Таърихи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии ин кишвари кӯҳсори хуршедӣ хеле ҷолиб, пурҳаводис ва ибратбахшу омӯхтанист. Дар ин давра ҷумҳурӣ аз чанги ҷанги таҳмилии дохилӣ раҳоӣ ёфт, истиқлолашро устувор кард, иқтисодиёту иҷтимоиёташро рушд бахшид, ба муҳимтарин ҳадафҳои стратегияш дастрасӣ пайдо намуд, роҳи ояндаашро ҳамвору мунаввар сохт ва ба марҳалаи вусъати бунёдкорию созандагиҳо ворид гашт.
Дар ин ҳама комёбиҳои барҷастаи мамлакати соҳибистиқлол нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон барҷаставу меҳварист. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистонро дар як давраи начандон тӯлонӣ аз кишвари ҷангзадаву буҳронӣ ба давлати ободу пешрав табдил дод. Аз ин ҷост, ки ба Тоҷикистон тамоми кишварҳои ҷаҳон, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд ва вобаста ба ин, мақому эътибори давлати тоҷикон дар арсаи олам мунтазам боло меравад. Махсусан, вобаста ба ташаббусҳои башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи кишварамон дар саросари дунё сари забонҳо гашт. Сардори давлати тоҷикон ҳамеша бар он назаранд, ки дар вазъи мураккаби сиёсию иҷтимоии ҷаҳон ягона роҳи наҷот ва рушди бонизом ваҳдату дӯстии халқу кишварҳои тамоми сайёра мебошад, бояд тамоми мушкилоти башариро бо роҳи ҳамкорию ҳамбастагӣ, табодули фикру мулоҳизот ва қарордодҳои оқилонаву барои ҳамагон муфиду манфиатбахш бартараф кард. «Ҳамкорӣ гиреҳкушои мушкилиҳост», — таъкид мекунанд зимни аксар суханрониҳояшон Пешвои миллат. Гузаштагони хирадоинамон низ гуфтаанд:
Дар ҳама кор машварат бояд,
Кори бемашварат наку н-ояд.
Яке аз ташаббусу ибтикороти Сарвари кишвари тоҷикон дар паҳнои ҷаҳон ба мушкилоти норасоии оби тоза ва ҳифзу истифодаи сарфакоронаи ин неъмати бузургтарини ҳаёт иртибот дорад. Маҳз дар заминаи пешниҳодоту ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи мазкур бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид борҳо ҳамоишу конфронс ва симпозиумҳои байналмилалӣ баргузор карда шуданд, ки дар онҳо намояндагони аксар давлатҳои олам фаъолона ширкат варзиданд. Дар ин тадбирҳои муҳим батакрор таъкид гардид, ки мушкили норасоии оби тоза, воқеан, имрӯз ба таври ҷиддӣ ба миён омадааст ва батаҷрид бисёр манотиқи сайёраро фарогиранд. Ҳоло дар ҷаҳон тақрибан минтақае намонда, ки печидагӣ ба ин мушкил надошта бошад ва агар ҷидду ҷаҳди муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ набошад, вазъ мураккабу печидатар хоҳад шуд. Бо дарки амиқи ин ҳолати ташвишовар ва барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳлик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ конфронсҳои байналмилалии сатҳи баландро ташкил ва мизбонӣ менамояд. Ин нишастҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун «Раванди Душанбе оид ба масоили марбут ба об» эътироф кардааст. Ҳамакнун ба силсилаташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба об боз як ташаббуси оқилонаву дурандешона – ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои асосию бузурги оби тоза зам гардид. Ҳамагон огаҳем, ки вобаста ба пешниҳоду ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид соли гузашта дар бораи эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва таъйини Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо (21 март) қарор қабул кард.
Пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои асосии захираи об ва таъминкунандаи аҳолии сайёра бо ин неъмати табиӣ – сарчашмаи ҳаёт дорои аҳаммияти муҳим мебошанд. Аз ин рӯ, босуръат об шудани пиряҳо яке аз масоили хеле ташвишовари сатҳи ҷаҳонӣ буда, оқибатҳои мудҳишу фалокатбор дорад. Бино бар ин, ташаббусҳои асосманди Пешвои миллати мо роҷеъ ба ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаву сарфакоронаи об дар ҳама минтақаҳои олам, тадбирандешиҳо вобаста ба рафъи норасоии об аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ғамхории саривақтӣ пазируфта шуданд ва ҳамагонро ҳушдор доданд, ки бояд дар ин мавзуи мубрам аҳлона тадбирҷӯӣ карду амал намуд.
Маълум аст, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги оби тоза мебошад ва аз ин лиҳоз, дар ҷаҳон яке аз мавқеъҳои асосиро ишғол мекунад. Аз ҷумла, дар ин кишвари хушманзару пурфайз пиряхҳои калонҳаҷм фаровонанд, ки теъдодашон аз 1000 ҳам беш аст. Пиряхҳо аз муҳимтарин сарватҳои табиии ҷумҳурии мо ба шумор мераванд ва гидрогеологияи Тоҷикистонро ғанитар месозанд. Онҳо бояд ҳамеша зери назорати мутахассисони соҳа қарор дошта бошанд ва гармшавии глобалӣ тақозо дорад, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад. Аз иттилои олимони табиатшинос маълум мешавад, ки айни замон дар Тоҷикистон ҳамагӣ вазъи 21 пиряхи бузург зери назорати доимӣ қарор дода шудааст. Бо бовари комил метавон гуфт, ки эълони Соли байналмилалии пиряхҳо ба бештар гаштани таваҷҷуҳ ба омӯзиши ҳаматарафаи пиряҳо ва вусъат ёфтани доираи назорату мушоҳидаи онҳо мусоидат хоҳад кард. Лозим аст, ки ҳар як сокини мамлакат дар бораи пиряхҳо ва аҳаммияту моҳияти онҳо маълумоти саҳеҳ дошта бошад, ҳар як шаҳрванди баркамоли кишвар бояд дар татбиқи ҳадафҳои башардӯстона вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ҳиссагузорӣ кунад.
Дар ин самт, махсусан, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма, идораҳову ташкилотҳои дахлдор, созмонҳои хайрхоҳ ва амсоли инҳо бояд фаъол бошанд.
Ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат, ки дар қатори дигар омилҳо мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро вусъат мебахшанду обрӯафзои кишварамон мешаванд, боиси ифтихори ҳар як сокини мамлакатанд.
Матлуба НОСИРОВА,
устоди ДДТТ ба номи
Абуалӣ ибни Сино,
номзади илмҳои тиб