АДИБИ ПИСАНДИДАИ КӮДАКОН

Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ба муносибати фаъолияти нависандаи маҳбуби кӯдакон ва наврасон, муаллифи асарҳои «Як шаб…», «Қасоси зан», «Бонувони Фархор», «Бӯи модар», «Чордодарон» Гулчеҳра Муҳаммадиева маҳфили адабии «Суханреза» баргузор гардид.
Директори китобхона Ҳусайн Сафарзода маҳфилро ифтитоҳ бахшид.
Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №122-и ноҳияи Фирдавсӣ доир ба рӯзгор ва осори нависанда суханронӣ карданд.
Гурӯҳи дигари хонандагон бо рақсу суруд ва саҳначаҳои табъи ҳозиринро болида сохтанд.
Нависандаи дӯстдоштаи бачаҳо Гулчеҳра Муҳаммадиева доир ба мутолиаву омӯзиш ва рисолати нависанда дар инъикоси ҳаёти ҳамзамонон, хусусан, насли наврас андешаҳои худро баён намуд.
Дилдода МӮСОЕВА,
“Омӯзгор”