Эътирофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти таърихӣ ва сиёсӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ
Барои мардуми шариф ва сарбаланди тоҷик боиси ифтихор аст, ки аксари роҳбарони сиёсии дунё, аз ҷумла, сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати шахсияти барҷастаи сиёсӣ ва ходими давлатӣ эътироф менамоянд ва дар бисёр чорабиниҳои сатҳи баланд ва сафарҳои кориву давлатӣ аз хидматҳои шоис-таашон ёд мекунанд.
Дар ҳақиқат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи шахсиятҳои фаъол ва саршинос мебошанд, ки бо дониши баланди сиёсӣ, ҷаҳонбинии амиқи фалсафӣ, таҷрибаи давлатдорӣ, афкору андешаи баланд ва ибтикороти шоиста на танҳо дар миёни ҳамватанон, балки дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ шуҳрати беандоза пайдо кардаанд. Сарвари кишвари мо ба сифати абармарди дунёи сиёсат эътироф гардида, пешниҳодҳои башардӯстонаашон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд.
Эмомалӣ Раҳмон баробари ба сари қудрат омадан, пеш аз ҳама, ҷанги шаҳрвандиро дар мамлакат хотима бахшида, вазъи сиёсиро дар саросари ҷумҳурӣ ба эътидол оварданд. Дар баробари ин, кишварро аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ раҳоӣ бахшида, истеҳсолотро ба роҳ монданд ва барои беҳтар шудани вазъи некуаҳволии аҳолӣ ҳамаҷониба талош намуданд. Ҳамзамон, ба хотири рушди боэътимоди иқтисоди миллӣ ҳадафҳои судманду стратегӣ, аз қабили раҳоӣ бахшидан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмин намудани аҳолӣ бо неруи барқ ва озуқавориро эълон намуданд, ки дар натиҷа ин ҳадафҳо барои рушди соҳаҳои афзалиятнок ва иҷтимоии мамлакат роҳи васеъ боз карданд ва Тоҷикистони азизро ба кишвари рӯ ба рушд ва мутараққӣ табдил доданд. Ба ин низом расидани Тоҷикистонро аксари ташкилотҳои молиявию байналмилалии ҷаҳон ва шарикони рушд тасдиқ карда, борҳо дар гузоришҳои худ, чи дар дохил ва чи дар хориҷи мамлакат, тараққиёти босуръати Ватани маҳбубамонро зикр карданд ва аз хидматҳои шоистаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеъбинона ёдовар шуданд.
Дар ҳамин замина ба хотири арҷ гузоштан ба таърих ва анъанаҳои неки халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба устувор кардани пояҳои ҳокимият, таҳкими давлатдории миллӣ, эҳёи рамзҳои миллию давлатдорӣ қадамҳои ҷиддӣ гузошта, бо иштироки аксари аҳолӣ ва бо тариқи раъйпурсии умумӣ Конститутсия ва дигар санадҳои муҳимро қабул карда, дар ҷодаи устувор кардан ва таҳким бахшидани ваҳдату субот ва давлатдории миллӣ ба комёбиҳои назаррас мушарраф гардиданд. Роҳбари давлат борҳо бо пешниҳодҳои мушаххас дар мамлакат як қатор симпозиуму конфронси сатҳи баландро бо иштироки олимони ватаниву хориҷӣ баргузор намуданд, ки онҳо дар мустаҳкам гардонидани давлатдории миллӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ ва мустаҳкам шудани сохтори давлатӣ нақши арзишманд бозиданд. Агар то замони Истиқлоли давлатӣ аз таърихи ҳукмронии сулолаи ориёиҳо, сосониҳо, тоҳириҳо, сомониҳо, ғуриҳо асосан зумрае аз зиёиён ва олимон огаҳӣ доштанд, баъди ба сари қудрат омадани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳандозӣ кардани чорабиниҳои илмӣ, оммавӣ ва фарҳангӣ, таҳияву чопи китобҳо ва тарғиби таъриху фарҳанги куҳан аксарият рӯ ба омӯзиши гузаштаи худ оварда, аз саҳифаҳои пурифтихори халқи тоҷик огаҳӣ пайдо карданд ва ба омӯзиши сарчашмаҳои таърихиву адабӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доираи ҳофизаи фарҳангии хешро васеъ намуданд. Дар як муддати кӯтоҳ ҷашнҳои миллии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада умри дубора пайдо карда, мардум ба асолати ин ҷашнҳо сарфаҳм рафтанд ва онҳоро ҳамчун ҷузъи фарҳанги ниёгони хеш пазируфта, дар зинда кардани рукнҳои дигари ин ҷашнҳо талош намуданд.
Бо ташаббуси ин сиёсатмадори оқилу хирадманд дар ҷумҳурӣ Шурои ҷамъиятӣ, Шурои куҳансолон, Ҳаракати ваҳдати миллӣ, Анҷумани “Пайванд”, Созмони ҷавонон, Ҳизби Халқӣ – Демократии Тоҷикистон, Кумитаи якдилии сулҳ ва даҳҳо ташкилоти ҷамъиятиву давлатии дигар арзи ҳастӣ карданд, ки раисии аксари ин созмонҳоро худи Роҳбари давлат бар уҳда гирифта, дар таъмини сулҳу субот, муттаҳидии халқ ва мустаҳкам кардани иқтидори милливу давлатӣ саҳми басазо гузоштанд. Имрӯзҳо аъзои созмонҳои мазкур дар атрофи Сарвари хирадманди худ ҷамъ омада, баҳри таҳкими давлатдории миллӣ талош доранд.
Дар арсаи ҷаҳонӣ ҳам Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аксари сарони давлатҳо эътироф карда, пешниҳодҳои ӯро дар масъалаҳои геосиёсӣ, аз ҷумла, мушкилоти об, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, гармшавии табиат, хориҷ шудани гази карбон, энергияи сабз ва бисёр проблемаҳои глобалии дигари сайёра ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Махсусан, панҷ пешниҳоди Сарвари давлат доир ба мушкилоти об аз ҷумлаи иқдомотест, ки имрӯз барои аз хатари ҷиддӣ ҳифз кардани инсоният нақши созанда мебозанд. Ҳамаи ин ташаббусҳо, ки моҳияти умумибашарӣ доранд, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дастгирӣ ёфта, дар заминаи онҳо конфронсу саммит, чорабиниҳои дигари илмиву амалӣ баргузор шуда, барои осон кардану коҳиш додани буҳрони сиёсиву иқтисодӣ, табииву иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадор, ташаббускор, шахси кордону ботаҷриба, ходими фаъоли давлатӣ ва ҷамъиятӣ эҳтиром менамоянд ва хидматҳояшро ба таври шоиста арҷгузорӣ мекунанд.
Бахусус, Президенти Ҷумҳу-рии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва мардуми заҳматқарину меҳмоннавози ӯзбек заҳматҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр карда, нақши ин сиёсатмадори барҷастаро дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва бародарона муҳим медонанд. Ҳамин хидматҳои Пешвои миллатро ба назар гирифта, 17 августи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон — ордени “Эл юрт ҳурмати” сарфароз гардонида, ба шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бешак, дар таҳкими робитаҳои дӯстонаи халқҳои тоҷик ва ӯзбек саҳми басазо гузошта, муносибатҳои неки ҳамсоягиро таҳким бахшидаанд. Президенти мамлакат, дар баробари ин, барои сулҳ, амният ва субот дар минтақа пайваста талош доранд. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Ш. Мирзиёев Пешвои миллати моро ба сифати роҳбари хирадманду дурандеши сиёсӣ ва ходими барҷастаи давлатӣ эҳтиром менамоянд.
Дар шаш соли ахир миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо кӯшиши ду сарвари хирадманд — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳо ба маротиб боло рафта, беш аз 250 (аз аввали барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ зиёда аз 420) санади ҳамкорӣ ва қарордоду шартномаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба имзо расидаанд, ки ҳар кадом барои устувор намудани муносибатҳои дипломатӣ ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитариву фарҳангӣ нақши назаррас бозидаанд. Ҳар ду Роҳбари дурандеш ва ояндабин хоҳони равобити дӯстонаву бародарона буда, ба рушди иқтисоди миллии ҳамдигар мусоидат карда, дар чорабиниҳои сатҳи баланди минтақавию ҷаҳонӣ ҳамдигарро дастгирӣ менамоянд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба пешрафти кишвари ҳамсояву ҳамҷавор, ҳамфарҳангу ҳамдин — Ӯзбекистони бародар муносибати хайрхоҳона дошта, хостори пешрафт ва тараққиёти он мебошанд. Президенти Тоҷикистон ҳамеша ба комёбиҳои кишвари ҳамсоя баҳои баланд дода, сиёсати оқилонаи Роҳбарияти олии ин кишварро дастгирӣ менамоянд ва тарафдори рушди пайвастаи ҷумҳурии бародар мебошанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бисёр масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Шавкат Мирзиёевро дастгирӣ намуда, аз сатҳи баланди муносибатҳои некбинона изҳори назар намудаанд. Дар масъалаи таъмини об ва тақсимоти одилонаи он Пешвои миллати мо хушбин буда, ҷонибдори сари вақт таъмин кардани ҷумҳуриҳои минтақа ба об мебошанд ва дар аксари гузоришҳои сатҳи баланд ин андешаро баён карда, ҷиҳати амалӣ шудани ақидаҳояшон талош мекунанд ва шахсан рафти иҷрои онҳоро назорат менамоянд.
Дар масъалаҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ низ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷумҳурии бародари Ӯзбекистон ҳамкориҳои густарда ба роҳ монда, ҷиҳати табодули таҷриба ва доир кардани чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ талош менамоянд ва ҷонибдори қувват гирифтани ҳамкориҳо дар соҳаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ мебошанд.
Собиқ Президенти Ҷумҳурии Туркманистон ва Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон, муҳтарам Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ҳам ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми хос дошта, борҳо дар суханрониҳояшон дар Душанбе ва Ашқобод аз саҳми Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари сиёсӣ ва ташаббускор ёд кардаанд. Махсусан, нақши Роҳбари Тоҷикистонро дар сулҳу субот ва амнияти минтақа муҳим арзёбӣ карда, ба фаъолияти сиёсиву иҷтимоии Сарвари кишвари тоҷикон баҳои баланд додаанд. Мавсуф ҳангоми мулоқоти муштарак дар шаҳри Туркменбошии Ҷумҳурии Туркманистон дар ҳузури сарони давлатҳои кишварҳои Осиёи Миёна хидматҳои шоистаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсус зикр карда, нахустин мукофоти олии кишварҳои Осиёи Миёна — “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-ро ба Сарвари давлатамон тақдим намудаанд. Қ.Бердимуҳаммедов ҳамзамон саҳми шоистаи Президенти Тоҷикистонро дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои ҳамсоя дар арсаи байналмилалӣ муҳим дониста, ба шахсияти сиёсиву иҷтимоии Президенти Тоҷикистон баҳои баланд додаанд.
Бо ибтикороти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибати Тоҷикистон ва Туркманистон рушд карда, санадҳои зиёди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитариву фарҳангӣ ба имзо расиданд, ки боиси пешрафти муносибати дӯстонаву бародарона миёни ду кишвар гардиданд. Дар ин давра як қатор шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба имзо расиданд, ки дар зиёд шудани ҳаҷми фурӯши молу маҳсулот миёни ду кишвар саҳми муносиб гузоштанд. Ҳамин муносибати неки дӯстона ва бародарона асос шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Туркманистон, муҳтарам Сардор Бердимуҳаммедов ба кишвари мо сафари корӣ намуда, якчанд санади нави ҳамкориро ба имзо расонданд. Ин ҳуҷҷатҳои расмӣ ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар мусоидат карда, боиси пешрафти муносибатҳои некбинона миёни ду кишвар ва минтақа хоҳанд гашт.
Ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ходими давлатӣ собиқ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, муҳтарам Нурсултон Назарбоев ва Президенти кунунии Ҷумҳурии Қазоқистон, муҳтарам Қосим — Жомарт Тоқаев низ баҳои баланд додаанд. Чунончи, рӯзи 4 майи соли равон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — Жомарт Тоқаев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофоти баланди давлатӣ — ордени “Алтин Қирон” — ро тақдим намуданд.
Президенти Қазоқистон, муҳтарам Қосим – Жомарт Тоқаев ҳангоми супоридани мукофоти давлатӣ саҳм ва хидматҳои шоёни Пешвои миллатро дар таҳкиму тавсиаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Қазоқистон махсус таъкид карда, ҳар ду кишварро шарики стратегӣ эълон карданд. То ин давра Сарвари давлат якчанд бор ба Қазоқистон сафар карда, дар мулоқоту ҷаласаҳои сатҳи баланд суханронӣ намуда, як қатор созишномаву қарордодҳои муштаракро ба имзо расонидаанд. Ба шарофати чунин ҳамкориҳои густарда миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, гуманитариву фарҳангӣ рушд карда, тайи даҳ соли ахир ҳар ду кишвар ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.
Қазоқистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод ва стратегӣ ҳамеша мамлакати моро дастгирӣ намуда, дар вазъиятҳои мушкилтарин кумаки хешро аз Тоҷикистони азиз дареғ надоштааст. Дар ҳамин замина корхонаҳои муштарак таъсис ёфта, гардиши молу маҳсулот миёни ду ҷумҳурӣ ба маротиб боло рафтааст. Қазоқистон инчунин, дар тарбияи кадрҳои баландихтисос ба кишвари мо кумак карда, ҳар сол барои Тоҷикистон беш аз сад квотаи давлатӣ ҷудо менамояд.
Бо омадани Қосим – Жомар Тоқаев вазъи ҳамкориҳо боз ҳам беҳтар гардид. Рӯзҳои 3-4 майи соли равон баргузор шудани Форуми иқтисодиву тиҷоратӣ дар шаҳри Остона ва ба имзо расидани созишномаву қарордодҳои нав ба рушди ҳамкориҳои ду кишвари ба ҳам дӯст мусоидат карда, муносибати дуҷониба ва бисёрҷонибаро боз ҳам боло бурдааст. Дар амалӣ гардидани ин тадбирҳои муҳимму аввалиндараҷа саҳми Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд мебошад. Президенти Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамоянд, ки миёни ду мамлакат ва умуман, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориҳо гусариш ёбанд ва барои пешрафти кишварҳо манфиатбахш бошанд.
Бояд гуфт, ки аз рӯйи таҳлилҳои аксари мутахассисони соҳаи сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ дар ду даҳсолаи ахир мақоми Роҳбари давлати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маротиб боло рафта, аксари сарони давлатҳо Сарвари кишвари тоҷиконро ҳамчун шахсияти сиёсӣ ва ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ эҳтиром менамоянд ва хидматҳои шоистаашонро қадр мекунанд.
Мардуми тоҷик хушбахт аз онанд, ки чунин Сарвари хирадманд ва дурандеш доранд ва аз дастоварду муваффақиятҳояшон ҳамеша ифтихор менамоянд.
Дар арафаи Иди зафар қадр шудани хидматҳои арзандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон нишонаи боло рафтани нуфуз ва мавқеи сиёсиву иҷтимоии Президенти Тоҷикистон дар минтақа буда, аз баланд рафтани обрӯй ва мавқеи сиёсии Пешвои миллат дар ин марзи геосиёсӣ гувоҳӣ медиҳад.
Мукофоти навбатиро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик менамоем!
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
сафири Фавқулода ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
Ҷумҳурии Ӯзбекистон