Мусоҳиба бо мушовири раёсати корҳои сиёсӣ – тарбиявии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Одина Маликов
— Муҳтарам Одина Маликов! Нахуст мехостем, дар хусуси омилҳои таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот медодед.
— Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон навъи махсуси қӯшунҳоянд, ки барои ҳимоя ва муҳофизати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамомияти арзӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудаанд.
Амнияту оромии ҳар давлат ба сатҳи муҳофизати марзу бумаш вобаста мебошад. Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонидааст. Ин масъала дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифта буд. Нахустин санаде, ки барои таъсиси сохтори марзбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор гардид, Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 1992, №981 ба ҳисоб меравад.
Мувофиқи қарори мазкур дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил ёфт. Баъдан, бо Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1992 дар ҳайати кумитаи мазкур Раёсати ҳифзи сарҳади давлатӣ ташкил ёфт.
Дар суханронии худ дар маҷлиси ботантана ба муносибати 20-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии кишвар (27.05.2014) Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба марҳалаҳои ташкили неруҳои марзбони ҷумҳурӣ изҳори назар намуда, таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии кишварро дастоварди бузурги таърихӣ дар ҷодаи ҳифзу ҳимояти амнияти давлат ва марзҳои кишвар донистанд. Зикр намудан бамаврид аст, ки Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ аз хатари рӯзафзуни терроризму экстремизм ва ҳадафҳои нопоки ҷангиёни неруҳои ифротгаро садо баланд карда, дар ин раванд нақши Қӯшунҳои сарҳадиро муҳимму ҳалкунанда арзёбӣ мекарданд. Бо ин мақсад, 28 майи соли 1994 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки вазифаи аввалиндараҷаи он муқовимату мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла, густариши терроризму экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ маҳсуб мешуд. Ҳамин тариқ, бо пешгирӣ намудани ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, ки тавассути сарҳад ба амал меояд, зиндагии осудаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва минтақа аз ҷониби неруҳои марзбони кишвар таъмин карда мешавад. Таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди муҳимму тақдирсоз натанҳо дар бақову пойдории давлату давлатдории миллӣ, ҳифзи амнияти ҷомеа ва ҳимояи марзу буми кишвар, балки нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон ба ҳисоб меравад.
— Мусаллам аст, ки таъсису ташаккул ва марҳалаҳои мустаҳкаму тавонманд гардидани Қӯшунҳои сарҳадӣ таърихи хоси худро дорад. Дар ин самт чӣ тадбирандешӣ ва корҳои амалӣ анҷом дода шуданд?
— Воқеан, баъди ба тасвиб расидани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ҳифзи марзи давлатӣ муайян ва мушаххас гардиданд. Ташкил ва муҷаҳҳаз гардонидани Қӯшунҳои сарҳадӣ бо иншооти зарурӣ, техникаи низомӣ, аслиҳаи ҳозиразамон бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳала ба марҳала амалӣ гардид. Бояд таъкид кард, ки дар марҳалаи аввал мушкилот хеле зиёд буданд: иншоот, аслиҳа, воситаҳои нақлиёт, техникаи ҳарбӣ, кадрҳои боихтисос намерасид. Давра ба давра ин мушкилот ҳал шуданд. Баъди ба имзо расидани созишномаи сарони ду кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соли 2005, ҳимояи сарҳади давлатӣ комилан ба зиммаи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид, ки масъулияти ҳайати шахсиро ба маротиб афзуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҳади пурвусъате дар шарқ бо Ҷумҳурии мардумии Чин, дар ғарб бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар ҷануб бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва дар шимол бо Ҷумҳурии Қирғизистон дорад, ки аз марзбонон омодагии комил ва ҳушёрию зиракиро тақозо мекунад. Дар ин маврид огоҳии комил ва омодагии ҷангӣ аз як тараф ва аз тарафи дигар, тандурустӣ, чолокӣ ва пуртоқатӣ барои марзбонон муҳим аст, зеро Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар баландии зиёда аз 4600 метр аз сатҳи баҳр, то 60° С хунукӣ ва то 50°-55° С гармии ҷануби ҷумҳурӣ муҳофизати шабонарӯзии сарҳади давлатиро ба роҳ мондаанд. Дар муддати 29 сол бо дастгириҳои бевоситаи раҳбарияти Давлат ва Ҳукумати кишвар инфрасохтори сарҳади давлатӣ бо таҷҳизоти нави муҳандисӣ – техникӣ таъмин гардида, отрядҳо, комендатураҳо, дидбонгоҳҳо, марказҳои таълимӣ, постгоҳҳо ва нуқтаҳои назоратии гузаргоҳӣ таҷдиду навсозӣ шуданд. Имрӯзҳо ба таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ, омода намудани кадрҳои боихтисосу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпараст, ба Савганди ҳарбӣ ва давлату миллати худ содиқ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
— Дар ин замина, тавзеҳ медодед, ки фаъолият ва вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ аз чӣ иборат аст? Умуман, хидмат дар ин ниҳоди низомӣ тавассути кадом принсипҳо ба роҳ монда шудааст?
— Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 20 марти соли 2008, №365) ҳамчун санади муътамад, дар хусуси сохтор, қувва ва воситаҳо, принсипи фаъолият ва вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ маълумот дода шудааст. Аз ҷумла, фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар асоси принсипҳои қонунмандӣ, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти давлат, эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзии дигар давлатҳо ва мустаҳкамии сарҳадҳои давлатӣ, ҳамкории мутақобилаи ҳамаҷониба ва судманд бо мақомоти сарҳадии давлатҳои ҳамҳудуд, ҳалли ороми масъалаҳои марзӣ, ягонагии системаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мутамарказ кардани идоракунии онҳо, мувофиқати шакл, усул ва воситаҳои ошкоро ва ғайриошкорои фаъолият, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Қӯшунҳои сарҳадӣ уҳдадоранд, ки тавассути тамоми имконоти мавҷуда ба таври ғайриқонунӣ тағйир додан ва убури сарҳади давлатиро дар маҳал (минтақа) роҳ надиҳанд, ҳуҷуми мусаллаҳонаро ба ҳудуди ҷумҳурӣ баргардонида, моҷароҳои мусаллаҳона ва дигар низоъҳоро дар марзи давлатӣ пешгирӣ намоянд, аз қасдҳои ҷинояткорона аҳолӣ, моликияти давлатӣ ва дигар шаклҳои моликиятро ҳимоя ва вайронкунандагони сарҳади давлатиро дастгир намоянд… Бояд зикр намуд, ки роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
— Маълум аст, ки хидмат дар сафи Қӯшунҳои сарҳадӣ масъулияти баланд ва дар айни ҳол, пурифтихор буда, сохтори бонуфузи низомӣ дар ҳифзу мудофиаи марзу буми кишвар, таъмини амнияти сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ сипари шикастнопазиру устувор аст. Мехостем андешаи шуморо перомуни омода ва тарбияву ба камол расондани мутахассисони низомии варзида бифаҳмем.
— Бо дарназардошти омода намудани мутахассисони варзида барои Қӯшунҳои сарҳадӣ, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июни соли 2001 Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ таъсис дода шуд. Соли 2016 омӯзишгоҳ ба Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Дар давоми ин солҳо 1678 нафар афсари ҷавон донишкадаро хатм намуданд, ки дар миёнашон ҷавондухтарон низ мебошанд. Дар заминаи донишкадаи мазкур курсҳои такмили ихтисос ташкил ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Мувофиқи созишномаҳои байнидавлатӣ, ҷавонони тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар ихтисосҳои заруриро аз худ мекунанд. Феълан 316 нафар дар дохили ҷумҳурӣ таҳсил доранд. Алҳол хатмкардагони Академияҳои сарҳадии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани сифати хидмати шабонарӯзӣ дар ҳамаи ҷузъу томҳо саъю талош менамоянд. Дар донишкада 1 нафар академик, 2 доктори илм ва профессор, 11 номзади илм, 11 унвонҷӯ ва зиёда аз 40 нафар омӯзгор-афсар ба курсантон дарс медиҳанд. Дар самти тадқиқоти илмӣ ҳайати донишкада ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Олими ҷавон, подполковник Саломатшо Мирзоев соли 2018 ба унвони олии илмӣ – академик мушарраф гардид. Мавсуф муаллифи зиёда аз 200 кори илмӣ ва дар маҷмуъ, 50 китоби таълимӣ мебошад. Аз соли таъсисёбӣ то ин дам олимон ва ҳайати омӯзгории Донишкадаи олии сарҳадӣ мақолаҳои бешумор ва китобҳои дарсию дастурҳои таълимӣ-методӣ таҳия ва нашр кардаанд.
28 майи соли 2019 муассисаи давлатии таълимии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ «Ворисони Куруши Кабир» таъсис дода шуд, ки онро соли равон 300 нафар хатм карданд. Дар ҳайати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон марказҳои таълимии «Пойтахт», воқеъ дар шаҳри Душанбе, «Лангар» дар вилояти Суғд, «Ҳалқаёр» дар вилояти Хатлон ва «Хоруғ» дар ВМКБ таъсис дода шуданд, ки вазифаи асосии онҳо омода кардани мутахассисони соҳаи сарҳадӣ мебошад.
— Тӯли 29 соли мавҷудияти худ Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ба чӣ дастоварду комёбиҳо ноил гардиданд? Ҳамин мавзуъро муфассалтар шарҳу тавзеҳ медодед.
— Лозим ба ёдоварист, ки соли 2009 марзбонони кишвар 15-солагии иди касбии хешро дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ таҷлил намуданд. Дар ин маросими бошукӯҳ ба Қӯшунҳои сарҳадӣ Президенти мамлакат ҳамчун рамзи ифтихор, шуҷоат ва шаъну шарафи ҳарбӣ, ки он барои ҳар як хидматчии ҳарбӣ баёнгари қарзи муқаддаси хидмати садоқатмандона ба Ватан, мардонавор ва моҳирона муҳофизат намудани ҳар як ваҷаб хоки Ватан ва сохти конститутсионӣ мебошад, Байрақи ҷангӣ супорида шуд, ки дар саҳифаи таърихи ташкилёбии Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат нақши муассир ва мондагори худро гузошт.
Бояд таъкид кард, ки тамоми мушкилоте, ки дар боби таъмин бо маводи ғизоӣ, сарулибос, дигар муҳиммоти рӯзгор ҷой доштанд, бартараф шуда, ҳар як сарбоз дилгармии худро дар муҳити саршор аз меҳру муҳаббат эҳсос намуда, бо дарки баланди ватанпарастӣ хидматро дар сафи Қувваҳои сарҳадӣ софдилона иҷро менамояд. Дар тӯли 29 сол Қӯшунҳои сарҳадӣ ба як қувваи бузургу тавонои мукаммал ва муҷаҳҳаз бо яроқу аслиҳаи ҳозиразамон, воситаҳои нақлиёт, техникаи навтарини низомӣ, васоити алоқа ва дигар абзору анҷоми муҳимми муҳофизати сарҳади давлатӣ табдил ёфтааст. Сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори сарҳадӣ, беҳтар намудани шароити хидмат дар марз пайваста дар мадди назари давлату ҳукумат қарор доранд. Вазорату муассисаҳо ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба масъалаи сохтмон ва навсозии инфрасохтори сарҳадӣ фаъолона мусоидат менамоянд. Айни замон дар Қӯшунҳои сарҳадӣ дидбонгоҳҳои сарҳадии ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ташкил карда шудаанд. Имрӯзҳо сохтмону таъмир ва таъмин намудани объектҳои сарҳадӣ бо таҷҳизоти муосири замонавӣ дар минтақаҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин идома дорад. Маълум аст, ки шиддат ёфтани вазъи сиёсии ҷаҳон, хатару таҳдидҳои ҳаракату созмонҳои террористию экстремистӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, ҳодисаҳои сарҳадшиканӣ аз ҷониби афроди номаълум ва гурӯҳхои ифротгаро масъулияти марзбононро дучанд вазнину мураккаб намуда, ба ғайр аз ҳимояи хатти сарҳад, онҳо бо унсурҳои гуногуни ҷиноятпеша муборизаю муқовимат анҷом медиҳанд. Баҳри таъмини сиҳатии афсарону сарбозон, алалхусус, тақвияти руҳияи хидматчиёни низомӣ, дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ ва Хуҷанд беморхонаҳои ҳарбӣ таъсис дода шудаанд.
Дар ин беморхонаҳои низомӣ мутахассисони пуртаҷриба дар радифи дигар хидматчиёни ҳарбӣ фаъолияти самарабахш менамоянд. Дар беморхонаҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ тамоми шароиту имконоти хидматрасониҳои муосири тиббӣ ва тиббӣ –ташхисӣ муҳайё мебошанд. Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳтар намудани шароити будубош ва дараҷаи некуаҳволии хидматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Мавҷудияти марказҳои омӯзишию таълимӣ дар Қушунҳои сарҳадӣ, ки бо дастгоҳҳои радиолокатсионӣ ва таълими компютерӣ таъмин мебошанд, низ дар пешгирӣ намудани убури марз аз ҷониби афроди бегона, ки ҳадафҳои муғризона доранд, нақши бузург мебозад. Қӯшунҳои сарҳадии ҚДАМ монанди дигар навъҳои қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои басо вазнину тақдирсози таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, бе заминаи зарурии моддию техникӣ ташкил шуда, сарфи назар аз ҳама мушкилот, дар тӯли солҳои таҳкиму мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории мустақили миллӣ хеле обутоб ёфтаанд. Қӯшунҳои сарҳадӣ вазифаи масъулиятноки худро бошарафона иҷро намуда, таҷрибаю малакаи хуби касбӣ ҳосил кардаанд ва қодиранд, ки дар ҳама ҳолат марзу буми кишвар, оромию осудагии мардум, сулҳу субот ва ваҳдати пойдорро ҳимоя намоянд.
Мусоҳиб Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»
