ФАРҲАНГИ МУТОЛИА

Мутолиаи осори бадеӣ дар масъалаи худшиносию эҳсоси волои ватандӯстии насли наврас нақши муҳим дорад. Интихоби огоҳонаи асарҳои шоиру нависандагон ҷиҳати омӯзиш ва мутолиа аз зинаи таҳсилоти ибтидоӣ судманд буда, бад-ин васила хонандагони синфҳои поин метавонанд бо беҳтарину мондагортарин китобҳои бадеии адибон шинос ва дар хусуси мазмуну ғояи тарбиявию ахлоқӣ ва ватанпарваронаи ин осор маълумот пайдо кунанд.
Дар масъалаи омӯзиш ва мутолиаи ҳадаф-мандонаи шогирдон омӯзгор (роҳбари синф) нақши калидӣ ва ҳалкунанда дорад. Асарҳои бадеӣ, ки ба хонандагони синфҳои поин баҳри мутолиа пешниҳод мегарданд, бояд вазнину мушкилфаҳм набошанд. Дар ин бобат робитаи роҳбари синф бо китобдори муассисаи таълимӣ ва падару модари хонандагон бояд пурсамар бошад. Таъсис додани «Гӯшаи китоб» низ дар синф ба мақсад мувофиқ буда, дар ин гӯша бояд рӯйхати асарҳое, ки барои хонандагон (синфҳои I-IV) пешниҳод ва тавсия мешаванд, сабт гардад. Дар синфҳои поин бештар ба шогирдон мутолиаи осори афсонавӣ (ривоятӣ), шеъру сурудҳое, ки ба мавзуи ватану ватандӯстӣ, иззату ҳурмати падару модар, калонсолон, саъю кӯшиш намудан дар таҳсилу донишандӯзӣ, ҳифзи ашёи мактабӣ ва хониш, муҳаббат ба манзараҳои зебову нодири табиат ва амсоли инҳо бахшида шудаанд, созгор буда, ин гуна осор барои дар руҳияи хештаншиносӣ ва ормонҳои волои миллӣ тарбия намудани хонандагон ҳиссаи босазо мегузорад.
Ба шогирдон дар баробари асарҳои шоирону нависандагони тоҷик пешниҳод намудани китобҳои баландғояву пурмазмуни адибони ҷаҳон ва собиқ Иттиҳоди Шуравӣ барои мутолиа манфиати бузург дошта, донишу фаҳм ва доираи ҷаҳонбинии онҳоро васеъ мегардонад. Ман бо ин мақсад беҳтарин асарҳои адибони олам, аз қабили Марк Твен, Ҷек Лондон, Ҷонатан Свифт, Даниел Дефо, бародарон Гримм, Ганс Кристиан Андерсен, Сервантес ва даҳҳои дигарро ба хонандагон ҷиҳати омӯзиш ва мутолиа тавсия медиҳам. Аз шоирону нависандагони ватанӣ осори баргузидаи устодон Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Пӯлод Толис, Ҳаким Карим, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Абдумалик Баҳорӣ, Болта Ортиқов, Убайд Раҷаб, Нуъмон Розиқ, Латофат Кенҷаева, Азизи Азиз, Ҷӯра Ҳошимӣ ва бисёр дигаронро барои мутолиа муҳим медонам. Бо волидони хонандагон вохӯрда, дарёфт ва хариди китобҳои мазкурро аз фурӯшгоҳу дуконҳои ҷумҳурӣ хоҳиш мекунам. Ҳамаи ин тадбирҳо имкон медиҳад, ки шогирдони китобдӯст тадриҷан бо мутолиаи бардавоми осори адибон дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои шоиста гарданд.

Фотима МИРЗОЕВА,
омӯзгор,
ноҳияи Варзоб