24-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Боргоҳи илму маърифат бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи маориф дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст.
Раванди дарс дар муассисаи нави таълимии 2-ошёна, ки барои 400 нафар донишҷӯ пешбинӣ гардидааст, ба забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Коллеҷ дорои 8 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ буда, ҳар яки он дорои мизу курсӣ, тахтаи электронӣ ва дигар аёниятҳои хониш мебошад.
Бо ифтитоҳи бинои нави коллеҷ 20 нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шуданд.
Таълимгоҳ дорои синфхонаи компютерӣ, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ, чопи маводди дарсӣ, толори маҷлис борои 100 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 нафар ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар коллеҷи мазкур барои омода намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор” мутахассисони донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ва компютериро дар сатҳи баланд тайёр менамояд.
Дар коллеҷи мазкур бо мақсади татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” — солҳои 2020-2040 имконоти васеъ муҳайё мебошад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муосири донишомӯзӣ дар коллеҷи нави хусусӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро дар самти тарбияи мутахассисони соҳаи маориф намуна арзёбӣ карданд.
