Зан неруи тавоно, модар, офарандаи олам аст, фардест меҳрубону хоксор. Тавоноии ӯ ба зиндагӣ ва ҷомеа қувват мебахшад. Зан бо қалбу идроки пурэҳсоси худ метавонад тамоми мушкилоти рӯзгорро гиреҳкушоӣ кунад. Ҳамагон пеши зан сари таъзим фуруд меоранд, ба ӯ таҳсин мегӯянд. Зан ҳар амалашро бо камоли самимияту меҳру муҳаббат сомон мебахшад. Ин ҳама фазилатҳои неку ҳамидаро метавон дар мисоли ҳаёт ва фаъолияти роҳбари маҳфили «Бурандагӣ-дӯзандагӣ»-и муассисаи таҳсилоти иловагии №1-и шаҳри Панҷакент Замира Ҷумаева низ ба мушоҳида гирифт.
Рӯзгори ӯ, фаъолияти педагогияш рангину ҷолиб ва мароқангез аст. Аз кӯдакӣ шавқи зиёд ба ҳунармандӣ дар дил дошт, зеро модараш ҳунарманди номӣ, чевари шинохтаи шаҳри Панҷакент буд.
Чун анъана хонаи арӯсро бо кӯрпачаи қуроқӣ оро додан ба мардуми Панҷакент низ хос аст. Замира барои ин кор ба оилаҳои зиёде дасти мадад дароз кардааст. Ин бонуи хушрӯзгор, ки худ дӯзанда аст, дар дастрас намудани малофаҳо барои қуроқдӯзӣ ба шогирдонаш кумак мерасонад.
Ӯ мегӯяд, ки офаридани нақшҳои гуногун дар либос, қуроқ, матоъ, зардӯзӣ ба ман илҳом мебахшад. Омӯзгори соҳибҳунар дар ороиши гӯшаҳои фарҳангии чорабиниҳои шаҳриву вилоятӣ хеле фаъол аст. Ҳамчунин, борҳо намоиши ҳунарҳои дастии шогирдонашро (либосдӯзӣ, қуроқдӯзӣ…) баргузор кардааст.
Ин бонуи хушрафтор хатмкардаи коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент ва ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (факултаи забон ва адабиёти тоҷик) мебошад. Дар мактаби олӣ ҳамбаста бо таҳсил пайваста ҳунаромӯзӣ мекарду ҳунарашро сайқал мебахшид. Замира Ҷумаева соҳиби оилаи хушбахт аст ва дар муҳити оила низ илова ба корҳои дигар мунтазам ба зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, дӯхтани либосҳои миллӣ ба арӯсон, дӯхтани кӯрпаву кӯрпачаҳо ба навхонадорон машғул мешавад ва аз он меболад, ки нақши дастонашро дар хонадонҳои ободу некрӯз мебинад.
Ӯ замони дар мактаби миёна хонданаш узви маҳфили «Дӯзандагӣ»-и муассисаи таҳсилоти иловагии №1-и шаҳри Панҷакент буд. Дар ин муассиса модараш кор мекарданду ба ибораи маъмул, панҷ панҷаашон ҳунар буд. Замира модарашро дар ҳунаромӯзӣ нахустустоди худ медонад. Ҳамчунин, дар ин муассиса аз омӯзгорони пуртаҷриба Мавҷуда Исмоилова, Бибиҷон Эшонқулова Маҳбуба Сироҷиддинова нозукиҳои касбро аз худ кард. Ва ҳамон вақт аҳд карда буд, ки дар оянда дар паҳлуи устодонаш ҷой гирад.
Замира Ҷумаева ба орзуи дил расид ва фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1997 дар муассисаи таҳсилоти иловагии №1-и шаҳри Панҷакент ба сифати роҳбари маҳфили «Зардӯзӣ» оғоз намуд ва чандест, ки иҷрои вазифаҳои роҳбари маҳфил ва мудири шуъбаи «Ҳунарҳои зебо»-ро ба зимма дорад. Шогирдони зиёдеро ҳунар меомӯзад ва аз ин ифтихорманду сарбаланд аст. Аз ҷумла, шогирдонаш Мавлуда Мирзоева, Санавбар Отабоева, Бахтинисо Отабоева, Зуҳро Мирматова, Марҷона Салимбоева, Нигина Раупова, Парвина Ҳомидова, Шаҳнозаи Раҳмон, Ҳоҷаройи Лутфулло… ҳар яке соҳиби коргоҳҳои дӯзандагӣ гаштаанду зиндагонии худро бо ҳунари хеш ҷило бахшидаанд.
З.Ҷумаева соҳиби диплому ифтихорнома ва сипосномаҳои зиёде мебошад. Аз суҳбат бо ӯ зуд пай мебаред, ки бонуест фурӯтану хушсухан диди некбинона дорад, оламу одамро ба хубӣ дарк менамояд. Ман ба чунин бонувони ҳунарманд бо ҳавас менигарам. Кош, сафашон ҳар чи бештар бошад.
Ба устоди арҷманд ва бонуи гулдаст Замира Ҷумаева дар ҷодаи омӯзгорию ҳунаргустарӣ барору комёбиҳо орзу дорем.
Зи ранҷи дастҳоят файз борад,
Ҳунар аз ту ҷилои тоза дорад.
Мижгона ЯҲЁЕВА,
омӯзгори литсейи касбӣ-техникии
шаҳри Панҷакент
