ДАР ОҒӮШИ “АФСОНА”

Муассисаи давлатии таълимии томактабии №98 бо номи «Афсона» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе воқеъ гардидааст, ки дар он кӯдакони то синни мактабӣ ҷалб карда мешаванд. Ин кӯдакистон аз соли 1989 ба фаъолият шуруъ намуда, дар ин ҷо айни замон 640 нафар кӯдак ба таълим ва тарбия фаро гирифта шудаанд. Вобаста ба гурӯҳбандии синнусолӣ чунин гурӯҳҳо фаъолият мекунанд:
– гурӯҳи кӯдакони аз 2 то 3-сола;
– гурӯҳи кӯдакони аз 3 то 4, аз 4 то 5, кӯдакони аз 5 то 6-сола;
– гурӯҳи омодагӣ ба мактаб аз 6 то 7-сола.
Машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ сурат мегиранд. Ҳамчунин, дар як ҳафта 2 маротиба дарси забони англисӣ баргузор мешавад. Дарсҳо аз рӯи барномаи таълимии «Рангинкамон», ки дар тамоми кӯдакистонҳои ҷумҳурӣ ҷорӣ шудааст, ташкил мегарданд.
Мураббии кӯдакистон Сайёра Гардакова моро бо рафти баргузории дарсҳо шинос намуд. Вай муддати 8 сол аст, ки дар ин ҷо ба кӯдакон машғулият мегузаронанд. ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буда, мутахассиси соҳаи педагогика ва психологияи томактабист. Мувофиқи гуфтаҳои Сайёра Гардакова, ӯ ғайр аз барномаи таълимии «Рангинкамон» боз аз китоби «Лафзи ширин» (муаллифон М.Лутфуллоев, Л.Иматова) ва «Стандарти инкишоф ва омӯзиши барвақтии кӯдак (аз таваллуд то 7(6) — солагӣ)» истифода менамояд. Омӯзгор нисбат ба кӯдакон ғамхор буда, кӯшиш менамояд, ки шогирдон барномаҳои таълимиро хеле хуб аз худ намоянд.
Кӯдакистон дорои шароити хуби замонавист. Машғулиятҳои варзишӣ, дар доираи вақти муайянгардида гузаронида мешавад. Ин машғулиятҳо барои боз ҳам инкишоф ёфтани зеҳни кӯдакон кумак мерасонад.
Дар шароити имрӯза яке аз масъалаҳои асосӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳояшон қайд менамоянд, ки ҳар шахс ҳадди ақал забони русӣ ва англисиро бояд донад, зеро дар ҷомеаи имрӯза бе донистани ин ду забон зиндагӣ кардан мушкил аст. Дар «Афсона» ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, бо кӯдакон дарсҳои забони русӣ ва англисӣ баргузор карда мешавад.
Фурӯзанда ҲУСЕЙНОВА,
донишҷӯи курси 2-и
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон