мекунад ва бо гузашти вақт шавқу рағбати омӯзгорӣ дар дилаш бештар мешавад. Соли 1961 Тоҷиддин Шодиев омӯзишгоҳро ба поён мерасонад ва бо роҳхати Вазорати маориф ба ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) фиристода мешавад.
Омӯзгори ҷавон бо дастури мудири маорифи ноҳия ба деҳаи Сайёди дараи Ромити хушманзара фиристода мешавад. Он айём миёни деҳаҳо роҳҳои мошингард мавҷуд набуд ва мардум масофаҳои тӯлониро пиёда тай менамуданд. Ба сабаби он ки миқдори омӯзгорон кам буд, Тоҷиддини ҷавон бо хоҳиши директорони мактабҳо дар ду мактаб – то нисфирӯзӣ дар мактаби деҳаи Навобод ва баъди нисфирӯзӣ дар мактаби деҳаи Ҳилмағз дарс медод. Омӯзгори ҷавон барои он ки ба дарсҳо дер накунад, масофаи байни ин деҳаҳоро давида тай мекард. Аз сӯи дигар, он солҳо шумори талабагон низ зиёд набуд ва се-чор синфро муттаҳид намуда дарс медоданд.
Бо гузашти айём хонаводаи онҳо ба деҳаи Муғулони ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) мекӯчад. Бо роҳхати шуъбаи маорифи ин ноҳия Т.Шодиев ба мактаби ибтидоии деҳаи Қулбулоқ фиристода мешавад. Дар деҳаи мазкур ду сол ба шогирдон дарс мегӯяд. Соли 1968 дар деҳаи Ҳалқаҷар омӯзгор таъйин мегардад ва то баҳори соли 1970 дар он ҷо кор мекунад.
Кор дар мактаб дар зеҳни устод чунин андешаро бедор месозад, ки дониши худро дар риштаи маориф ва риштаҳои тахассусӣ камол бахшад. Ба ин хотир Тоҷиддин ба шуъбаи ғоибонаи факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, ба таҳсили хеш идома мебахшад. Пас аз хатми донишгоҳ ибтидои соли 1970 вай барои ҳамеша ба зодгоҳи худ, ба деҳаи Мадми нохияи Айнӣ баргашта, то синни нафақа аз фанни биология ба шогирдон сабақ медиҳад. Бояд зикр намуд, ки хонаводаи устод миёни ҳамдеҳагон аз хонаводаҳои шиносу маъруф ба шумор меравад. Фарзандони эшон ҳамагӣ соҳиби маълумоти олӣ буда, дар риштаҳои мухталиф машғули кору фаъолиятанд. Устод Тоҷиддин Шодиев дар тӯли солҳои омӯзгории худ шогирдони зиёдеро тарбия кардааст, ки дар соҳаҳои гуногуни зиндагии иҷтимоӣ фаъолият менамоянд. Қисме аз шогирдонаш касби омӯзгориро пеша кардаанд ва дар ҳар маҳфиле аз мавсуф зикри хайр мекунанд. Камина низ аз шумори шогирдони устодам ва худро хушбахт мешуморам, ки аз ӯ дарси илму маърифат, инсоният, ватандӯстиву ватандорӣ омӯхтаам.
…Агар устод дар қайди ҳаёт мебуданд, моҳи майи соли равон ба синни 80 мерасиданд. Равонашон шод бод!
Арбоб АРБОБОВ,
омӯзгори биологияи мактаби №20,
ноҳияи Айнӣ,
