ТАҲСИЛ — КАФОЛАТИ ТАҲКИМИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАКОН

Ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдак самти муҳимми сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, вобаста ба таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар тадбирҳои муайяне андешида шудаанд. Ҷиҳати таъмини фаъолияти мақсаднок оид ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маърифати фарҳангию ҳуқуқии кӯдак дар кишвар шароити мусоид барои рушду ташаккули ҷисмонӣ, зеҳнӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва тарбия дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, эҳсоси баланди шаҳрвандӣ, ифтихор аз соҳибистиқлолии миллӣ ва амсоли инҳо ба камол расидани ӯ шароити мусоид фароҳам оварда шудаанд. Дар сиёсати давлатӣ ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мақоми хос дошта, дар тарбияву ташаккули ҳамаҷонибаи кӯдак ва омода намудани ӯ ба ҳаёту зиндагии шоиста, ҷомеа ва бевосита оила вазифадор ва уҳдадор мебошад.
Дастрасии таҳсилот, махсусан, таҳсили ройгон дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ҳамчун кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсили ройгон тибқи муқаррароти банди 2-и моддаи 6, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва моддаи 17 “Ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил”-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ба таври мушаххас зикр шудаанд. Ҳуқуқҳои кӯдак ва шаъну эътибори инсонии ӯ риоя шуда, мунтазам ба мактаб рафтани ӯ таҳти назорати ҳамешагӣ қарор дорад.
Бо дарназардошти муқаррароти моддаҳои 29 ва 30-и Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, муассисаҳои таълимии кишвар дар раванди таълиму тарбия ба риояи шаъну эътибори инсонии кӯдак ва эҳтиром ба фардият, рушду ташаккули ҷаҳони маънавӣ ва инкишоф додани истеъдод, қобилияти ақлӣ, ҷисмонӣ ва тарбияи ӯ дар руҳияи дарк кардан, осоиш, тоқатпазирӣ, анъанаҳои фарҳангӣ, ҳурмати падару модар ва эҳтиром ба Ватану соҳибистиқлолии миллӣ диққати махсус зоҳир менамоянд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ҳуқуқи кӯдак ба таҳсилро таъмини манфиатҳои қонунию ҳуқуқӣ ва мусоидат намудан ба рушду ташаккули маънавӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ дониста, фарогирии кӯдак ба таҳсилро вазифаи асосии муассисаҳои таълимӣ, мақомоти дахлдор, падару модарон ва ҷомеа медонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид аз нигоҳи синну соли аҳолӣ давлати ҷавон ба шумор рафта, тақрибан 4 миллион нафар аҳолии кишварро шаҳрвандони синни то 18-сола ташкил медиҳанд.
Бо дарназардошти чунин таъйинот, дар самти дастрасӣ ба таҳсилот дар маҷмуъ, дар 4736 муассиса, аз ҷумла, дар 707 муассисаи томактабӣ 102525 нафар ва дар 2111 маркази инкишофи кӯдакон 68891 нафар кӯдак ба тарбияву таълим таҳти тарбияи 13079 нафар мураббия қарор дорад. Фарогирӣ ба зинаи томактабӣ баробар ба 15,6% ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ зиёдтар аст.
Ҳамчунин, ба кӯдаки маъюбе, ки ба дастгирӣ ва муносибати махсуси педагогӣ эҳтиёҷ дорад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти махсус кафолат дода мешавад.
Давоми соли сипаригардидаи таҳсил 1301 нафар ятими кул, 35446 нафар аз падар ва ё модар маҳруммонда, 227 нафар аз парастории волидайн бенасибмонда ва 30489 нафар кӯдак аз оилаҳои камбизоат, ки таҳти парасторӣ ва ғамхории Давлату Ҳукумати мамлакат қарор доштанд, зинаҳои гуногуни муассисаҳои таълимиро хатм намуданд. Дар заминаи ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 21 декабри соли 2021 бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, махсусан, андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кул ва нимятимон, бино бар маҳрум шудан аз саробон аз 1-уми июли соли 2022 ба андозаи 25 фоиз зиёд карда шуд.
Иқдоми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалӣ кардани ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” дар соли 2023 дар мавриди танзими хориҷ намудани кӯдакон аз муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, ки чанде пеш дар шакли фармоиши вазири маориф ва илм аз 17.05.2023, №653 ба имзо расид, ҳамчун санади танзимкунандаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар масъалаи хатми муассисаи таълимӣ маҳсуб мешавад. Санади мазкур роҳбарони муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбиро уҳдадор менамояд, ки пеш аз хориҷ намудани кӯдак аз муассисаи таълимӣ дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” мувофиқа ва розигии раёсату шуъбаҳои маориф ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро ба назар гиранд.
Раҷабалӣ САНГОВ,
мудири шуъбаи корҳои
методӣ ва ташаккули зеҳнии
Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти
иловагии ВМИ ҶТ