4-уми майи соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ҳошияи Форуми Шурои иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба илм, технология ва фановарӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар шаҳри Ню-Йорки ИМА бо муовини директори Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), хонум Дженевева Боутин мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонум Дженевева Боутин ҷиҳати ҳамкории пайваста ва судманд дар самти рушди соҳаи маориф ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб фаъолият дорад ва яке аз шарикони асосии соҳаи маориф ба шумор меравад.
Сипас, хонум Дженевева Боутин иброз дошт, ки ҳамкориҳои тарафайн имкон медиҳанд, то дар самти пешбурди фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ, махсусан, барои Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ҷиҳати анҷоми корҳои назаррас дар соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Дар ояндаи наздик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро, ки дар сатҳи баланд пеш рафта истодааст, дигаргуниҳои зиёд интизор аст.
Дар идома миёни ҳозирин суҳбати самимӣ оид ба пешбурди фаъолияти минбаъда сурат гирифта, пешниҳодҳо ҷиҳати дар сатҳи бештар пурсамар ба роҳ мондани ҳамкориҳо аз ҷониби тарафҳо ироа гардид.
