Соли панҷум аст, ки дар кишварамон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор шуда, ҳамасола теъдоди иштирокдорони он меафзояд.
Аз 10 то 17 майи соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансур даври ноҳиявии озмуни мазкур миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, магистрантону докторантон, кормандони касбу кори гуногуни пойтахт баргузор гардид.
Дар ин даври озмун дар ноҳияи Шоҳмансур 830 нафар довталаб аз рӯи 6 номинатсия: адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва наср иштирок намуда, дониш ва маҳорати эҷодии худро санҷиданд. Аз байни онҳо 115 нафар ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд.
Имсол дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шумораи зиёди омӯзгорону кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла, 6 нафар корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он иштирок намуданд, ки ҳамаи онҳо ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Аз ҷумла, Наврӯз Бобиев, мусаҳҳеҳи нашрияи “Пайрав”-замимаи ҳафтаномаи “Омӯзгор” сазовори ҷои дуюм дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик ва Салима Мӯсоева, муҳаррири шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти томактабии нашрияи “Омӯзгор” дар номинатсияи эҷоди наср сазовори ҷои сеюм гардиданд.
М. ДИЛДОДА,
“Омӯзгор”
