ЗАНГӮЛАИ ИДОМАИ ҲАЁТ

Ҳамасола 1-уми июн дар аксар кишварҳои олам ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд, зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва гиряҳои ширини ӯ чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.
Ҳоло дар ҷаҳон бо қабули даҳҳо санади байналмилалӣ, аз ҷумла, Конвенсияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони умумиҷаҳонии кор оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини кори кӯдакон ва монанди ин барои ҳифзи ҳаёт ва инкишофи кӯдакон заминаи устувор фароҳам оварда шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз дар дунё теъдоди зиёди кӯдакон ба мушкилоти ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ дучор мегарданд ва на ҳамаи онҳо зиндагии шоиста доранд. Тибқи маълумоти Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, дар ҷаҳон беш аз нисфи ноболиғон дар хонаводаҳое умр ба сар мебаранд, ки дар онҳо хушунати ҷисмонию равонӣ ҷой дорад ва ҳамарӯза аз даҳ кӯдак як нафар дучори озори калонсолон мегардад. Дар баъзе кишварҳои Осиёву Африқо кӯдакон зери таҳдиди гуруснагӣ, бесаводӣ, задухӯрдҳои низомӣ ва гирифтор шудан ба бемориҳои вазнин зиндагӣ мекунанд. Шумораи фавти кӯдакон дар ин кишварҳо нисбат ба мамлакатҳои пешрафта ду баробар зиёд аст ва беш аз 140 миллион кӯдак, ки аз нисф зиёди онҳоро духтарон ташкил мекунанд, аз муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ дур мондаанд.
Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги ин масъала, Ҳукумати Тоҷикистон аз ибтидои давраи Истиқлоли давлатӣ Конвенсияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии кор оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини кори кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварамонро бо муқаррароти онҳо мутобиқ намудааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон аз рӯи нишондиҳандаҳои синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб меравад. Дар кишвари мо кӯдакону наврасон таҳти ғамхории доимии давлат ва ҳукумат қарор доранд. Инчунин, ҳамаи кӯдакони мамлакат узви соҳибҳуқуқи ҷомеа буда, барои табобат, таҳсил ва фароғат ҳуқуқи комил доранд.
Бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан, кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъмин бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддии кӯдакон аз ҷониби Ҳукумати кишвар то ба имрӯз тадбирҳои зиёде андешида шудаанд. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти кишвари мо ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакону наврасон мебошад. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таҳсилоти давлатӣ кафолат медиҳад. Айни замон фарогирии хонандагон ба муассисаҳои таълимӣ 99 фоизро ташкил медиҳад. Вале дар баробари андешидани тадбирҳои зикршуда, аз тарафи баъзе наврасону ноболиғон содир кардани қонуншиканӣ ва ҷиноят ба назар мерасад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷиноятҳои ноболиғон асосан ба иллати назорати сусти волидайн ва бетарафии мактабу ҷомеа, тақлид ба қаҳрамонони филмҳои дорои хусусияти зӯроварӣ, ширкат дар марказҳои дилхушӣ сар задаанд. Яке аз ҳадафҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамин аст, ки дар баробари давлату Ҳукумат падару модарон масъулияти худро бештар дарк кунанд ва вазифаҳоеро, ки ба зимма доранд, иҷро намоянд.
Ҳукумати Тоҷикистон меъёрҳои байналмилалиро оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодии кӯдакон қадам ба қадам амалӣ мегардонад. Дар кишвари мо ҳимояи ҳуқуқ, ҳифзи саломатию ҳаёти кӯдак, фароҳам овардани шароит барои таҳсили ӯ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат мебошад. Ба ҷомеаи мутамаддин аз рӯи меъёре баҳо медиҳанд, ки дар он нисбат ба ниёзмандтарин қишри ҷомеа, яъне кӯдакони ятиму маъюбон ва мӯйсафедон чӣ гуна муносибат мекунанд. Аз ин рӯ, танҳо саъю талоши дастаҷамъонаву муштараки ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди мамлакат метавонад ба зиндагии фарзандони кишвар хушбахтӣ ва оромию осудагӣ бахшад. Танҳо набояд фаромӯш кард, ки барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, ба мо — калонсолон вобаста мебошад. Инро бояд ҳар кадоми мо ҳамеша дар ёд дошта бошем, яъне, кӯдакро мо бояд барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем. Ӯро бояд дар руҳияи ватанпарварӣ, миллатпарварӣ, сулҳдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқу рафтори неку ҳамида тарбия намоем.
Сайфиддин МУРОДОВ,
«Омӯзгор»