ҲУҚУҚИ КӮДАКОНРО ҲИФЗ НАМОЕМ

Рӯзи ҳифзи кӯдакон ба тамоми ҷаҳон хотиррасон мекунад, ки ояндаи нек ба насли наврас вобаста аст. Риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ба ташаккули ҷомеаи пешрафта ва инсонпарвар таъсир мерасонад. Пас аз анҷоми ҳар ду ҷанги ҷаҳонӣ дар садаи бистум кӯдакон ятим ва бесарпаноҳ монданд. Ҷамъият маҷбур шуд, ки проблемаҳои тезутунди иҷтимоиро ҳал кунад. Тобистони соли 1925 дар Женева конфронси махсуси умумиҷаҳонӣ даъват карда шуд. Масъалаи асосӣ чунин буд: давлатҳо вазифадоранд, ки барои тақдир ва некуаҳволии кӯдакони аз ҷанг зарардида масъулиятро ба дӯш гиранд. Ҳамин тавр, бори нахуст занги таҷлил аз Рӯзи кӯдакон садо дод.
Дар тақвими байналмилалӣ санаи 1-уми июн барои ин ид муқаррар шудааст. Ду ҳодиса ба интихоби он таъсир расонд: вақти конфронси Женева дар соли 1925. Воқеаи дигар бо он тасодуфӣ рост омад: дар Сан-Франсиско консули генералии Чин барои кӯдакони ятими муҳоҷирони чинӣ ҷашнвораи қаиқҳои аждаҳоро ташкил кард.
Тирамоҳи соли 1949 конференсияи Федератсияи байналхалқии демократии занон барпо гардид. Қайд карда шуд, ки гарави хушбахтии бачагон танҳо сулҳи пойдор буда метавонад. Дар ин конфронс Рӯзи ҳифзи кӯдакон ба қайд гирифта шуд. Ин тасмим аз ҷониби СММ, ки он вақт нав таъсис шуда буд, дастгирӣ ёфт. Гузашта аз ин, СММ изҳор доштааст, ки ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон аз авлавияти ин созмон хоҳад буд. Соли 1950 дар даҳҳо кишвар ин ид ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешуд.
Соли 1959 Эъломия қабул шуд, ки дар он ҳуқуқи кӯдакон ба зиндагӣ, ҳимоя аз зӯроварӣ ва ғамхории давлат дар бораи ояндаи онҳо ҳуҷҷатгузорӣ шудааст. Баъди бист соли қабули ин Декларатсия, соли 1979 Соли байналхалқии кӯдакон эълон гардид. Пас аз даҳ сол (соли 1989) Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак қабул карда шуд. Ин ҳуҷҷат мақоми дигар дорад: бар хилофи Декларатсия, он ҳуҷҷати ҳуқуқии байналмилалӣ мебошад, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои насли навро кафолат медиҳад. Ин кафолатҳоро қариб ҳамаи кишварҳои узви СММ ба уҳда гирифтаанд. Соли 1946 СММ барои кумак ба кӯдакон як созмони махсуси ЮНИСЕФ-ро таъсис дод. Он маблағҳои хайрияро аз ҳукуматҳои кишварҳо ва шахсони алоҳида ҷамъ мекунад. Маблағи ҷамъовардашуда барои таъсис ва фаъолияти хадамоти вижа дар саросари ҷаҳон сарф мешавад, ки барои ҳалли мушкилоти кӯдакон пешбинӣ шудаанд. Ҳадафҳои ташкилот: фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои кӯдакон, кумак расонидан ба онҳо дар шароити душвори зиндагӣ. Дар бораи ҳаёт ва саломатии бачагон ғамхорӣ намудан, ёрии таъҷилӣ расондан.
Рӯзи ҳифзи кӯдакон фурсатест барои дарки ҳуқуқи кӯдакон дар ҷомеаи муосир. Ин имкони баррасии проблемаҳои муҳимтаринест, ки дар тамоми ҷаҳон бачагон дучор меоянд. Барои онҳо ин ҷашни шавқовар аст, ки дар маркази диққат қарор доранд. Вазифаҳои рӯзи кӯдакон оммавигардонии қонунҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон мебошад, ки дар Конвенсияи байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд. Кӯдакон бояд дар задухӯрдҳои ҳарбӣ, аз бемориҳои вазнин, аз гуруснагӣ ва қашшоқӣ муҳофизат карда шаванд, ҳуқуқи баробар ба шароити муносиби зиндагӣ, тарбия, таҳсил, рушди ҷисмонӣ ва маънавӣ дошта бошанд.
Ҳамчунин, қонунгузории соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳо ба модару кӯдак имтиёзҳои дахлдор пешбинӣ намудаанд, ки онҳо ба таъмини кафолатҳои муқаррароти Конститутсия равона карда шудаанд.
Бо мақсади таҳким бахшидани ҳуқуқи кӯдакон, фароҳам овардани шароити муносиб барои инкишофи маънавию ҷисмонии онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда, соли 2015 Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул гардид. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳифзи кӯдак ва кафолатҳои давлатии амалишавии онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, аз ҷумла, кӯдакони ятим ва бепарастор ва кӯдакони маъюбро муайян менамояд.
Фирӯзи СУЛТОНЗОДА,
муовини сардори раёсати
ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки ВМИ ҶТ