ДАВРИ МИНТАҚАВИИ ОЗМУН БАРГУЗОР ШУД

4-уми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон дар шаҳри Ҳисор даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид. Дар озмун 53 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Варзоб, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Роғун ва Файзобод иштирок намуданд.
Иштирокдорон аз рӯйи чор номинатсия:
— қироати ифоданоку таъсирбахши порчаҳо аз қисматҳои «Шоҳнома»;
— дарки маънии порчаҳои азёднамуда ва шарҳу тавзеҳи байтҳои алоҳида, луғатдонӣ;
— тасвири расми беҳтарин аз рӯйи корномаҳои қаҳрамонони «Шоҳнома»;
— намоиши саҳнача аз рӯйи достонҳои «Шоҳнома» донишу малакаи худро санҷиданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон