ТАРБИЯИ ПСИХОЛОГӢ МУҲИМ АСТ

Тарбияи психологии насли наврас дар замони муосир аз масоили муҳими мактабу маориф ба шумор рафта, равандест, ки ба сатҳу сифати таълим ва савияи донишазхудкунии хонанда таъсири бевосита ва ҳалкунанда дорад. Ҳамарӯза, қабл аз шуруи машғулиятҳои таълимӣ омӯзгори фаннӣ, роҳбари синф, равоншиноси муассиса якҷо бо муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ нахуст бояд аз вазъи руҳии хонанда огаҳӣ ҳосил карда, огоҳ шаванд, ки табъи вай чӣ гуна аст.
Шояд бо зуҳури ину он воқеа ё муносибату муоширати нохуб нисбат ба ӯ дар оила ошуфтаву парешон асту аслан ба дарсу суханони омӯзгор бетафовутию бепарвоӣ зоҳир мекунад? Баъзан, мутаассифона, омӯзгорони фаннӣ ва роҳбарони синф қоидаҳои илми педагогикаву психологияро риоя намекунанд ва аз шеваҳои зӯру фишор ва таъсиру муносибати таҳқиромез истифода менамоянд, ки ин амал иштибоҳи нобахшиданист. Аз таҷриба мегӯям, ки вазъияти руҳию равонии хонанда ба омилҳои иқтисодӣ ва то андозае ташаккулнаёфтаи байни аъзои оила вобастагии зиёд дорад.
Камбуди ғизо, либоси хубу зебо надоштан, фақру тангдастӣ, дар муҳоҷирати корӣ қарор доштани падар, ки саробони хонадон аст, аз меҳру навозиш дур мондани фарзанд, ҳароина, ба психологияи ӯ таъсири ногувор мерасонад. Аз ин рӯ, ба омӯзгори фаннӣ, роҳбари синф ва равоншиноси таълимгоҳ зарур аст, ки ҷанбаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва психологии вазъи руҳии хонандаро таҳлилу баррасӣ ва аз ғирболи андеша гузаронда, бо ӯ муносибатро тибқи талаботи дидактикию психологияи замони муосир ба роҳ монад. Маълум аст, ки чунин хонанда бо сабабу омилҳое, ки зикр намудем, ба дарс бе омодагӣ меояд. Дар ин сурат ӯро мавриди сарзанишу танбеҳ қарор надода, мисли иддае аз омӯзгорон дарҳол ба хонандаи мазкур баҳои ғайриқаноатбахш набояд гузошт. Дар байни хонандагони синф тазоди ин гуна хонандаро низ метавон мушоҳида кард.
Хонандагоне ҳастанд, ки шароити моддияшон бино бар соҳибвазифаву мақомдор будани волидонашон беҳтарин ба шумор меравад, ба дарсҳо низ бо омодагии комил ҳозир мешаванд, вале нописанду ҳавобаланданд. Мағрурию мутакаббирӣ аз хислатҳои нохушоянди инсонӣ буда, бузургону мутафаккирони гузаштаи тоҷик ин аъмолро шадидан зери тозиёнаи мазаммат гирифта, бас накуҳидаанд. Аз ин рӯ, муносибату робитаро бо аҳли хонадони ин гуна хонандагон бештару самарабахштар ба роҳ монда, ба он муваффақ шудан лозим аст, ки ин гуна шогирдон бо таъсири тарбияи чандҷониба ислоҳ ва ба роҳи дуруст ҳидоят карда шаванд. Албатта, тавре ки таъкид кардем, дар ин масъала фаъолияти якҷояи омӯзгори фаннӣ, роҳбари синф, равоншиноси муассисаи таълимӣ бо волидон муташаккилона бояд сурат гирад. Гурӯҳи дигаре дар байни хонандагони синф ба мушоҳида мерасанд, ки қобилияту фаҳм ва дарки хуби мавзуъҳои таълимиро доро мебошанд, аммо муғамбиру коҳил ва фиребгару дурӯғгӯянд. Ҳеҷ талошу кӯшиши ранҷу заҳмат кашидан, чанд соатеро барои иҷрои супоришҳои хонагӣ аз фанҳои таълимӣ ҷудо намудан ва ниҳоят, кор карданро ба худ раво намебинанд. Ба омӯзгорон, роҳбарони синф ва равоншинос зарур аст, ки решаҳои аслии ба чунин ҳол муросо кардани оилаҳоро мӯшикофона омӯхта, шогирдони танбалу фориғболро аз ин роҳи ғалат баргардонанд. Албатта, барои ин заҳмати фаровон, вақт ёфтаву ба хонаи онҳо рафтан, бо волидон суҳбат анҷом додан, роҳи ислоҳ ва раҳоӣ аз ин кирдору рафтори фарзандашонро нишон додан зарур мебошад.
Бояд зикр кард, ки фиребу дурӯғро низ аз амалҳои қабеҳу нохуб ва ба шаъни инсон нораво дониста, классикони адабиёти форсу тоҷик ба хулоса омадаанд, ки «дурӯғ одамиро кунад бевиқор, дурӯғ одамиро кунад шармсор». Аз ин хотир, омӯзиши ҷанбаҳои психологии зуҳури чунин хислату атвор дар байни хонандагон аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи равоншиноси таълимгоҳ ба шумор меравад. Хонандагоне низ дар мактаб вомехӯранд, ки (аксаран аз байни духтарон) саводу фаҳм, дарку зеҳни хуб доранд, супоришҳои хонагӣ ва синфиро зуд ва сари вақт иҷро мекунанд, вале ба сабаби хиҷолату шармгинӣ дар баёни матлаб ва посухи саволу супоришҳо хомӯширо ихтиёр мекунанд.
Яке аз роҳҳои муассири таҳкими психологии чунин хислату атвори шогирдон машварати вижаи инфиродӣ бо онҳо маҳсуб мешавад. Аксар хонандагоне, ки дорои ину он хислату кирдори нохушоянд мебошанд, дар ҳузури ҳамсинфон ба саволҳое, ки ҷанбаи руҳию равонӣ дорад, посух додан наметавонанд, ки ин амри табиист. Дар суҳбату машваратҳои ҷудогона, бо таъсири суханони пандомӯз, таъсирбахшу дилнишин аз ҷониби омӯзгори фаннӣ, раҳбари синф ва равоншиноси муассиса хоҳ — нохоҳ хонанда нохудогоҳ сабабу омилҳои ба чунин ҳол мувоҷеҳ гардидани худро баён мекунад.
Умуман, роҳу шеваҳои таҳқиқи психологии ҷанбаҳои тарбияи хонандагон хеле зиёданд. Танҳо ба омӯзгорону роҳбарони синф дар ҳамбастагӣ бо равоншиносу роҳбарияти таълимгоҳ зарур аст, ки бо истифода аз сарчашмаҳову адабиёти илмию назарӣ ва таҷрибаи ҳосилкардаи худ бо азму ирода ва саъю кӯшиши бардавом ба ҳалли мушкилоти руҳии шогирдон комёб гардида, ба ин васила ба беҳтар шудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишандӯзии хонандагон мусоидат намоянд.
Мастонгул АЗИЗОВА,
корманди Маркази ҷумҳуриявии
таълимию методии назди
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон