Озмунҳои ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии
ҷумҳурӣ таҳти унвонҳои “Рассоми беҳтарин” ва “Сарояндаи беҳтарин” дар муассисаи давлатии таълимии коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур 35 нафар довталаб-донишҷӯ аз 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз рӯи 5 номинатсияи озмуни “Сарояндаи беҳтарин” ва 7 номинатсияи озмуни “Рассоми беҳтарин” байни ҳам сабқат намуданд.
Довталабон дар доираи вақти муайянгардида ҳунару истеъдоди худро дар бахши “Рассоми беҳтарин” аз рӯйи 7 номинатсия: ҳайкалтарошӣ, коркарди бадеии чӯб, санъати ороиши амалӣ, бофандаи бадеӣ, графика, рассомӣ, зебоисозии либос ва матоъ бо кори амалӣ нишон доданд. Дар бахши “Сарояндаи беҳтарин” аз рӯйи 5 номинатсия: шашмақом, фалак, академӣ, эстрада, анъанавӣ (халқӣ) довталабон маҳорати сарояндагии худро намоиш доданд.
Дар ҷамъбасти озмун муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абулхолиқзода таъкид намуд, ки омӯзиши фарҳангу санъат, ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии онҳо аз вазифаҳои ифтихории ҷавонон ба ҳисоб меравад. Назари чанде аз доварон ва довталабонро манзури хонандагони нашрия мегардонем.
Баҳодур Неъматов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон:
— Воқеан, озмун дар сатҳи баланд баргузор шуд. Албатта, баргузории чунин озмунҳо боиси дарёфти соҳибистеъдодҳои нав мегардад. Дар жанрҳои шашмақом, эстрада, сурудҳои халқӣ, фалак дар байни довталабон беҳтаринҳоро пайдо намуда, барои боз ҳам сайқал додани маҳорату истеъдодашон маслиҳатҳои судманд додем.
Раънои Зоирдухт, шоира:
— Маълум, ки дар озмун ҳама ғолиб шуда наметавонанд. Аммо бо шароит ва имконоте, ки имрӯз барои рушди санъат, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ фароҳам оварда шудааст, бояд ҳар як довталаб баҳри он талош намояд, ки ба дастоварди баландтарин расида, амалҳои неку созандаи худро пиёда намояд. Зиндагӣ мубориза аст, набояд руҳафтода шуд.
Фаррух Муллоҷонов, ғолиби озмун дар бахши наққошӣ аз коллеҷи ҷумҳуриявии ба номи Мирзораҳмат Олимов:
— Мо, ҷавонони саодатманди кишвар, ифтихор менамоем, ки дар Ватани озоду обод зиндагӣ дорем. Дар Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат ба ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар озмуни имрӯза дар бахши наққошӣ ба гирифтани ҷойи аввал сазовор гаштам. Мехоҳам, ҳунару истеъдоди худро сайқал дода, бо офаридаҳои ҳунари наққошӣ муаррифи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардам.
Ҳусниддин Зарифов, ғолиби озмун дар бахши гаҷкорӣ аз коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан:
— Аз ташрифи довталабон ба коллеҷи мо хеле хурсанд гаштам. Дар муассисаи мо ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мешавад. Устоҳои ҳунарманд нозукиҳои касби хешро ба мо меомӯзонанд. Хушбахтона, дар бахши гаҷкорӣ мақоми аввалро сазовор гаштам.
— Азимқул Тошев, ғолиби озмун дар бахши санъати эстрада аз коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз:
— Дар бахши эстрада мақоми аввалро мушарраф гаштан кори осон нест. Бо омодагии ҳаматарафа ба озмун ҳозир гашта, дар ҳузури устоди арҷманд Баҳодур Неъматов ҳунарнамоӣ карданд бароям мояи ифтихор ва шодмонӣ буд. Албатта, каме ба эҳсосот дода шудам, аммо зуд худро ба даст гирифта, бо маҳорати баланд сурудхонӣ кардам.
Дар охир дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмун диплом, сипоснома, мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар озмуни “Сарояндаи беҳтарин” коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов бо гирифтани 3 ҷойи якум ва 2 ҷойи дуюм сазовори мақоми аввал гардид. Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофиз бо гирифтани 2 ҷойи 1 ва 2 ҷойи 2 мақоми дуюм ва коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов бо гирифтани 1 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм мақоми сеюмро мушарраф гаштанд.
Дар озмуни “Рассоми беҳтарин” коллеҷи ҷумҳуриявии ба номи Мирзораҳмат Олимов бо гирифтани 4 ҷойи як ва 2 ҷойи дуюм сазовори ҷойи аввал гардид. Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан бо гирифтани 1 ҷойи якум, 5 ҷойи сеюм ва 1 ҷойи чорум мақоми дуюм ва коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофиз бо гирифтани 1 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи чорум мақоми сеюмро мушарраф гаштанд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”,
вилояти Суғд