НАҚШИ РАВОНШИНОС МУҲИМ АСТ

Фаъолияти равоншинос бо раванди таълим алоқаи ногусастанӣ дорад. Равоншиноси мактаб фаъолиятеро роҳандозӣ менамояд, ки ба нигоҳ доштани солимии равонии кӯдак нигаронида шудааст. Омӯзгор-равоншинос бештари вақти кории худро ба ташхиси гурӯҳӣ ё инфиродӣ мебахшад. Масалан, ба шарофати санҷишҳои муосир муайян кардан мумкин аст, ки раванди мутобиқ шудани хонандагони синфи якум дар мактаби ибтидоӣ ё хонандагони синфи панҷум дар мактаби миёна то чӣ андоза созгор мебошад.
Дар пайванди (звено) миёна бо ёрии усулҳои ташхиси роҳнамоии касбӣ, равоншинос ба наврасон дар интихоби касби ояндаашон кумак мерасонад.
Муҳимтарин омиле, ки мутахассис бояд дар асоси натиҷаҳои ташхис анҷом диҳад, таҳияи тавсияҳои амалӣ барои ҳамаи иштирокчиёни раванди таълим мебошад, ки бояд ба омӯзгор, волидон ё худи кӯдак дар мубориза бо ин ё он мушкилоти равонӣ кумак расонанд.
Илова бар ин, шумо метавонед ба равоншинос барои машварати ройгон бо ҳама гуна мушкилоти равонӣ муроҷиат кунед. Машваратҳои равонӣ дар мактаб аксар вақт хусусияти тавзеҳӣ дошта, мақсади муайян кардани моҳияти мушкилот ва сабабҳои эҳтимолии пайдоиши ноҷӯриҳоро дорад.
Равоншиноси мактаб дар ҳалли низоъҳои сарзада бо ёрии тадбирҳои пешгирикунандаи интихобшуда «гунаҳкорон»-ро огоҳ мекунад ё роҳҳои пешгирии ин амалҳои ногуворро ба онҳо меомӯзонад.
Равоншинос раванди корҳои тарбиявиро дар фаъолияти худ муҳимтарин мешуморад, зеро вай вазифаҳои тавзеҳӣ ва иттилоотиро иҷро мекунад.
Таҳияи мавод дар бораи хусусиятҳои равонии талабагон низ яке аз вазифаҳои равоншинос аст. Бо дарназардошти ин хусусиятҳо, метавон ба рушди равандҳои руҳӣ ва саломатии хонандагон баҳо дод.
Маслиҳат дар мактаб нақши хеле муҳим дорад: ҳар як падару модар ё муаллим ҳақ дорад, ки бо мушкилоти марбут ба кӯдак ба равоншинос муроҷиат кунад. Аксар вақтҳо маҳз равоншинос метавонад сабабҳои давомоти суст ё хашмгинии кӯдакро муайян кунад. Аммо аз сӯи дигар, кист, ки рафтори кӯдаконро аз волидонашон беҳтар дарк кунад? Ҳамкории муваффақи равоншинос, волидайн ва омӯзгорони мактаб аксар вақтҳо дар рафтори кӯдак ба натиҷаҳои дилхоҳ мерасонад.
Ҷамшед ТУРСУНОВ,
омӯзгор — равоншиноси МТМУ №16,
шаҳри Истаравшан