ВОХӮРӢ БО ДИРЕКТОРИ МИНТАҚАВИИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД

24-уми майи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо директори минтақавии Бонки Исломии Рушд ҷаноби Иброҳим Шукрӣ баргузор гардид.
Дар оғоз Раҳим Саидзода аз рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуд. Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсиаи ҳамкориҳо, махсусан, амалӣ сохтани лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Дар навбати худ Иброҳим Шукрӣ гуфт, ки Бонки Исломии Рушд ҳамеша ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ва иҷрои лоиҳаҳои муштарак бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ва тавсиаи ҳамкориҳо боиси пешрафту тараққиёти ҷонибҳо мебошад.
Дар охир аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба меҳмонон туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.