Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳти унвони «Ман барои Ватанам – Тоҷикистон содиқона хидмат менамоям!» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Директори донишкада Ҳомид Ҳошимзода иброз дошт, ки 100 нафар хатмкунандаи донишкада бо амри дил барои адои хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намудаанд.
– Мо дар симои чунин ҷавонони ватандӯст, фарзандони фарзонаи миллат, ба падару модарон ва устодоне, ки дар таълиму тарбияи ин ҷавонон саҳм доранд, арзи сипос менамоем. Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ буда, вазифаи муқаддаси устодон, падару модарон ва аҳли ҷомеа дар он аст, ки ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба халқу Ватан, эҳтиром ба арзишҳои милливу умумибашарӣ, ҳифзу ҳимояи марзу буми кишвар, бедор намудани шавқу завқи ҷавонон ба интихоби касбу ҳунар тарбия намоянд, — гуфт Ҳошимзода Ҳомид.
Дар вазъияти тантанавӣ ба донишҷӯён Сипосномаи раёсати донишкада супурда шуд. Хатмкунандагон ба устодону маъмурияти донишкада барои ташкили чунин чорабинии сатҳи баланд изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки хидмати Ватанро аз дилу ҷон адо хоҳанд кард.
Барномаи фарҳангии ҷомеаи таълимгоҳи олӣ ва даъвати гуселшавандагон ба мизи идона анҷомбахши чорабинӣ гардид.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”,
вилояти Суғд
