ДУ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Филмҳои тоҷикии «Бачаи обӣ» (коргардон Файзулло Файзов) ва филми кӯтоҳи «Алиф. до. ре. ми» (коргардон Алиҷон Ҷалилов) дар ҳафтумин ҷашнвораи байналмилалии «Золотой ворон» дар Чукоткаи Россия миёни 20 филми баланди хориҷӣ рақобат карда, соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин филмнома» ва «Беҳтарин филми кӯтоҳи мустанад» гардиданд.
Бояд гуфт, ки аз ҳама филмҳои баланди хориҷӣ танҳо чанд филм соҳиби ҷоиза шуданд. Аз ҷумла, Тоҷикистон – «Беҳтарин филмнома», Россия – «Шоҳҷоиза», Россия – «Беҳтарин коргардон», Россия – «Беҳтарин филмбардор», Чин – «Беҳтарин филм», Эрон – «Ҷоизаи махсуси ҳакамон»-ро соҳиб гаштанд.
Ду ҷоизаи байналмилалӣ барои фарҳанг ва ҳунари Ватан муборак!