ЁДИ УСТОД

Устод Лоиқ Шералӣ ифтихори миллати тоҷик буданду ҳастанд ва хоҳанд монд ва аз худ мероси бузурги адабии фаровони гаронарзиш ва нотакроре боқӣ гузоштаанд. Китобҳои безаволашон «Сари сабз», «Илҳом», «Нӯшбод», «Резаборон», «Хоки Ватан», «Марди роҳ», «Хонаи чашм», «Хонаи дил», «Рӯзи сафед», «Варақи санг», «Ману дарё», «Офтобборон», «Дасти дуои модар», «Аввалу охири ишқ», «Фарёди бефарёдрас», бешубҳа, хазинаи тиллоии адабиёти тоҷикро боз ҳам ғанитар ва рангинтар гардонидаанд. Ашъори ин нобиғаи қарни ХХ ба бисёр забонҳои халқҳои ҷаҳон тарҷума, чоп ва барои ҳаводорони каломи бадеъ пешкаш гардидааст.
Ҳамзамон, устод дар тарҷумаи осори гаронбаҳои адибони оламшумул саҳмгузорӣ намудаанд.
Хидматҳои шоистаи устод Лоиқ Шералӣ дар соҳаи адабиёту фарҳанг бо унвони олии Шоири халқии Тоҷикистон қадршиносӣ гаштааст. Устод барандаи ордени «Дӯстӣ» ва ҷоизаи адабии байналмилалии «Нилуфар» буданд.
Дар соли 1990 дар Ҷамоати деҳоти Калининобод (ҳоло Исмоили Сомонӣ) ҳамоиш баргузор гардида буд. Интихобкунандагони чор ҷамоати деҳоти минтақаи болоии ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ), Овчӣ (Ваҳдат), Калининобод (Исмоили Сомонӣ), Ростровут ва Далёни Боло дар ин ҳамоиш ҳузур доштанд. Устод Лоиқ Шералӣ мо – интихобкунандагонро ҳамчун номзад ба намояндагии Шурои Олии Иттиҳоди Шуравӣ бо барномаи вакилии худ шинос карда буданд. Он рӯз Парвардигор насиб гардонида буд, ки банда — корманди Ҷамоати деҳоти Ваҳдат чун як нафар мухлиси адабиёт бо устоди сухан — Лоиқи нотакрор аз наздик шинос гашта, ба суҳбати он кас мушарраф гардам…
Устод Лоиқ Шералӣ шоири забардастанд, ки бо назми равони хеш ба дарду шодии миллат шарик гашта, ормонҳои ҳазорсолаи онро васф кардаанд ва тавонистанд, ки мактаби шеъри худро таъсис дода, шоирони имрӯзи моро ба ҷодаи адабиёт ҳидоят намоянд…
Агарчанде ки имрӯз ҷисман бо мо нестанд, ашъори мондагорашон бо мост. Шамъи хотираи устод, шоири нотакрору маҳбуб дар дилу дидаи миллати тоҷик ҳамеша ва абадӣ фурӯзон боқӣ хоҳад монд…
Ин умр ба абри навбаҳорон монад,
Ин дида ба сели ашки борон монад.
Эй дӯст, чунон бизӣ, ки баъд аз мурдан
Ангушт газидане ба ёрон монад.
Ҷумъабой ҚУРБОНОВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,
ноҳияи Деваштич