ДАР ОҒӮШИ КӮҲСОР (бо забони рақамҳо)

Дар қатори дигар дороиҳояш барои Тоҷикистони азизи мо об сарвати асосию гаронарзиш аст. Захираи бузурги оби тоза, асосан, дар пиряхҳо ҳифз мешавад. Пиряхи Федченко аз муҳташамтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ буда, дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир аст. Тибқи таҳлилҳои олимон ва коршиносони муҳити зист гармии иқлим, ки солҳои охир тадриҷан зиёд мешавад, ба пиряхҳо таъсири ҷиддӣ гузоштааст.
Ба иттилои баъзе аз коршиносон, дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҳаҷми умумии пиряхҳо тақрибан ба 17 ҳазор км2 баробар мебошад, ки бештар аз 60 фоизи онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгиранд.
Дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуд буда, масоҳати умумиаш ба 11146 км2 баробар аст ва ин нишондиҳанда 8 дарсади ҳудуди кишварро дар бар мегирад.
Пиряхҳо, асосан, дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари онҳо дар баландиҳои аз 3000-3500 то 3500-5300 м ҷойгиранд.
Захираи умумии пиряхҳои кишвар ба 845км3 баробар буда, пиряхҳои хурд бо масоҳати 1км2 танҳо 20 фоизи шумораи умумии пиряхҳои кишварро ташкил менамоянд, вале 85 фоизи ҳаҷми ях дар онҳо мутамаркуз гардидааст.
Аз рӯи тадқиқоти олимон, дар пиряхҳои кишварамон ба андозаи 456,9 километри мукааб об захира шуда, соле аз ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об мерезад. Пиряхҳои бузургтарин, аз ҷумла, пиряхи Федченко (651,7км2), пиряхи Грумм-Гржимайло (143км2), пиряхи Гармо (114,6 км2) ва даҳҳо пиряхи дигар, ки дар маҷмуъ зиёда аз 30 км2-ро фарогиранд, дар мавзеъҳои баландтарини Тоҷикистон — қуллаҳои Исмоили Сомонӣ (7495м) ва Абуалӣ ибни Сино (7134м) ҷойгир мебошанд.
Пиряхи Федченко яке аз калонтарин пиряхҳои дунё ба шумор рафта, дарозии он 77 км ва бараш аз 1700 то 3100 метрро ташкил медиҳад. Он аз қулла ва нишебии Инқилоб (дар нишебии шимолии қаторкӯҳҳои Язгулом) сарчашма гирифта, то ба дарозии қаторкӯҳҳои шарқии Академияи илмҳо идома меёбад. Ғафсии ях дар қисмати мобайнии пирях 1000 метр ва масоҳати умумии яхбандишуда ва барфтӯдаҳо 992 км2-ро ташкил медиҳад.
Нуқтаи болоии пирях дар баландии 6280 метр ва қисмати поёнии он дар масоҳати 2900 метр ҷойгир буда, баландии хати барфӣ аз 4650 метр иборат мебошад. Пиряхҳо сарватҳои табииянд. Ташаббуси сатҳи ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи пиряхҳо ба манфиати аҳли сайёра равона шудааст. Дар татбиқи ҳадафҳои башардӯстонаи ин ташаббус бояд ҳамагон ҳиссагузор бошем.

Комил ҚОДИРОВ,
сармуаллими кафедраи ҷомеашиносии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон